
Себ дӯсти пӯсти рӯй?!
Барои зебо шудан занону духтарон бояд бештар меваю сабзавот хӯранд, зеро онҳо на танҳо меъдаро “пур” мекунанд, балки ба намуди зоҳирӣ низ таъсир мерасонанд. Масалан, вақте ҳар рӯз як себ мехӯред, он доғҳои сиёҳи зери чашмро меравонад. Оё медонед, ки зидди ожангу осебњои пўст кадоме аз онҳо бештар фоиданоканд? Не? Пас маълумоти зер барои шумост.
Ғизои дуруст барои пӯсти солим
Дар тўли ҳазорсолаҳо одамон шифоёбиро аз ғизои дуруст ва гиёҳҳо низ медонанд. Мисриёни қадим аз аввалинҳо шуда манфиати сабзавотро эътироф карда буданд. Сирпиёзро ҳатто рустании муқаддас медонистанд.
Ғизо барои саломатӣ ва зебоӣ манфиати дучанд дорад: меваю сабзавот назар ба баъзе иксирҳои косметикӣ самараноктаранд. Витамину микроэлементҳо пӯсти равшан, мӯйи рахшо ва нохунҳои мустаҳкамро таъмин мекунанд. Илова бар ин, онҳо барои муҳофизат равандҳои фитокимиёӣ дар ҳуҷайра аз радикалҳои озод, ки раванди пиршавиро метезонанд, хеле муфиданд.
Махзани бебаҳо барои пӯсти зебо
Ферментҳои папайя бофтаҳоро хушк намуда, дар мубориза бар зидди селлюлит кумак мекунанд. Шалғамча барои муолиљаи бемории рагҳо муфид буда, баргҳои ҷавони коҳу (салат) бо витамини А пӯст ва чашмро саломат медоранд. Қулфинай, ангур ва бодом пӯсти равшанро кафолат дода, афлесун ба он дурахш мебахшад. Дар навбати худ олу, помидор, гулкарам, нахӯд ва морчӯба ожангњоро ҳамвор месозанд. Каду, шалғам ва занбӯруғҳо имкон медиҳанд, ки мӯй ва нохун тезтар сабзад.
Шир, панир, мурғ, моҳӣ, гўшт ва зироатҳои лӯбиёгӣ чи? Онҳо манбаи ҷавонӣ ва зебоӣ эътироф шудаанд. Якҷо бо руҳ витамини С ва аминокислотаҳо манбаи истеҳсоли сафеда мебошанду флавоноидҳо пайвастагиҳои фаъоли биологӣ ба организм неру бахшида, онро аз радикалҳои озод муҳофизат мекунанд.
Себ, буттамева, сабзавоти хом ва пиёз флавоноид зиёд доранд, ки асосан дар қисмҳои берунии мева бевосита дар зери пӯст ҷойгиранд. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки сабзавот ва меваҳоро пӯст накунед. Агар шумо сабзавотро пухта хӯред, нисфи фоидаи онро аз даст медиҳед.
Витаминҳо барои пӯст, мӯй ва нохун
Витаминҳо пӯст, мӯй ва нохунро дар шакли олӣ нигоҳ медоранд. Витамини А витамини ҳақиқии зебоӣ аст. Он ҳуҷайраҳои навро намнок намуда, таъсири манфии нурҳои ултрабунафшро рафъ мекунад. Маҳсулоти ширӣ, сабзӣ, каду, помидор ва дигар сабзавот бояд дар таркиби ғизои шумо бошанд. Зеро витаминҳои гурӯҳи В обдор ва барқароршавии ҳуҷайраҳоро дар пӯст, мӯй ва нохунҳо беҳтар месозанд. Биотин, витамини В мӯъҷизаест барои мӯй ва нохунҳо, зеро дар ташаккули кератин нақши афзал дорад.
Кислотаи никотинӣ ё витамини B3 пӯстро зебо гардонида, ба мубодилаи бофтаҳои пайвасткунанда ва энергияи ҳуҷайра таъсири мусбат мерасонанд. Шахсоне ки шумораи ками онҳоро доранд, аксар вақт аз доғҳои қаҳваранг ва зиёд шудани ҳассосият азоб мекашанд.
Витамини С, ки онро кислотаи аскорбин низ меноманд, беҳтарин витамин барои пӯсти мустаҳкам аст: он пайвастагии бофтаҳоро қавӣ гардонда, коллагенро меафзояд, мубодилаи намиро беҳтар месозад.
Таҳияи Мадинаи ДАВЛАТ, “Даво”



