• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Хунсупорӣ ҷонеро харидан аст

от user
в Бемориҳои дилу рагҳо
0

Дар Тоҷикистон соли гузашта теъдоди донорҳо ба беш аз 55 ҳазор ва хуну плазмасупорӣ қариб ба 90 ҳазор расид. Натиҷаҳо рекордианд, зеро ҳамагӣ даҳ сол қабл ин рақамҳо мутаносибан 30 ҳазор ва 39500 буданд. Кадом омилҳо сабаби чунин “ҷаҳиши миқдории” шигифтангези хунсупории аҳли кишвар шуданд? Суоли мазкур ҳусни матлаъи суҳбати “Даво” бо директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун», номзади илми тиб Дилшод ДАВЛАТЗОДА гардид.

СЕ ОМИЛИ НАТИҶАҲОИ РЕКОРДӢ

— Яке аз муҳимтарин рукнҳои фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва бахшҳои вилоятии он тақвияти пайвастаи ҳаракати донорӣ миёни мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад мутахассисони марказ аз тамоми васоити имконпазир ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, хусусан, ҷавонон оид ба аҳамият ва зарурати хунсупорӣ, ҷалби онҳо ба сафи донорҳо бо кордонӣ истифода мебаранд. Ин аст, ки рақамҳои зикршуда далели онанд, ки талошу кӯшишҳои мо натиҷаи матлуб медиҳанд. Аввал, боз як мисол меорам, баъд ба шарҳашон мегузарам.

Дар ҷумҳурӣ ҳамасола дар иртибот ба Рӯзи умумиҷаҳонии хун (14 июн) марафони хунсупории ихтиёрӣ ва беподош сурат мегирад. Имсол он аз 5 май то 14 июн давом кард. Дар ҷараёни ин чорабинӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна то 300 нафар иштирок доштанд. Ин ба сари худ боз як рекорд — миқёси ҷалбкунист, ки дар натиҷаи он дар муддати кӯтоҳ миқдори зиёди хун ҷиҳати афзунсозии захира барои ҳолатҳои фавқулодда ҷамъ мешавад.

Рақамҳои баланд се омили муҳими пайдоиш доранд:

Аввалан, дар даҳ соли охири Истиқлолияти давлатӣ тавассути дастгирии пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурус-тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марказ ва филиалҳои он дар вилоятҳо пурра аз таъмири асосӣ тавассути татбиқи пояи моддию техникии хадамоти хун такмилу тақвият дода шуд. Яъне, шароити фаъолияти кормандон куллан беҳ ва ҷараёни хунсупорию хунгирӣ комилан бехавф гардид. Дар озмоишгоҳҳои гемостаз ва таҳлили иммуноферментии марказ навтарин дастгоҳҳои таҳлил мавриди истифода қарор гирифтанд.

Сониян, бинобар тарғиботи густурда шумори ҳарчи бештари мардуми диёрамон ҳадафи волои донорӣ — супурдани хун барои харидани ҷони бемори вазнин ё дар садама сахт осебёфтаро ҳарчӣ бештару беҳтар дарк карда, бо амри имону виҷдон ба ин кори хайр ҳамроҳ мешаванд.

Баъдан, қисми фаъоли ҷомеа бинобар болоравии маърифати тиббӣ хуб медонанд, ки соле як — ду бор хун супоридан натанҳо зарар надорад, балки ба саломатияшон фоидабахш низ ҳаст. Яъне ҳам бемореро хунашон аз вартаи марг халос мекунад, ҳам саломатии худашон беҳтар мешавад.

— Аз кадом ҷиҳат?

— Хунсупорӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои системаи иммунӣ, дилу рагҳо, бодигардӣ (аллергикӣ), саратон, қавишавии системаи гемопоэз ва масуният, коҳиши сатҳи холестерин муфид буда, инчунин баъди хун супурдан дар буняи одам ҳуҷайраҳои нав ба вуҷуд меоянду донор худро ҷавону бардам ҳис менамояд.

КӢ МЕТАВОНАД ДОНОР ШАВАД?

— Оё ҳар хоҳишманд метавонад донор шавад ё шумо талаботи махсус доред? Синнусол ба эътибор гирифта мешавад?

— Талаботи асосии мо саломат будани хунсупор аст. Ҳар касе, ки тарзи ҳаёти солим дошта, вазнаш аз 50-60 кг зиёд аст, пас аз гузаштани муоинаи ройгони тиббӣ дар муасиса метавонад донор шавад. Ҳамзамон бояд гуфт, ки як қатор маҳдудият низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, нафароне, ки камхунӣ, гемоглобини ниҳоят кам, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ҳепатити В, С ва вируси нора-соии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ), токсоплазмоз, чашми хира, оташак ва ё ягон бемории дигари сироятии хатарнок дошта бошанд, донори хун шуда наметавонанд. Дар феҳристи миллӣ аксарияти кулли донорҳо 18 — 65 сола мебошанд.

— Фаҳмо. Фарз кардем, мани солим аз муоинаи ройгони тиббӣ бидуни эроде гузаштаму ба хунсупорӣ тайёрам. Чӣ миқдор ва соле чандмаротиба метавонам супурдан?

— Меъёри маъмулӣ 450 мл мебошад. Чанд маротиба, ин аз организматон вобаста аст. Кулли донорҳои мо соле аз 2 то 4-5 бор хун месупоранд.

ДАР МО ХУНИ ГУРӮҲИ ДУЮМ БЕШТАР АСТ

— Ҳанўз аз давраи мактабхонӣ медонем, ки хуни одам ба чор гурўҳи асосӣ тақсим мешавад. Чанде пеш аз интернет фаҳмидам, ки дар ҷаҳон гурўҳи якум паҳншудатарин буда, соли гузашта хуни 41 дарсади сокинони Замин ҳамин гурўҳ ва 35 дарсади онҳоро гурўҳи дуюм ташкил додааст. Оё маълумоте ҳаст, ки дар мамлакати мо ин гурўҳҳо чӣ гуна тақсим шудаанд?

— Албатта ҳаст. Мувофиқи маълумоти расмии соли 2025 дар Тоҷикистони мо мансубияти гуруҳии аҳолӣ чунин ранг гирифт: 34% гурӯҳи дуюм, 32% гурӯҳи якум, 25% гурӯҳи сеюм ва 9% гурӯҳи чорум.

Тавре мебинем, дар мо гурӯҳи дуюми хун бартарӣ дорад. Тибқи таҷриба гурӯҳи аз ҳама сердархост якуми мусбат ба ҳисоб меравад. Чунки он бо гурӯҳҳои дигар хубтар мувофиқат мекунад ва аз ин рӯ, дар хунгузаронӣ бештар истифода мешавад. Ниёз ба якуми манфӣ низ бисёр аст, зеро универсалияш мешуморанду ба гурӯҳҳои мухталифи хун мос меояд. Лекин агар плазма зарур шавад, муфидтар хуни гурӯҳи чорум мебошад, чунки плазмаи он ба ҳама гурӯҳи хун созгор аст.

Бо вуҷуди ин, бояд таъкид кард, ки талабот ба ҳама гурӯҳи хун ҳаст. Бешубҳа, гурӯҳи аз ҳама паҳншуда имкони наҷоти аксари беморонро фароҳам меорад. Лекин он на ҳама вақт ба гурӯҳҳои нодири хун, масалан, чоруми манфӣ рост меояд.

Гузашта аз ин, резуси хуни донорӣ бояд ҳатман ба резуси бемор мувофиқат кунад. Бинобар ҳамин, захираи кофии хуни гуногун дар марказ ва сохторҳои он шарти ҳатмии хунгузаронии муваффақона мебошад.

3 РӮЗ ПЕШ АСПИРИНРО ФАРОМӮШ КУНЕД

— Пеш аз хунсупорӣ чӣ шартҳоро бояд баҷо овард?

— Якчанд шарт ҳаст, ки иҷрояшон душворӣ надорад.

Барои таҳлили хун саҳар соатҳои 8-11 омадан беҳтар аст. Хунро аксар вақт бидуни наҳорӣ кардан месупоранд. Ё наҳории сабук бидуни ғизои равғанӣ, бирён ва ширинӣ мумкин. Аз чой, қаҳва, шарбату обҳои газдор худдорӣ бояд кард.

Танҳо оби тозаи бегаз метавонед нӯшед. 24-48 соат пеш аз таҳлил машрубот манъ аст, 12 соат пеш аз он сигоркашӣ. Чӣ доруҳо истеъмол мекунед, ҳатман ба корманди озмоишгоҳ гӯед.

Барои хунсупорӣ ду рӯз қабл ғизои равғанӣ, бирён, тунд, инчунин банан, чормағз, маҳсулоти ширӣ, тухму лаблабу ва равғани зард нахӯред. 72 соат қабл истифодаи аспирин ва дигар аналгетикҳо, 48 соат пеш машрубот, як соат пеш сигор мумкин нест.

— Яке аз омилҳои асосии наҷоти бемор сари вақт расондани хуни донорист. Шумо чӣ тавр огаҳ мешавед, ки кай, дар куҷо, ба чӣ гуна бемор кадом гурўҳи хун ҳамин ҳоло зарур шуду чӣ тавр бидуни таъхир дастрас месозед?

— Марказ дар низоми тандурустии кишвар аз муассисаҳои пешгом дар татбиқи технологияҳои инноватсионӣ эътироф шудааст. Аз соли 2011 инҷониб зина ба зина ҳама сохтори хадамоти хун пурра ба системаи идоракунии рақамӣ (СИР) гузашт.

Яъне байни Марказ ва филиалҳояш иртиботи рақамӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамин рӯз, масалан дар Душанбе, Кӯлоб ё Хоруғ чанд донор хун супурд, хунаш кадом гурӯҳ аст, маълумоти пурра дар бораи донор барои Марказ ва байни филиалҳо маълум аст. Инчунин, миқдори захираи хуни гурӯҳҳо ва ниёзу дархости муассисаҳои табобатӣ низ. Ин низом ва таҳияи феҳристи миллӣ дар кӯтоҳтарин вақт пайдо намудани донорҳои заруриро осон мекунад.

ДОНОРИ ИФТИХОРӢ ЧӢ ИМТИЁЗ ДОРАД?

— Мутмаинам, ки аксарият ҳамчун амали савобу хайр хун месупоранд, чунки бемори вазнинеро наҷот додан ба Парвардигор низ хушоянд аст. Бо вуҷуди ин, дар ҷумҳурӣ донорҳоро бо роҳҳои гуногун қадр мекунанд. Аз ҷумла бо унвони Донори ифтихории Тоҷикистон.

— Дуруст қайд кардед. Тибқи қонуни мавҷуда фаъолтарин донорҳо, ки солиёни зиёд муттасил хун месупоранд, бо ин унвон сарфароз гардонда мешаванд. Мардҳо барои 20 литр хун супурдан, занҳо 15 литр. Ҳамчунин, ба нафақаашон 10 дарсад маблағ зам мекунанд, барояшон нақлиёти ҷамъиятӣ ва ташхиси тиббӣ ройгон, дору 50 дарсад арзонтар буда, ҳуқуқ ба табобати ҳарсолаи санаторӣ доранд. Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 нафар ба ин унвон мушарраф гаштаанд.

— Ташаккур барои суҳбати ҷолибу муфид. Шумо ва кулли кормандони Марказ ва филиалҳои онро бо Иди табибон шодбош мегўем ва ба кору пайкоратон комёбиву муваффақият мехоҳем.

Мусоҳибон Хуршеди Ҷовид,

Паймонаи ҶОВИДОН,

“Даво”

Мақолаи гузашта

Иқлим ва фишори хун

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Хунсупорӣ ҷонеро харидан аст

Хунсупорӣ ҷонеро харидан аст

02.09.2026
Иқлим ва фишори хун

Иқлим ва фишори хун

01.09.2026
Ҷамшед Ҳамидов: Рушди «Сифатфарма» аз СИР аст (қисми 2)

Ҷамшед Ҳамидов: Рушди «Сифатфарма» аз СИР аст (қисми 2)

31.08.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ