• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Якчанд тавсияҳо

от user
в Маслиҳатхонаи даво
0

ТАБОБАТИ НИГОҲ ДОШТАНАТАВОНИСТАНИ ПЕШОБ

Падарам 80- сола ҳастанду пешобашонро дошта наметавонанд. Имкони бо роҳи гиёҳдармонӣ рафъ кардани ин мушкилӣ вуҷуд дорад?

Шарофиддин, ноҳияи Рўдакӣ

Даво

Истеъмоли ѓизоҳои тунд, шўр, баъзе доруҳо (махсусан, доруҳои зидди фишори баланди хун, заъфи дил), қиём ва ҷўшобаи баъзе гиёҳҳои доругӣ метавонанд ба масона таъсири манфӣ расонанд.

Бо мақсади рафъи мушкилии зикршуда ду қошуқӣ чойкаҳак ва гиёҳи бўймодаронро дар як литр оби ҷўш андохта, 20 дақиқа дар термос дам диҳед. Дар давоми рўз ба ҷои чой гарм- гарм нўшидани давои мазкур муфид аст.

Инчунин либосҳои таҳпўш ва куртаҳои танг напўшидан, шаб то миён гарм печонида хобидан лозим аст. Аз нўшидани об ва чойи сард низ худдорӣ бояд кард.

ЧӢ ТАВР АЗ САБЎСАК ХАЛОС ШАВАМ?

Бинобар зиёд рехтани сабўсаки сар дар костюм ва палтоям осори он мудом ба чашм мерасад. Оё бо истифода аз гиёҳҳо халосӣ аз сабўсак мумкин аст?

Маъруф, шаҳри Душанбе

Даво

— Як қошуқ пудинаи хушккардаро дар ним истакон оби ҷўш дам намоед. Баъди хунук шудан онро аз дока гузаронида, 2 қошуқ шарбати лимe илова намоед. Оби мушкини тайёршударо пас аз шустани сар ба пўсти он хуб бимолед. Пудина боиси оромии пўсти сар гашта, хориши онро бартараф месозад. Лимe кори ѓадудҳои равѓанро ба танзим дароварда, микробҳоро нобуд месозад. Табобатро рўздармиён ба ҷо оред.

ЗАРДАҶЎШ МАРО НОРОҲАТ МЕСОЗАД

Вақтҳои охир зардаҷўш маро нороҳат месозад. Роҳи осонӣ аз ин мушкилот халос шудан вуҷуд дорад?

Саъдулло, шаҳри Кўлоб

Даво

— Гурусна намонда (болои серӣ) ѓизо хўрдан, асабонӣ шудан, бисёр хўрдани ѓизои хушк, хўроки бирёнию серравѓанро зиёд иcтеъмол кардан боиси пайдоиши зардаҷўш мегардад.

— Ҳар субҳ пеш аз нонушта ним истакон шарбати картошка нўшед. Баъди нўшидани оби картошка ним соат истироҳат карда, сипас наҳорӣ кунед. Муддати табобат 10 рўз.

— Марҷумак (гречка)- ро бирён намоед, ки рангаш ҷигарии баланд шавад. Сипас кўфта, аз элак гузаронед ва талқони тайёршударо рўзе 3- 4 маротиба истеъмол созед.

ФАРОМЎШХОТИР ШУДААМ?

Эҳсос мекунам, ки солҳои охир фаромўшхотир шудаам. Сабабро духтур дар хасташавии зиёд ва ҳамеша дар ҳолати ҳаяҷон қарор доштанам муайян карда, тавсия дод, ки бештар аз ҳавои тоза баҳра барам, маҳсулоти тару тоза, аз ҷумла сабзавоту меваҷот, кабудиҳо истеъмол намоям. Хоби бофароѓат низ фаромўшхотириро бартараф менамояд. Дуруст аст?

Саиданисо, ш. Панҷакент

Даво

Олимон муайян кардаанд, ки агар майнаи одам шабона истироҳат накарда бошад, ё аз ҳад зиёд хаста шавад, ҳуҷайраҳои он як муддати кўтоҳ аз кор мебароянд. Агар субҳ дар ҷойи намак ба тухмбирён шакар пошед, куҷо мондани калидро надонед, пас фаҳмед, ки ин дам ҳуҷайраҳои майнаи саратон истироҳат мекунанд. Роҳи осонтарини аз ин ҳолат баромадан хоб аст.

Барои қувваи организмро барқарор кардан, дар як шабонарўз набояд аз ҳафт-ҳашт соат камтар хобед. Агар имконияти рўзона хобидан дошта бошед, аз он ҳатман истифода баред.

Исбот шудааст, ки хоби нисфирўзӣ (пас аз хўроки нисфирўзӣ) қабули хабарҳоро тезонда, кори майнаро фаъол менамояд. Барои фаъолнокии майнаро тезонидан, ба хўроки ҳаррўзаатон диққат диҳед.

Моддаи асосии ѓизобахш глюкоза аст. Он дар меваҷот (себ, олуча, тарбуз, киви, ангур) фаровон аст. Агар ба организм ҷавҳари равѓанӣ кам дохил шавад, хун хуб гардиш намекунад, ҳуҷайраҳои майна хуб кор намекунанд. Барои ҳамин ҳам, бештар моҳӣ, равѓани растанӣ ва чормаѓз хўред. Барои ҳимояи ҳуҷайраҳои майна ва бо нерў таъмин гардидани он витамини Е зарур аст. Вай дар чормаѓз, сабзавоти ранги сабздошта, тухм ва писта зиёд мебошад.

Витамини гурўҳи В дар ҷигар, тухм, шир, биринҷ дида мешавад. Ин маҳсулотро хўрда, майнаву системаи асабатонро аз он шодоб гардонед.

 

 

Мақолаи гузашта

Намудхои пўст ва хусусиятҳои он

Мақолаи навбатӣ

Равғанҳои растаниро бештар истифода баред!

user

user

Мақолаи навбатӣ
Равғанҳои растаниро бештар истифода баред!

Равғанҳои растаниро бештар истифода баред!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Тарзи ҳаёти солим бо усули доктор Тоҳирӣ

Тарзи ҳаёти солим бо усули доктор Тоҳирӣ

11.11.2025
Уфуқҳои тибби хусусӣ 

Уфуқҳои тибби хусусӣ 

10.11.2025
5 далели мудҳиш оид ба зарари сигоркашӣ

5 далели мудҳиш оид ба зарари сигоркашӣ

08.11.2025

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ