• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ҳам смартфон муҳим, ҳам сайри боғ

от user
в Модару кӯдак
0

Ба кӯдак хоҳиши худро зӯран бор накунед

Имрӯз замоне шуда, ки кўдакони хурдсол, ҳатто мактаббачаҳо вақти зиёди худро бо телефон ё компютер гузаронда, оҳиста –оҳиста аз олами зинда канда мешаванд. Тамоми маълумоти даркору нодаркорро онҳо тавассути чашм ё гӯш мегиранду дигар узвҳояшон бекор мемонад, рушд намекунанд. Худ ҳам мефаҳмед, ки ин бад аст, зеро ин ҳолат метавонад ба заъфи равонию ҷисмонии фарзандатон оварда расонад. Аз дасташ кашида гирифтани телефон, ё паси компютер дигар нишастан намондан илоҷи кор нест. Ин амал таъсири акс дошта метавонад, яъне ҷигарбандатон мумкин бо шумо қаҳрӣ шавад. Аммо дар хурдсолӣ ҳар кадоми онҳо кашшоф ҳастанду тамоми ҳодисаҳои олами атроф барояшон ҷолиб. Ҳама чизро донистан мехоҳанд. Пеш кудакон падару модарро саволборон мекарданд, ҳоло бошад ҷавоб аз смартфон меҷуянд.

Пас чӣ бояд кард барои ба олами воқеӣ баргардонданашон? Тадриҷан вақти машғулшавӣ бо телефону компютерро кам кунед. Бо маслиҳат, яъне ҳеҷ гоҳ ба фарзандатон аз боло ба поин нанигаред, чун ҳамсолаш муносибат кунед. Чизе пешниҳод намоед, ки барояш воқеан шавқовар бошад. Масалан, сайругашт дар боғ, рафтан берун аз шаҳр ё лаби соњил. Муҳимаш ҷое бошад орому сокит ва ҳатман зебо. Ва ҷои бозӣ ҳам дошта бошад. Аз кўдак хоҳиш намоед, ки чизҳои дидаашро ном гирифта, тасвир кунад. Кадомеро, ки надонист, фаҳмонед. Баъди хона омадан якҷоя ба хотир биёред чизҳои дидаро. Агар хоҳиш дошта бошад, нависад. Беҳтараш расмашонро кашад, масалан ҳайвонҳо, дарахтҳо, гулҳо ё абрҳои осмонро.

Ба кўдакатон гуш додан, яъне шунидану фарқ кардани ҳар гуна садою овозро омўзонед. Оромии боғ (агар дар наздикӣ ҷангал набошад) ба ин маънӣ машғулияти беҳтарин аст. Дар марғзор нишаста, садои парранда, ё хишир-хиширро якҷоя гўш кунед, он аз куҷо мебиёяд, садои чӣ бошад ва ғайра.

Ҳангоми дар лаби дарё нишастан ва тамошои тулуъ ё ғуруби офтоб ё парвози парандаҳо аз кўдакатон пурсед, ки ин лаҳзаҳо чӣ фикрҳо аз дилаш мегузаранд, оё ин манзараҳо ба шавқ меорандаш.

Пас аз бозгашт ба хона аз писарча ё духтарчаатон хоҳиш намоед,ки лаҳзаҳои аҷибро ба ёд орад. Баъдан маслиҳат диҳед, ки онҳоро дар хотираш нигоҳ дорад. Тарзи дуруст, муносибати эҳтиёткорона нисбат ба табиатро фаҳмонед. Хубтараш мисолҳо биёред.

Ба суолҳои беохираш аз қабили «барои чӣ напартофт, барои чӣ нашикаст, барои чӣ надаронд?» ягон мисол биёред. Масалан, «тасаввур кун, ки ба хонаи мо меҳмонҳо омаданду ҳама паси миз нишаста, зарфҳоро ба ҳар тараф парешон намуданд, боқимондаи ғизоҳоро рӯйи қолин партофтанд. Сипас онҳо дар миёна хона оташ афрўхта, мусиқиро баланд карданд ва ҳамаи гулҳои моро, ки бо эҳтиёт парвариш мекардем, канданд». Албатта, кўдак аз чунин рафтори меҳмонҳо, ки аз доираи адаб берун аст, дар тааҷҷуб мемонад. Фаҳмонед, ки бисёриҳо вақте ба сайри ҷангал, боғ ва табиат мераванд, айнан чунин корҳои нораворо анҷом медиҳанд. Ин мисоли овардаатон метавонад таконе дар тарбияи экологии кўдак шавад.

Таҳияи Мадинаи ДАВЛАТ

Мақолаи гузашта

Дар Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд

Мақолаи навбатӣ

Ғизои дуруст барои солимии пӯст

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ғизои дуруст барои солимии пӯст

Ғизои дуруст барои солимии пӯст

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ