
Тибқи хулосаи паршезшиносон баъзе маҳсулоти ғизоӣ ба якдигар барои азхудкунии моддаҳои зарурӣ мусоидат мекунанд. Масалан, истеъмоли якҷояи сабзӣ ва чормағз аз чанд ҷиҳат фоидабахш аст. Сабзӣ аз каротин бой буда, ба пўст, мўи сар ва нохунҳо таъсири мусбат мерасонад. Витамини Е дар таркиби чормағз зиёд буда, азхудкунии каротинро беҳтар мегардонад.
Агар картошкаро бо занбурўғ (хоч) якҷоя истеъмол намоед, манфиаташ бештар мерасад. Дар таркиби занбурўғ сафеда бисёр аст, ки дар якҷоягӣ бо карбогидратҳо ба организм неруи иловагӣ медиҳад. Картошка ҳамроҳи занбурўғ ба организм зуд эҳсоси серӣ мебахшад.
Дар шўрбои гўшти мурғдор сабзиро бисёртар андозед. Ин «шарикӣ» боиси тақвияти масуният мешавад. Дар сабзӣ, ки кони витамини А мебошад, он бо вирусҳо ва микроорганизмҳои зараррасон самаранок мубориза мебарад. Дар таркиби гўшти мурғ руҳ (элементи синк) бисёр аст, ки боиси беҳтар азхудкунии витамин А мешавад.
Якҷоя истеъмол намудани ҷигари гов ва қаланфури ширин низ фоидаи зиёд дорад. Ҷигари гов манбаи бойи оҳан аст, аммо барои беҳтар аз худ кардани он витаминҳои А ва С лозиманд. Дар таркиби қаламфури булғорӣ бошад, ин витаминҳо зиёданд. Аз ин рў, якҷоя пухтани ҷигари гов бо қаламфури ширин манфиати зиёд медиҳад.
Яке аз манфиатноктарин наҳориҳо истеъмоли тухм бо гулкарам аст. Тухмбирён бо гулкарам воситаи хуби мустаҳкамгардонии устухонҳост. Гулкарам аз калтсий ва зардии тухм аз витамини Д бой аст. Витамини Д барои ба устухон ворид шудани калтсий кумак мерасонад.
Тањияи С. НАҶМИДДИНЗОД



