
Чанд сухан дар ҳошияи фаъолияти Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиён
Дар шароити муосир рушди соҳаи тандурустӣ на танҳо ба захираҳои дохилӣ, балки ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва татбиқи моделҳои муваффақи ҳамкории минтақавӣ вобастагии мустақим дорад. Дар ин замина, таъсиси Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳамчун намунаи муассири ҳамкории ду давлат дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.
МЕВАИ ШИРИНИ НАХЛИ ТАШАББУСИ САРВАРОНИ ДУ ДАВЛАТ
Хушбахтона, бо ташабуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ҳамсоядории ду кишвари ба ҳам дӯст тақвият меёбанд. Дар ин замина ҷонибҳо тасмим гирифта буданд, ки барои ҳамдигар иншоотҳои иҷтимоӣ хоҳанд сохт.
Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон чанд иншоот барои соҳаи маориф бунёд кард, Ӯзбекистон низ дар кишвари мо якчанд иншоот, аз ҷумла “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”- ро сохта, ба истифода дод. Ин муассисаи муосири тиббӣ бо иштироки сарварони ҳарду давлат моҳи июни соли 2021 дар доираи сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло Маҷмааи мазкур муҷаҳҳаз бо таҳҷизоти ташхисию табобатии пешрафта буда, яке аз муассисаи бисёрсоҳавии вилоят маҳсуб меёбад.
ҲОҶАТИ БА БОХТАР Ё ДУШАНБЕ РАФТАН НАМОНД
Ба гуфтаи сардухтури “Маҷмааи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар ноҳияи Қубодиён Муҳаммадҷон Билолов, айни ҳол дар муассиса 18 шуъба, аз ҷумла ташхис, ҷарроҳӣ, эндовидеоҷарроҳӣ ва рагҳои хун, гӯшу гӯлу ва бинӣ, бемориҳои асаб, таваллуд, бемориҳои занона, осебшиносӣ ва раддодӣ, бемориҳои дарунӣ, ишемии дил, соматикии кӯдакона, урологӣ, сирояти кӯдакон, сирояти калонсолон, шуъбаи қабул ва машварат, озмоишгоҳ, ёрии таъҷилии тиббӣ, физотерапевтӣ, ҳуҷраи ёрирасон, ҳуҷраи захираҳои хун ва ҷузъҳои он, ҳуҷраи компютери томографӣ ва ду бахш — амалиётхона ва хоҷагидорӣ фаъолият доранд. Дар умум, дар ҳамаи шуъбаю бахшҳои муассиса 250 кат мавриди истифода мебошад.
Сардухтур дар идомаи сухани хеш иброз дошт, ки муассиса дорои 431 басти корӣ мебошад, ки аз ин 18 нафар дар маъмурият, 85 н. табиб, 226 н. корманди миёнаи тиббӣ, 128 н. корманди хурди тиббӣ ва 26 нафар дар бахши хоҷагидорӣ фаъолият мебаранд. Бояд тазаккур дод, ки маҷмаа бе сабаб дар ноҳияи Қубодиён сохта нашудааст. Ҳадаф аз ин интихоб баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар минтақа, аз ҷумла се ноҳияи дурдаст
— Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав мебошад. Қаблан бемороне, ки ташхису табобаташон дар беморхонаҳои ноҳиявӣ мушкил буду онҳоро ба маркази вилоятӣ шаҳри Бохтар ё шаҳри Душанбе интиқол медоданд, акнун метавонанд, дар ҳамин муассиса аз ташхис гузашта, табобат гиранд.
БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН…
Муҳаммадҷон Билолов, сардухтури муассиса меафзояд, ки дар Маҷмаа алъон 4 адад УЗИ-и муосир, рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои диалезӣ, томографияи компютерӣ, маммография, гастроскопия ва дигар таҳҷизоти муосири ташхису табобат дар хизмати ниёзмандон қарор доранд.
Ба суоли он ки оё Маҷмаа бо кадрҳои зарурӣ таъмин аст, сардухтур изҳор дошт, ки аз ҷамъи табибони муассиса як нафар номзади илмҳои тиб, 20 нафар табиби дараҷаи олӣ, 30 нафар дараҷаи якум ва 15 нафар дараҷаи дуюм мебошанд. Боқӣ, табибони ҷавонанд, ки дар паҳлуи табибони варзида кор мекунанд, ки ин барояшон мактаби хуби камолоти касбист. Ҳамчунин, онҳо дар курсҳои такмили ихтисос фаъолона ширкат меварзанд.
Ба қавли роҳбари муассиса эътимоду боварии мардум ба муассиса торафт тақвият меёбад. Мардуми на танҳо ин се ноҳия, балки дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба кормандони муассиса барои ташхису табобат муроҷиат мекунанд. Дар 11 моҳи соли равон дар маҷмаа 13475 бемор бистарӣ карда шудааст, ки ин дар ҳолест, ки дар 11 моҳи соли 2024 ин рақам 9161 нафарро ташкил медод. Ин худ гувоҳи он аст, ки мардум аз донишу касбияти баланди кормандони мо дилпуранду аз сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ қаноатманд, — мегӯяд сардухтур М. Билолов.
САМАРИ УСУЛҲОИ ҶАДИДИ ТАШХИСУ ТАБОБАТ
Имрӯз табобати босамар аз истифодаи ҳарчӣ бештари усулҳои нави ташхису муолиҷа вобастагӣ дорад, ки мо низ онро дар муассиса ҷорӣ кардан мехоҳем. Аз ҷумла, чанде пеш усули эндолигатсиявиро ба роҳ мондем. Яъне дар бемороне, ба монанди гирифторони сироз ва фишорбаландӣ, агар хунравӣ шавад, бо ин усул мо онро бозмедорем. Ҳамчунин, истифодаи лапараскопия, яъне бидуни буриши калон гирифтани омоси бачадон, носури гурда, кушодану ҷобаҷокунии баромади кӯҳнашудаи бозу, шикасти қулфак, ленопластика, эндоскопияи буғуми рон муолиҷаи беморонро хеле осон кард.
Дар оянда низ нияти корбасти чунин усулҳо идома хоҳанд кард. Бо ин мақсад мо табибонро барои омӯзиши таҷҳизоти муосир ба муассисаҳои бонуфузи шаҳри Душанбе ва хориҷ аз кишвар дар доираи барномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сафарбар мекунем.
ҲАМКОРӢ БО ҲАМСАФОН
Муҳаммадҷон Билолов ҳамчунин афзуд, ки бо муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои минтақа ва вилоят низ ҳамкориҳои зич ба роҳ монда шудаанд.
— Ҳолатҳое мешавад, ки мо аз маслиҳату машварати табибони ин муассисаҳо ва мутахассисони пуртаҷрибаи муассисаҳои вилоятӣ истифода мебарем. Яъне, ба хотири табобати беморон тамоми тадбирҳо андешида мешаванд,- бо камоли масъулият мегӯяд сардухтур. “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» дар ноҳияи Қубодиён намунаи муваффақи ҳамгироии сиёсати иҷтимоӣ, тибби муосир ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Фаъолияти пурсамари он нишон медиҳад, ки тавассути ҳамкории созанда метавон инфрасохтори тиббиро низ таҳким бахшида, ба беҳдошти воқеии саломатии аҳолӣ ноил гардид.
Сайраҳмон НАЗРИЕВ,
махсус барои “Даво”



