• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

«Даво»-тарғибгари маърифати тиббӣ

от user
в Хабарҳо
0


Понздаҳ сол дар мизони таърих шояд фосилаи кӯтоҳ намояд, аммо барои як нашрияи касбӣ ба мисли маҷаллаи тиббӣ-оммавии «Даво», ки мақсаду маромаш баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, таблиғи пешгирии бемориҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим, инъикоси масоили умдаи тиб, дастовардҳои табибону олимони соҳа мебошад, давраи ташаккул ё чуноне мегӯянд, “қомат рост карданаш” гардид.

Саломатӣ арзишест, ки бе он ҳеҷ пешрафт, ҳеҷ ормон ва ҳеҷ саодат маънои комил пайдо намекунад. «Даво» бо сухани санҷида, тафаккури илмӣ ва мавқеи иҷтимоии худ ин ҳама сол талош варзид, то ин ҳақиқатро ба дилу шуури хонанда расонад: табобат танҳо дору нест, ҳамчунин маърифат ва масъулияти ҳар фард нисбат ба cаломатии худ ва ҷомеа мебошад.

Мавриди зикр аcт, ки маҷаллаи «Даво» дар ин муддат тавонист, воқеан, ба як манбаи боэътимоди донишҳои тиббӣ ва маслиҳатҳои муфиди беҳдоштӣ табдил ёфта, дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ҷиҳати пешгирии бемориҳо, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва тарғиби дастовардҳои илми тиб нақши бориз гузорад. Дар саҳифаҳои маҷалла мақолаҳои мутахассисон, маслиҳатҳои табибон, маводи омӯзишӣ оид ба беҳдошт, аҳамияти иммунизатсия, пешгирӣ ва табобати бемориҳои маъмули диабети қанд, фишорбаландӣ, бемориҳои сироятӣ, ҳифзи сиҳатии кӯдакон ва модарон ва ғайра интишор меёбанд. Дар замони мо, ки ҷаҳон бо чолишҳои бузурги беҳдоштӣ рӯ ба рӯ аст, чунин нашрияҳо на танҳо воситаи иттилоърасонӣ, балки василаи бедории маънавӣ ва масъулияти иҷтимоӣ мебошанд.

Аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳли эҷоди маҷаллаи “Даво”, муаллифон, табибон, коршиносон ва ҳамаи онҳоеро, ки дар нашр ва рушди маҷалла саҳм мегиранд, бо ин санаи фархунда муборакбод мегӯям. Итминон дорам, ки «Даво» минбаъд низ бо сифати баланд ва мӯҳтавои судманди матолибаш дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии миллат саҳми арзанда хоҳад гирифт.

Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, нерӯи тоза, илҳоми эҷодӣ ва дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям. Бигзор 15-солагӣ оғози марҳилаи нави равнақу ривоҷи “Даво” гардад!

Ҷамолиддин Абдуллозода,

вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақолаи гузашта

Санавбар чӣ судмандӣ дорад?

Мақолаи навбатӣ

Ин маҳсулотро якҷоя истеъмол намоед!

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ин маҳсулотро якҷоя истеъмол намоед!

Ин маҳсулотро якҷоя истеъмол намоед!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Провизор  мушовир ҳам ҳаст

Провизор мушовир ҳам ҳаст

01.06.2026
3 золотых правила Уэрхэма

3 золотых правила Уэрхэма

30.05.2026
Пӯст аз ғизо ҳам зебо мешавад

Пӯст аз ғизо ҳам зебо мешавад

29.05.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ