• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Табибони тоҷик соли 2022 бори аввал як зумра амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳоро гузарониданд

от user
в Бемориҳои дилу рагҳо
0

Соли 2022 бори аввал аз тарафи мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои Тоҷикистон амалиётҳои стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхрўда, хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллони силиконӣ дар меъда дар мавриди тағйиротҳои метаболикӣ (ҳангоми бемории фарбеҳӣ), декомпрессия ва рафъи ногузароии рудаи ғафс бо колоноскоп ҳангоми тобхурии шадиди рудаи сигмашакл гузаронида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мояи ифтихор аст, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии худ дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд нишон медиҳанд. Далели ин гуфтаҳо коҳиш ёфтани теъдоди беморони барои табобат ба берун аз кишвар рафта ва муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад. Дастоварҳои солҳои охири табибони тоҷик бори дигар аз маҳорати баланди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳанд.

Масалан, соли гузашта бори аввал дар соҳаи ҷарроҳии қафаси сина ҳам чандин амалиётҳо гузаронида шуданд. Ҷарроҳии кифосколиозҳои қисмати қафаси синагии сутунмӯҳра, дараҷаи вазнин, усули дискотомияи фонашакли коррексионӣ бо фиксатсияи транспедикулярии трансторакалӣ, резексияи қисмати тангшудаи трахея бо трахеопластика дар болои стенди Т-шакл, амалиёти Люис ба беморони гирифтори ногузароиш ва тангшавии сурхрӯда баъди сӯхтани химиёвии он, амалиёти симултантӣ, торакоскопия, эхинококэктомияи шуши рост ва лапароскопия, эхинококэктомияи ҷигар, стентгузории трахея чун марҳилаи аввали табобати беморони гирифтори носури сурхрӯдаву бронхиалӣ, реканализатсия, бужгузаронӣ ва стентгузории қисмати тангшудаи гранулятсионии трахея, рафъи эндоскопии омоси ковокии бронх, рафъи омоси миёнадевори болоӣ бо резексия ва протезкунонии вариди болоии холӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 дар шуъбаи ҷарроҳии навзодони Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ​ ҷарроҳии аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ «дугоникҳои сиамӣ» гузаронида шуд.

Волидайни ин тифлон аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мебошанд. Таваллуд тариқи буриши қайсарӣ гузаронида шуд ва муайян гардид, ки яке аз навзодон (ҷинсаш писар) аллакай фавтида, холати навзоди дигар (ҷинсаш духтар) хуб аст. Навзоди фавтида аз қисми сар дар пушди дугоники дигар часпида буд, ки тариқи ҷарроҳӣ аз ҳам ҷудо гардиданд.

Бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё «дугоникҳои сиамӣ» яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ақсои олам ба ҳисоб рафта, ҳоло бо роҳандозӣ гардидани чунин усули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷрибаи хуб ҳосил намуданд.

Ба гуфти мутахассисони соҳа, ин усули нави ҷарроҳӣ ягона дастоварди шуъбаи мазкур набуда, тайи солҳои охир табибони шуъба якчанд навъи ҷарроҳӣ ба роҳ мондаанд, ки барои таъмини сиҳатии навзодон заминаи хуб фароҳам овардааст.

Наздикони тифли нав ҷарроҳишуда аз шароити мусоиди фароҳамгардида ва малакаи кории мутахассисон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Мутахассисони шуъбаи мазкур таъкид мекунанд, ки дар айни замон сиҳатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Мақолаи гузашта

Кӯдак метавонад дар як вақт ҳам нафас кашаду ҳам хӯрок хурад

Мақолаи навбатӣ

НИҲОЛШИНОНИЮ ГУЛПАРВАРӢ БОИСИ ДАРОЗУМРӢ МЕШАВАД

user

user

Мақолаи навбатӣ
НИҲОЛШИНОНИЮ ГУЛПАРВАРӢ БОИСИ ДАРОЗУМРӢ МЕШАВАД

НИҲОЛШИНОНИЮ ГУЛПАРВАРӢ БОИСИ ДАРОЗУМРӢ МЕШАВАД

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ваҳдати миллӣ — ҷавҳари Истиқлол

Ваҳдати миллӣ — ҷавҳари Истиқлол

27.06.2026
Фишорбаландӣ ва роҳҳои табобати он

Фишорбаландӣ ва роҳҳои табобати он

26.06.2026
Шӯҳрат ва «Садафдандон»-и ў

Шӯҳрат ва «Садафдандон»-и ў

25.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ