Кӯдакони навзод метавонанд аз ҳафт то нӯҳмоҳагӣ дар як вақт ҳам нафас мегиранду ҳам шири модар мехӯранд. Барои одамчаи хурдакак нафаскашӣ ва макидани пистони модар ҳанӯз душвор аст ва табиат онҳоро аз чунин вазифа озод кардааст.
Аммо калонсолон ҳеҷ гоҳ дар як вақт ин корро карда наметавонанд. Кӯдакон танҳо тавассути бинӣ нафас гирифта метавонанд, қобилияти нафаскашии ҳаво тавассути даҳон дар онҳо хеле дертар пайдо мешавад. Дар кӯдакони хурдсол даромадгоҳи ҳалқи кӯтоҳ ва васеъ нисбат ба калонсолон баландтар аст ва танҳо бо бинӣ муошират мекунад.
Чун роҳи ғизо дар паҳлӯҳои ҳалқ аст, дар он ҷо иртибот байни даҳон ва ҳалқ таъмин карда мешавад. Ин хусусият аз нафасгир шудани кӯдакон пешгирӣ мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки шири синаро бидуни қатъ кардани нафаскашӣ пайваста истеъмол кунанд. Зимнан, кӯдаконе, ки шири сина мехӯрданд, дандонҳояшон назар ба дандонҳои “сунъӣ” ҳамвортару зеботаранд. Пас, чаро кӯдак баробари калон шуданаш чунин қобилияти муфидро аз даст медиҳад? Маълум мешавад, ки одами хурдсол баробари ёд гирифтани сухан гуфтан сохти узвҳояш тағйир меёбад. Риштаҳои овозӣ инкишоф ёфта, ҳалқ ба поён меафтад. Баъдтар, ҳангоми хӯрокхӯрӣ роҳи биниро мебандад ва эпиглоттис бошад, роҳҳои нафасро мебандад. Ин аст, ки аз нав кӯдак шудану ду вазифаро якбора ба ҷо овардан барои калонсолон дигар имкон надорад.



