• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Нозимҷон Мирзоев: солимии дандонҳо асоси саломатист

от user
в Бемориҳои дандон
0

Доштани дандонҳои зебою солим орзуи ҳар шахс бошад ҳам, вале мутаассифона, на ҳар кас ба солимии дандонҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Суҳбати хабарнигори маҷаллаи «Даво» бо табиби дандони клиникаи стоматологии «БИОдент» Нозимҷон Мирзоев дар бораи нигоҳубини дандон ва пешгирӣ аз бемориҳои стоматологӣ сурат гирифт.

— Дарди дандон шадидтарин дардест, ки бо ин сабаб ё бо пайдо шудани мушкилӣ дар ковокии даҳон ба назди табиби дандон меравем…

— Бале, дар таҷриба шоҳидам, онҳое, ки махсус хостори зебоӣ ва солимии дандон бошанд, хеле ангуштшуморанд. Аксарият танҳо пас аз шиддат ёфтани дарди чандрӯзаи дандон ба табиб муроҷиат менамоянд. Гоҳе тавсия ё иштибоҳи табиби дандон дар ҷараёни муолиҷаи он, пешгирӣ накардан аз оқибати оризаҳо ва дигар бемориҳои стоматологӣ, инчунин таҳаммулпазирӣ ба дарди дандон боиси мушкилоти ҷиддӣ мегардад.

— Пўсиши дандон паҳншудатарин бемории дандон аст. Хатари он чӣ гуна аст?

— Пӯсиши дандон ё ба истилоҳ «кариес» метавонад сабаби то ба ҷарроҳӣ намудани ҷоғу дандон расад, яъне сарчашмаи пайдоиши ҳама гуна маризиҳои стоматологӣ пӯсиши дандон мебошад. Аслан, пӯсиши дандон аз бактерияи стрептококк ба вуҷуд меояд. Стрептококкҳо бактерияҳои асосии даҳон мебошанд, ки аз боқимондаҳои хӯрок ва шириниҳо пайдо шуда, сирри дандонро вайрон намуда, дандонҳоро мепӯсонанд. Баъдан, табобат накардани пӯсиши дандон ба бемории пародонт, ба яке аз намудҳои дигари бемориҳои ковокии даҳон мусоидат менамояд. Барои пешгирӣ ва муҳофизати дандонҳо аз пӯсидан бояд ба он нигоҳубини дуруст кард, ба тозагии даҳону дандон риоя намуд ва аз меъёр зиёд ширинӣ, ба хусус нӯшобаҳои газнок истеъмол набояд кард. Дандонҳоро баъди истеъмоли хӯрок муддати на кам аз 5 дақиқа бо чӯткаи дандоншӯӣ шуста, бо риштаи махсуси дандонтозакунӣ ё дандонкобакҳои пластикӣ боқимондаҳои таомро тоза кардан зарур аст. Бояд қайд кард, ки бо дандонкобакҳои чӯбӣ тоза кардани дандонҳо чандон мувофиқ нест, зеро дар таҷриба шоҳидам, ки пораи хурди чӯби дандонкобӣ байни дандонҳо монда, боиси ҷамъ шудани бактерияҳо ва пӯсиши дандон шуда, оқибат зарурати ҷарроҳӣ намудани дандон пеш омад.

— Пўсиши дандон ё кариесро байни мардум «дандон кирм кардааст» мегўянд. Воқеан, ин гуфта дуруст аст, оё дандон «кирм» мекунад?

— Не, албатта. Ин гуфтаҳо афсонае беш нест. Истилоҳи «кирми дандон» аз табибони халқии замони қадим то ба имрӯз расидааст. Табибони халқӣ ба воситаи сӯзани тасфон тори асаби беморро аз решаи дандон берун карда, ба мариз нишон медоданд, ки «кирми дандон» гирифта шуд. Воқеан, ин тори асаб ба кирми сафед шабоҳат дорад.

Илми тиб, бахусус соҳаи стоматология дар бист соли охир то ҳадде рушд намудааст, ки ҳатто ҳангоми табобати дандони бемор кас дардро эҳсос намекунад. Молу маводи дар стоматология истифодашаванда низ сифаташ ва намудаш беҳтару бештар мешаванд.

— Шумо пўсиши дандонро омили пайдоиши дигар бемориҳои стоматологӣ гуфтед… Дигар бемориҳои стоматологӣ кадомҳоянд ва чӣ хатар ба солимии инсон доранд?

— Бемориҳои стоматологӣ хеле зиёданд ва чунонки дар боло қайд ҳам шуд, омили пайдоиши дигар бемориҳои ҷоғу даҳон маҳз ҳамин пӯсиши дандон мебошад. Ҳамчунин, бемориҳои ғайрипӯсиши дандон низ мавҷуданд, ки омили пайдоишашон истеъмоли оби аз фтор бой, истифодаи бемавриди антибиотикҳо ҳангоми ҳомиладорӣ дар занҳо (тетрациклиновие зубы) ва ирсият мебошанд. Бояд гуфт, ки тамоми намудҳои бемориҳои стоматологӣ табобатшавандаанд, ба ҷуз бемориҳои стоматологие, ки ба маризии саратон алоқаманд аст.

Якчанд бемориҳои стоматологиро метавон ном бурд, вале аксари онҳо решааш аз пӯсиши дандон, яъне кариес сар мешавад, ки сир ва решаҳои дандонро вайрон карда, намуди дандонҳоро комилан дигар менамояд. Пулпит илтиҳоби тори асаби дандонҳо мебошад. Бо осеб дидани бофтаҳои нарми дандон пулпит ба вуҷуд меояд. Эҳсосот ба ғизо ва нӯшокиҳои гарму хунук пайдо мешавад. Гингивит ва пародонтит ин ҳам илтиҳоби луобпардаи дандон аст, ки аломатҳои аввалини ин беморӣ хунравии милкҳо мебошад.

Пародонтоз низ шакли мураккабтари пародонтит аст ва агар шахс пародонтити музмин дошта бошад, байни дандонҳо кушод мешавад. Стоматит (илтиҳоби милк) ин бемории стоматологии хеле маъмул аст, ки боиси илтиҳоби луобпардаи даҳон шуда, метавонад ба пайдоиши захмҳо ва сӯзиши тоқатфарсо дар даҳон мусоидат кунад. Илтиҳоби милк одатан дар натиҷаи сироят аз микробу бактерияҳо, ки аз истеъмоли меваю кабудиҳои ношуста ва дигар ғизоҳо ба вуҷуд меояд, пайдо шавад. Дарди илтиҳоби милкҳо аз хӯрдани таомҳо, лӯбиёгиҳо, умуман ғизоҳои аллергикӣ низ хурӯҷ менамояд.

— Агарчи мардум тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳо аз навгониҳои илм, аз ҷумла стоматология бохабар бошанд ҳам, вале ҳамеша ниёз ба тавсияи табиб ё мутахассиси соҳа доранд. Шумо ҳамчун мутахассис чӣ маслиҳатҳо медиҳед?

— Нигоҳубини доимӣ ва муроҷиати мунтазам ба духтури дандон барои солимии дандонҳо муҳим аст. Ҳар беморие, ки инсон аз сар мегузаронад, метавонад ба ҳолати музмин табдил ёбад ва табобати онро хеле душвор гардонад. Рисолати мо, табибони дандон ин аст, ки тариқи суҳбатҳои радиоию телевизионӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба мардум дар бораи бемориҳои маъмули стоматологӣ маълумоти дақиқ пешниҳод намоем. Дар бораи гигиенаи дурусти даҳону дандонҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои стоматологиро фаҳмонем. Дар мавриди истифодаи ғизои солим ва хӯрокҳое, ки ба дандонҳо зарароваранд, суҳбатҳо ороем.

Барои пешгирӣ аз бемориҳои даҳону дандон ҳадди ақал соле 2-3 маротиба ба духтури дандон муроҷиат кардан зарур аст, зеро оқибатҳои бемориҳои стоматологиро нодида гирифтан мумкин нест. Онҳо ба саломатии инсон зарари калон расонда метавонанд. Аксаран, ин бемориҳо дар марҳилаи аввал ба осонӣ табобат мешаванд ё ҳатто комилан пешгирӣ карда мешаванд.

Нигоҳубини доимӣ ва гигиенаи хуби даҳону дандон, истеъмоли хӯроки дуруст ва даст кашидан аз одатҳои бад, ба мисли носу тамокукашӣ, истеъмоли машрубот, муоинаи мунтазам дар дармонгоҳҳои дандон яке аз роҳҳои аз ҳама самараноки пешгирии бемориҳои стоматологӣ мебошад. Ба онҳое, ки мухлиси носу тамоку ҳастанд ва даст кашидан аз ин одат барояшон мушкил аст, тавсия медиҳам, ки барои пок кардани ковокии даҳон сари ҳар чанд вақт ба духтури дандон ҳатман муроҷиат намоянд.

Дар баробари риояи қоидаҳои гигиенӣ аз табиби муоинакунанда тозагии асбобҳои истифодашавандаро ҳатман талаб намояд, зеро аксари бемориҳои хатарнок маҳз тариқи истифода аз хизмати тиббии духтури дандон рух медиҳад.

Паймонаи ҶОВИДОН,

махсус барои “ДАВО”

Мақолаи гузашта

Ҳамкориҳо дӯстиро қавӣ намуданд

Мақолаи навбатӣ

Масъалаи пешгирии бемории гулузиндонак баррасӣ шуд

user

user

Мақолаи навбатӣ
Масъалаи пешгирии бемории гулузиндонак баррасӣ шуд

Масъалаи пешгирии бемории гулузиндонак баррасӣ шуд

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Тибби оилавӣ: низом ва мактаби фарҳанги тиббӣ

Тибби оилавӣ: низом ва мактаби фарҳанги тиббӣ

24.06.2026

“ЭМАЛ”-и доктор Фирўз Солиҳов

23.06.2026
Дарунравии кӯдак ва роҳҳои пешгирии он

Дарунравии кӯдак ва роҳҳои пешгирии он

22.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ