
Cолҳои охир бемориҳои эндокринӣ, бахусус, диабети қанд ба яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Афзоиши шумораи гирифторони ин беморӣ зарурати таҳкими низоми ташхис, назорат, табобат ва пешгирии онро ба миён овардааст. Дар ин раванд, нақши табибони эндокринолог ва диабетологҳо басо муҳим мебошад.
Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки шумораи беморони гирифтори диабети қанд дар ҷаҳон ва Тоҷикистон сол аз сол меафзояд. Тибқи пешгӯии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, шумораи гирифторони бемориҳои эндокринӣ соли 2020, ки 630 миллион нафарро ташкил медод, бояд то соли 2030 ба 780 миллион нафар мерасид, аммо ин шумора ҳоло ба 840 миллион нафар расидааст, ки ташвишовар мебошад. Шумораи воқеии гирифторон метавонад аз ин ҳам бештар бошад, зеро бархе шаҳрвандон аз бемории худ огоҳ нестанд ё барои ташхис ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намекунанд.
Дар чунин шароит масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ аҳаммияти махсус касб мекунад. Ташхис ва табобати бемориҳои эндокринӣ ба донишу малака ва таҷрибаи баланди табибон вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, дар баробари рушди инфрасохтори тиббӣ, такмили низоми таълим ва бозомӯзии мутахассисон низ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.
Талабот ба мутахассисон меафзояд
Дар даҳсолаҳои охир бемориҳои эндокринӣ ба яке аз мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтаанд. Афзоиши шумораи беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои ғадуди сипаршакл (ҷоғар), фарбеҳӣ ва дигар ихтилоли мубодилаи моддаҳо зарурати таҳкими хизматрасониҳои эндокринологиро ба миён овардааст. Ба гуфтаи Тоҳир Саъдуллозода, директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ, сабабҳои асосии афзоиши ин бемориҳо тағйир ёфтани тарзи зиндагӣ, камҳаракатӣ, ғизои носолим, ҳаяҷон ва омилҳои ирсӣ мебошанд.
Мутахассисон, инчунин, аз пайдоиши ҳолатҳои диабети қанд дар байни кӯдакон ва наврасон изҳори нигаронӣ мекунанд.
– Агар солҳои пеш ин беморӣ бештар дар байни калонсолон мушоҳида мешуд, имрӯз дар байни кӯдакон низ ҳолатҳои гирифторшавӣ ба қайд гирифта мешавад. Ин вазъият зарурати омода намудани эндокринологҳои кӯдаконаро боз ҳам муҳимтар мегардонад, зеро ташхис ва табобати бемориҳои эндокринӣ дар кӯдакон аз табобати беморони калонсол фарқ дошта, донишу малакаи махсусро талаб мекунад. Шумораи гирифторони бемориҳои эндокринӣ дар байни кӯдакон он қадар ташвишовар нест, аммо дар қиёс ба солҳои гузашта афзоиш ёфтааст. Ҳоло дар кишвар 12 мутахассиси эндокринологӣ барои кӯдакон фаъолият мекунанд,-зикр намуд Т. Саъдуллозода.
Рушди муассисаҳои тандурустӣ ва дастрас гардидани усулҳои нави ташхис имкон фароҳам овардааст, ки бемориҳо дар марҳалаҳои аввал ошкор карда шаванд, вале барои истифодаи самараноки он кадрҳои баландихтисос шарти асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъалаи омодасозии эндокринологҳо, диабетологҳо ва дигар мутахассисони соҳа имрӯз ба яке аз талаботи рӯзафзуни кадрии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст.
Омодасозии кадрҳо дар мактабҳои олии тиббӣ
Таъмини беморхонаҳо бо мутахассисони варзида ба сифати низоми таҳсилоти муассисаҳои олии касбии соҳаи тиб вобастагии калон дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омодасозии табибон асосан дар заминаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи тиббии Хатлон, Донишкадаи ҷумҳуриявии тиббӣ-иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои таълимии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Раванди омодасозии эндокринологҳо аз омӯзиши фанҳои умумии тиббӣ оғоз мешавад. Дар 6 соли аввали таҳсил донишҷӯён анатомия, физиология, биохимия, патофизиология ва дигар фанҳои тибби умумиро меомӯзанд. Дар курсҳои болоӣ бошад, донишҷӯён ба омӯзиши нозукиҳои ихтисоси интихобкарда — бемориҳои дохилӣ, эндокринология ва дигар ихтисосҳои клиникӣ ҷалб мешаванд.
Пас аз хатми донишгоҳ табибони ҷавон метавонанд омӯзишро дар ординатураи клиникӣ идома диҳанд. Ординатура марҳалаи муҳимми ташаккули мутахассиси соҳавӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин давра табибон таҷрибаи мустақими кор бо беморонро аз худ менамоянд.
Мутобиқи маълумоти бадастомада, айни замон 105 нафар дар зинаи ординатура ҳамчун мутахассисони эндокринӣ таҳсил доранд.
Барои омода намудани эндокринологҳои кӯдакона низ барномаҳои махсуси таълимӣ амал мекунад. Ин самт аҳаммияти хос дорад, зеро бемориҳои эндокринӣ дар кӯдакон хусусиятҳои худро дошта, муносибати махсуси ташхисӣ ва табобатиро талаб мекунанд. Табибоне, ки дар ин соҳа фаъолият мекунанд, бояд ҳам дар самти педиатрия ва ҳам дар самти эндокринология дониши амиқ дошта бошанд.
Дар баробари таҳсилоти асосӣ, барои табибон курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамзамон, аз тарафи муассисаҳои тиббӣ мунтазам ташкил карда мешавад. Бо мақсади шинос намудани мутахассисон бо дастовардҳои нави илмӣ, технологияҳои муосири ташхис, усулҳои пешрафтаи табобат, ҳамзамон шудан ва рушди соҳа пайваста табодули таҷриба бо кишварҳои ӯзбекистон, Қирғизистон, Россия, Эрон ва дигар кишварҳои минтақа гузаронида мешавад.
Дар баробари муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ дар омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳавӣ нақши муҳим дорад.
Дар марказ табибони ҷавон ва ординаторон имконият пайдо мекунанд, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд. Иштирок дар муоина ва табобати беморон, шиносоӣ бо усулҳои муосири ташхис, таҳлили ҳолатҳои мураккаби клиникӣ ва ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳибтаҷриба ба ташаккули маҳорати касбии онҳо мусоидат менамояд.
Дар марказ мунтазам семинару машғулиятҳои омӯзишӣ, конференсияҳои илмӣ ва чорабиниҳои такмили ихтисос баргузор мегарданд. Дар доираи чунин барномаҳо мутахассисон бо дастовардҳои нави тибби ҷаҳонӣ, роҳҳои муосири пешгирӣ, табобати диабети қанд, бемориҳои ғадуди сипаршакл ва дигар бемориҳои эндокринӣ шинос мешаванд.
Яке аз вазифаҳои муҳимми марказ таъмини ягонагии усулҳои ташхис ва табобат дар тамоми минтақаҳои кишвар мебошад. Бо ин мақсад, мутахассисони марказ ба шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, ба табибони маҳаллӣ кумаки методӣ мерасонанд, машваратҳо мегузаронанд ва дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи онҳо саҳм мегузоранд.
Мутобиқи маълумоти Т. Саъдуллозода, айни замон дар кишвар 6 марказ – дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ 14 шуъба ва 92 ҳуҷра бо 228 мутахассиси варзида ба беморони эндокринӣ хизмат мерасонанд.
Мушкилот ва зарурати тақвияти иқтидори кадрӣ
Бо вуҷуди дастовардҳои солҳои охир дар самти омодасозии кадрҳои тиббӣ, масъалаи таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисони соҳаи эндокринология ҳамоно аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами соҳа боқӣ мемонад. Афзоиши шумораи беморони гирифтори диабети қанд ва дигар бемориҳои эндокринӣ талаб мекунад, ки теъдоди мутахассисон низ мутаносибан зиёд карда шаванд.
Яке аз мушкилоти асосӣ нобаробар тақсим шудани кадрҳои соҳавӣ байни минтақаҳо мебошад. Агар дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе фаъолияти эндокринологҳо нисбатан беҳтар ба роҳ монда шуда бошад, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо норасоии мутахассисон эҳсос мегардад. Дар чунин ҳолат беморон маҷбур мешаванд барои ташхис ё худ машварати мутахассис ба марказҳои вилоят ё пойтахт муроҷиат намоянд, ки ин ҳам вақти зиёд ва ҳам хароҷоти иловагиро талаб мекунад.
Масъалаи дигар ҷалби мутахассисон ба ихтисосҳои эндокринологияи кӯдакона ва диабетология маҳсуб меёбад. Бо афзоиши шумораи бемориҳои эндокринӣ дар байни кӯдакон зарурати ҷалби мутахассисони дорои тахассуси баланд бештар эҳсос мешавад. Бояд гуфт, ки рушди ин самт метавонад имконияти ташхиси барвақтӣ ва табобати самараноки бемориҳоро беҳтар намояд.
Дар шароити афзоиши бемориҳои эндокринӣ ва зиёд гардидани талабот масъалаи рушди минбаъдаи иқтидори кадрии соҳа аҳаммияти бештар касб мекунад. Ба гуфтаи Т. Саъдуллозода, барои ҷавобгӯ будан ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ низоми омодасозии мутахассисон бояд мутобиқ ба талаботи замон такмил дода шавад.
– Яке аз самтҳои муҳим густариши имкониятҳои таҳсилоти баъдидипломӣ ба ҳисоб меравад. Афзоиши ҷойҳои ординатураи клиникӣ аз рӯйи ихтисоси эндокринология, ҷалби бештари хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббӣ ба ин самт ва такмили барномаҳои таълимӣ метавонанд ба беҳтар гардидани таъминоти кадрии соҳа мусоидат намоянд. Ҳамчунин, зарур аст, ки дар раванди таълим ба омӯзиши технологияҳои нав, усулҳои рақамии ташхис, стандартҳои байналмилалии табобат ва дигар ҷанбаҳои муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад,-мегӯяд Т. Саъдуллозода.
Яке аз омилҳои муҳимми рушди соҳа тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Иштироки мутахассисони ҷавон дар семинару тренингҳои омӯзишии байналмилалӣ барои сайқал додани донишу малака ва табодули таҷриба заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар навбати худ, ин таҷриба метавонад дар такмили фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба беморон нақши муассир гузорад.
Дар ин замина, Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 қабул гардид, ки дар он масъалаҳои пешгирӣ ва роҳҳои табобати беморӣ ба таври мушаххас зикр шудааст.
Ҷ.ҚИЁМИДДИН


