
Бо истиқрори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми миллии давлатдорӣ рўйи кор омад, ки шеваи корбариро дар ҳама сохтор ба куллӣ тағйир дод. Дар ин росто Тоҷикистон ҳамкориро бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмиллалӣ ба ҳайси як давлати мустақил ба роҳ монд.
Дар раванди тавсеаи ҳамкориҳо дастовардҳои муфиду самарабахши кишварҳои хориҷӣ омухтаву дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи диёр корбаст мешуданд. Аз ҷумла яке аз чунин падидаҳои матлуб таъсиси Маркази тибби оилавӣ маҳсуб меёбад, ки бо фарогир шудан дар фаъолияти марказҳои саломатии шаҳру навоҳӣ таҳаввулоти назаррас ба амал овард.
“ШУМО, ДУХТУРҶОН, УЗВИ ОИЛАИ МО ҲАСТЕД!”
Дар давраи истиқлолият рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҷорӣ намудани тибби оилавӣ аз муҳимтарин дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз дар ҳамин зинаи хизматрасонӣ табибоне фаъолият доранд, ки якумин дари умед барои бемор, нахустин маслиҳатгар барои модар ва аввалин пуштибони солимии ҳар оила шудаанд.
Тибби оилавӣ дар Тоҷикистон зиёда аз бист сол аст, ки ҳамчун шакли муассири хизмати тиббӣ фаъолият менамояд. Ин низом танҳо табобати беморӣ нест, он дар худ фарҳанги ғамхорӣ ба одам, қаробат ба мардум ва масъулияти иҷтимоиро таҷассум мекунад.
Табиби оилавӣ имрӯз барои ҳар оила ҳамчун як узви он пазируфта шудааст, зеро ӯ аз аҳволи ҳар узви хонадон, вазъи саломатӣ, ҳолати равонию ҷисмонии онҳо хуб огаҳ аст. Дар баробари ташхису табобат вай маслиҳатчии равонии аҳли хонадон ба ҳисоб меравад.
Бо ин усули муоширату муолиҷа шароити созгоре фароҳам меояд, ки бисёр касалиҳо пешгирӣ ё худ сари вақт ошкору табобат карда шаванд. Беҳуда нест, ки ҳар боре ба минтақааш рафта, ба хонаводаҳо сар халонда, ҳолу аҳвол пурсад, бо чеҳраи хуш истиқболаш гирифта, “духтури меҳрубонамон хабаргирӣ омаданд. Марҳабо!” мегӯянд.
МАРКАЗЕ, КИ МАКТАБИ МУТАХАССИСОН ГАРДИД
Бояд зикр кард, ки дар рушди ин низом таъсиси Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ нақши калидӣ бозид. Марказ соли 1998 дар заминаи кафедраи тибби оилавии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб таъсис ёфт. Ин иқдом оғози тарзи нави тарбияти мутахассисони соҳаи тиб буд.
Баъдан, бо тақозои замон ва ниёз ба рушди ҳамаҷонибаи соҳа марказ ба муассисаи мустақили таълимию клиникӣ табдил ёфт. Марказ барои садҳо духтуру ҳамшира мактаби таҷриба, дониш ва камолоти касбӣ мубаддал гардид. Мутахассисон дар ин ҷо на танҳо таълими тахассусӣ мегиранд, балки ҳисси масъулияти касбӣ ва маданияти муошират меомӯзанд.
ХАТЛОН — ПЕШОҲАНГИ ТИББИ ОИЛАВӢ
Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон, ки соли 2000 таъсис ёфт, дар рушди соҳа нақши муҳим бозидааст. Ин муассиса аз рӯзҳои аввал фаъолияти худро бо ормони хизмат ба мардум оғоз намуда, тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳими омӯзишӣ ва амалии кишвар табдил ёфт.
Солҳои аввал он дар шароити маҳдуд фаъолият мекард. Аммо иродаи мутахассисон, дастгирии давлат ва ҳамкории шарикони рушд кулли душвориро бартараф сохта, имрӯз онро ба муассисаи муосири таълимӣ бадал намудаст.
Аз соли 2006 инҷониб марказ фаъолияти худро дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон идома медиҳад. Тӯли ду даҳсола он барои муассисаҳои тандурустии вилоят теъдоди зиёди мутахассисони кордонро омода кард. Ҳар табибе, ки ин ҷо сабақ гирифт, бо худ танҳо диплом намебарад, балки дорои фарҳанги муносибати касбӣ бо бемор низ мегардад.
САРМОЯГУЗОРӢ БА НЕРЎИ ИНСОНӢ
Бо таъсиси Маркази тибби оилавӣ ва ҷорӣ кардани ин низом дар вилоят масъалаи омӯзиши кадрҳо, яъне табибони оилавӣ пеш омад. Роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон Муассисаи давлатии Маркази омӯзишии тибби оилавиро таъсис доданд. Дар ин марказ бо дастгирии шарикони рушд то имрӯз 488 табиб ва 2106 ҳамшираи тиббӣ такмили ихтисос карданд. Ҳамчунин, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ 373 табиб ва 764 ҳамшираи тиббӣ низ аз курсҳои таҷрибаомӯзӣ гузаштанд. Ин рақамҳо танҳо омор нестанд. Дар паси ҳар яке аз онҳо табобату наҷоти ҳазорҳо бемор ва заҳмати шабонарӯзии кормандони тиб нуҳуфта аст.
РОҲИ ДЕҲА ТО УТОҚИ ТАБИБ КЎТОҲ ШУД
Бо ҷорӣ шудани низоми табиби оилавӣ дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ба маротиб беҳтар гардид. Агар қаблан мардуми деҳоти дурдаст аз дарде ночор роҳи маркази ноҳияро пеш мегирифтанд, пас ин муаммо роҳи ҳалли худро пайдо кард.
Онҳо низ имкон пайдо карданд, ки дар маҳалли зист аз машварат, ташхис ва ёрии аввалияи тиббӣ бархӯрдор гарданд. Ба ибораи дигар, акнун барои оддитарин ташхису муоина сокинони деҳоти дурдаст ба марказҳои ҷамоат, ноҳия ё вилоят саргардон шуда омадан аз байн рафт. Ин, хусусан, барои кӯдакону пиронсолон, ки тавони роҳи дурро надоранд, бисёр муҳим аст.
ИЛМ, ТАҶРИБА ВА ДУРНАМОИ РУШД
Бо рушди тибби оилавӣ фаъолияти илмӣ ва таълимӣ низ густариш ёфт. Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «Вазъият ва дурнамои рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2019 баргузор шуд, ба мин-бари муҳими мубодилаи таҷриба табдил ёфт. Дар ин ҳамоиш мутахассисон аз кулли шаҳру навоҳӣ масъалаҳои муҳими соҳа, роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, дастгирии табибони оилавӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, ҳамчунин омузишу татбиқи таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ тибби оилавӣ танҳо як низоми хизматрасонӣ нест, он ба мактаби фарҳанги тиббӣ, пешгирии бемориҳо ва тарбияи ҷомеаи солим табдил ёфтааст.
ҲУСНИ МАҚТАЪ
Рушди тибби оилавӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бозгӯи сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи давлат мебошад. Маҳз тавассути таҳкими кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, омода намудани кадрҳои соҳибкасб ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ имрӯз пояҳои низоми тандурустии мамлакат устувор гардидаанд.
Сайраҳмон НАЗРИЕВ,
“Даво”

