
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Омодагӣ ва вокуниш ба бемории сироятии гулузиндонак (дифтерия)» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии вазорат Саид Давлатзода, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Илекр Даштан, шарикони рушд, инчунин роҳбарону кормандони як қатор муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд.
Семинарро Саид Давлатзода ифтитоҳ намуда, аз аҳамияти таҳкими омодагӣ ва ҳамоҳангсозии сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ ва вокуниши саривақтӣ ба хуруҷи бемориҳои сироятӣ ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии чорабинӣ тақвияти иқтидори кишвар дар самти омодагӣ ва вокуниш ба паҳншавии дифтерия мебошад. Ин раванд тавассути беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ, гузоришдиҳӣ мутобиқ ба Қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ (2005), идоракунии самараноки намунаҳои биологӣ ва татбиқи чораҳои пешгириву назорати сироят амалӣ карда мешавад.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён масъалаҳои муҳими арзёбии саривақтии ҳолатҳо, механизми огоҳкунӣ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ, тартиби дурусти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва интиқоли намунаҳои биологӣ, инчунин тадбирҳои ҷудокунии беморон ва ҳифзи кормандони соҳаи тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти назоратӣ, лабораторӣ ва клиникӣ, мубодилаи иттилоот ва муайян намудани монеаҳои мавҷуда диққати махсус зоҳир карда шуд. Дар натиҷа, иштирокчиён як қатор пешниҳод ва тавсияҳои амалӣ барои такмили низоми миллии омодагӣ ва вокуниш ба дифтерия таҳия намуданд.
Гуфта шуд, ки семинари мазкур пагоҳ низ идома хоҳад ёфт.


