
Пӯшида нест, ки бо вуҷуди таваҷҷӯҳи рӯзафзуни ҳукумат ба соҳаи тандурустӣ, ташкилу азнавсозии беморхонаву клиникаҳои давлатию шахсӣ, истифодаи таҷҳизоту технологияи замонавӣ, такмили тахассуси кадр-ҳои ин соҳа ҳамоно мардум барои ташхису табобат ва ворастан аз ранҷу дард ба хориҷа мераванд. Хушбахтона, ин раванд торафт коҳиш ёфта истодааст, зеро муассисаҳои муосири тиббие арзи вуҷуд мекунанд, ки бо сатҳи волои хизмати мухталифи тиббӣ зарурати рӯ ба хориҷа овардани ҳамватанонамонро аз байн мебаранд.
Дар ин робита метавон бо қаноатмандӣ ва ифтихор аз Ассосиатсияи байналмилалии рушди тиб дар Тоҷикистон “Мармед” — маркази ташхисиву табобатӣ ном бурд, ки онро соҳибкори ватанӣ Алишерхон Муллоев ташкил кардааст. Клиникаи “Мармед” 15 ноябри соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар меҳмонони олиқадр дар шаҳри Хуҷанд бо тантана ифтитоҳ ёфт. Минбаъд дар якчанд шаҳру ноҳияи вилоят, аз қабили Истаравшан, Бўстон ва шаҳраки Ғафуров филиали марказ боз шуд.
Ин иншооти замонавии соҳаи тандурустӣ аз бинои шаш-ошёна, озмоишгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва 36 кати хоб иборат буда, бо пешрафтатарин таҷҳизоту дастгоҳи тиббӣ ҷиҳозонида шудааст. Чунонки дар сӯҳбат бо мо Алишерхон Муллоев иброз дошт, дар ин Маркази муосир намудҳои зиёди ҷарроҳӣ, аз қабили ҷоғу рӯй, гӯшу гулӯю бинӣ, чашм, узвҳои дарунӣ, занона, ортопедӣ ва ғайра ба роҳ монда, табобати бемориҳои урологӣ, чашм, хун, тарбод, кўдакона, бемориҳои шуш ва роҳҳои нафас, ортопедӣ, физиотерапевтӣ, обдармонӣ, варзишшифоӣ, ҳиҷома, ҷарроҳии умумӣ, колопроктологӣ ва раддодӣ, ҷарроҳии рагҳои хунгарду асабро роҳандозӣ кардаанд.
— Дар маҷмуъ зиёда аз 30 мутахассиси баландихтисосу донандаи забонҳои хориҷӣ дар хизмати маризон мебошад, — изҳор намуд роҳбари марказ. Бояд гуфт, ки маҷмуъан дар дармонгоҳ қариб 70 нафар бо ҷойи кору шароити хуб таъмин гашта, аз 1500 то 5000 сомонӣ маош мегиранд.
Марказ аз камтарин муассисаҳои тиббии феълии кишвар маҳсуб меёбад, ки дар ҳуҷраҳои хобаш технологияи “хонаи доно”, аз ҷумла ёвари овозии “Алиса”- (ёвари овозии виртуалӣ, ки аз ҷониби Ширкати Яндекс сохта шудааст) амал мекунад.
Дар Маркази тиббии “Мармед” беморон бо чор маҳал хӯроки гарм таъмин гашта, баҳри болидахотирии онҳо ҳафтае ду маротиба барномаи фарҳангӣ низ ташкил карда мешавад.
Дастгоҳҳои муосири ташхису табобатро мо аз ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Корея, Туркия, Чин ва Аврупо харидорӣ кардаем. Масалан, дастгоҳи ҳуҷраи физиотерапевтӣ ё худ беҳискунии ҳавоӣ, яъне тавассути газ, ки бе сўзандору гузаронида мешавад, ба бемор таъсири манфӣ надорад. Инчунин, ташхиси чашм барои муайянсозии сатҳи беморӣ ва гирифтани линза вобаста ба дараҷанокии биноии чашм. Таҳлилгоҳ пурра автоматӣ буда, тамоми намуди ташхис дар ҳамкорӣ бо муассисаи бонуфузи тиббии Ҷумҳурии Ўзбекистон «Akfa Medline» анҷом дода мешавад. Ҳаминро махсус бояд таъкид намоям, ки дар маркази “Мармед” то 150 намуд таҳлили хун бо фарогирии 44 самт гузаронида мешавад, ки ҳамаи он бе дахолати инсонӣ, яъне пурра аз тарафи дастгоҳ муқаррар карда мешавад. Инчунин, озмоишгоҳи Марказ метавонад 40 намуди ҳассосияти шуморо нисбати гулу гиёҳ, дарахт, ҳайвоноти хонагӣ, маводи ороишиву ғизоӣ, доруворӣ дақиқ муайян намояд. Чун дастгоҳи ТУС (УЗИ) — и муассиса 4D аст, беморӣ дар сатҳи ниҳоят баланд муайян карда мешавад, — нақл намуд ба мо Алишерхон Муллоев.
Воқеан, бо таъбири нав гӯем, ташхиси дақиқ аллакай нисфи шифост. Бояд зикр намуд, ки сохти бунёди бино ва афзалият додан ба таҷрибаи муосир имкон фароҳам овардааст, ки раванди хизматрасонӣ ба таври худкор ва пайваста бо шарикони рушд дар соҳаи озмоишӣ сурат гирад.
Директори Маркази тиббии “Мармед” Зафарҷон Нормуродов зимни суҳбат изҳор дошт, ки ҷиҳати бозомӯзии тахассусии табибони дармонгоҳ, насб ва истифодаи технологияю усулҳои муосири ҷарроҳию муолиҷа мунтазам мутахассисони хориҷӣ ҷалб мешаванд.
— Дар Марказ барои табобат ва ҷарроҳиҳои мураккаб мутахассисон аз Русия, Ўзбекистон, Туркия, Олмон ва Ҳиндустон низ даъват карда мешаванд. Ғайр аз ин, моҳе ду маротиба тибқи дархости ниёзмандон духтурони хориҷӣ ба “Мармед” меоянд, ки чунин тарзи ташкили ташхис ё табобат ҳам зарурати ба хориҷа сафар кардани ҳамватанонро аз байн мебарад, — иттилоъ дод З. Нормуродов.
Тавре огоҳӣ ёфтем, ҳар моҳ ҳудуди 5-6 ҳазор сокини вилояти Суғд ба хориҷи кишвар, махсусан, ба Ӯзбекистон барои ташхису табобат мераванд. Мақсади ташкили клиникаи “Мармед” ҳалли ҳамин мушкили мардум аст. Ҳамкории зич бо духтурони соҳибтахассуси хориҷӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти босамари “Мармед” рушд ёфта, ба ноил гаштан ба ҳадафҳои зикршуда мусоидат намояд.
Роҳбарияти Маркази ташхису табобати “Мармед” бо истифода аз имконияти мавҷуда нақша дорад, ки дар муассиса ҳуҷраи рентгении МРТ ва КТ – ро бо навтарин дастгоҳ фаъол кунад. Дигар ҳадафи муҳим — ифтитоҳи намояндагии “Мармед” дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, ҳамчунин Бохтару Кӯлоб ва Бадахшон мебошад.
Дар самти табобат бошад, маъмурият тасмим гирифтааст, ки беҳтарин мутахассисони хориҷиву дохилии бемории саратонро даъват намояд. Ин шифогоҳ боз чанд лоиҳаи мақсаднок низ таҳрезӣ намудааст, ки барои рушду нумуи соҳаи тибби кишвар равона шудааст.
Дар сӯҳбат бо директори Марказ ҳамчунин аён гашт, ки то ифтитоҳи “Мармед” ташкилгарони он ба давлатҳои пешрафта сафари корӣ намуда, таҷрибаи онҳоро дар ташкили сохтори муосири тиббӣ амиқ омӯхтаанд. Дар ин замина сараввал бо клиникаи машҳури “AkfaMedline”-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартнома баста, намояндагии онро дар шаҳри Хуҷанд боз карданд.
Фаъолият ва таҷриба дар ин самт нишон дод, ки вақти беморӣ барои ташхис ба хориҷа сафар кардан душвор аст. Ва бо гузашти сол тасмим гирифтанд, ки як маркази замонавии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд барои мардум боз намоянд. Ҳамин тавр карданду “Мармед” пайдо шуд.Ба соҳибкорони бонангу номуси миллат барои бунёди чунин як маркази муосиру хуштарҳи мудовою шифо ва фаъолияти пурсамари он барору комёбиҳо таманно дорем.
Мадина ПОЧОЕВА, махсус барои «Даво»,
Хуҷанд



