
Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» амалиёти нодири ҷарроҳӣ-резексияи кистаи гурда бо усули лапароскопӣ бомуваффақият анҷом дода шуд. Амалиёти мазкур аз ҷониби сартабиби муассиса, номзади илмҳои тиб Абдурраҳмонзода Лоиқ Абдурраҳмон ва ҳайати мутахассисони беморхона дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд.
Ҷарроҳии мазкур бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ ва технологияҳои пешрафта амалӣ гардида, барои бемор имконият фароҳам овард, ки бо осеби камтар ва муҳлати кӯтоҳи барқароршавӣ табобат гирифта, ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад. Ба туфайли маҳорати касбӣ ва заҳмати шабонарӯзии табибон, бемор пас аз се шабонарӯз дар ҳолати қаноатбахш аз беморхона ба хона рухсатӣ карда шуд.
Гузаронидани чунин амалиётҳои мураккаб нишонаи рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ, боло рафтани маҳорати касбии мутахассисон ва истифодаи самараноки технологияҳои навин буда, кормандони муассиса минбаъд низ барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ тамоми имкониятҳои худро сафарбар хоҳанд намуд.
Ин дастовард натиҷаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тандурустӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти мутахассисони соҳа ба ҳисоб меравад.



