
Имрӯзҳо дар бораи нашъамандӣ ва оқибатҳои мудҳиши он тамоми қишрҳои ҷомеъа, аз ҷумла наврасон, ҷавонон ва калонсолон иттилоъ доранд.
Ё худ қобили таваҷҷуҳ аст, ки ашхоси солимақл нашъамандиро ҳамчун амали номатлуб маҳкум мекунанд.
Нашъамандӣ танҳо мушкили як шахс нест, он мушкили тамоми ҷомеа мебошад. Ин падида ба саломатӣ, оила, таҳсил ва фаъолияти иҷтимоии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона, имрӯз ин мушкилот ба саломатии ҷавонон ва амнияти ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҷавононе, ки ба чунин бемори гирифтор мешаванд, аксар вақт аз таҳсил дур мешаванд ва имкониятҳои худро барои ояндаи беҳтар аз даст медиҳанд.
Нашаъмандӣ — офати ҷомеаи муосир аст, ки ҳаёти чандин касонро ин беморӣ ба иҳотаи худ мекашад. Ин роҳест ба ҷиноят, маҳкумӣ ва ба марг оварда мерасонад. Гирифтори нашъамандӣ дар ин рӯзҳо дар байни ҷавонон навигарӣ нест. Волидайне, ки маводи мухадирро истеъмол менамояд, фарзандонашонро нашъаманд мекунанд. Вобастагиҳои гуногун мавҷуданд, аммо вобастагии нашъамандӣ хело ҳам мураккаб мебошад. Асирии нашъамандӣ на танҳо баданро, балки хаёти рӯҳиро низ фаро мегирад. Нашъамандӣ – ин шикасти шахсият мебошад, ки дар аксар ҳолатҳо инсон ба душвориҳои солимии бадан рӯ ба рӯ мегардад. Инсоне, ки по дар ҷодаи нашъамандӣ мегузарад, хамчун шахсият оҳиста-оҳиста аз байн меравад, яъне шахсияташро аз даст медиҳад ва беш аз ҳама ӯ ба ҳалкаи ҷиноят ҷалб гардида худ ва ба атрофиёнаш бадбахтиҳои зиёде меоварад. Ҷисму рӯҳи худро оҳиста-оҳиста аз даст медиҳад. Барои дарёфти маводи лозима ба ҳама кор омода аст. Нашъаманд бемор аст на ҷинояткор! Раҳоӣ ёфтан аз бемории нашъамандӣ танҳо хоҳиши ҷиддии худи бемор лозим аст.
Истифодаи мунтазами маводҳои нашъадор ба одатҳои зарраровар тааллуқ дошта, ки он хусуситҳои руҳии инсонро тағйир дода, одамро бо роҳҳои бад мебарад. Ин гуна одамон аз ҷамъият ва корҳои ҷамъиятӣ дур шуда ба маводи нашъадор рӯҳан ва ҷисман побанд мешаванд. Тамоми зиндагиии воқеияшонро аз даст дода, зиндагии хаёлиро барои худ оғоз мекунад ва ҳатто барои дарёфти маводи нашъадор омодаанд ба ҷиноят даст зананд. (дуздӣ, ғоратгарӣ, фиребгарӣ ва ғайра…) Аксаран баъди нахустин маротиба истифода намудани маводҳои мухаддир ва моддаҳои нашъадор, инсон ба он мубтало мегардад ва ҳолати эйфорияро (мастӣ, беҳушӣ, бехудӣ) аз сар мегузаронад.
Пеш аз оне, ки мо бо ин вабо мубориза барем, бояд доир ба маводҳои нашъадор маълумот дошта бошем.
Аз нуқтаи назарияи тиббӣ нашъамандӣ — бемориест, ки шахс дар натиҷаи истеъмоли давомнокии маводи нашъадор ба тариқи ғайритиббӣ ба он гирифтор мешавад.
Бинобар ин, мубориза бо нашъамандӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад. Пеш аз ҳама, бояд ҷавононро бо роҳи маърифатнокӣ, тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани фарҳанги тиббӣ ҳифз намоем.
Дигар мушкилоти ҷомеъа ва ҷавон ин ғайримақсаднок ва бидуни нишондоди тиббӣ истифода бурдани доруҳои психотропӣ мебошад.
Доруҳои психотропӣ доруҳое мебошанд, ки ба фаъолияти майнаи инсон таъсир мерасонанд.
Онҳо барои табобати баъзе бемориҳо алалхусус бемориҳои равонӣ истифода мешаванд, аммо агар бе тавсияи духтур ва ба таври нодуруст, яъне ғайримақсаднок истеъмол шаванд, метавонанд ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонанд.Истеъмоли чунин доруҳо метавонад ба вобастагӣ, сустшавии фаъолияти мағзи сар, тағйирёбии рафтор ва ҳатто ба бемориҳои вазнини равонӣ оварда расонад.
Баъзе ҷавонон бо сабаби кунҷковӣ ё таъсири муҳити атроф ба ин доруҳо рӯ меоранд, аммо онҳо намедонанд, ки ин роҳ метавонад ба нобуд шудани ояндаи онҳо оварда расонад. Оила, мактаб, донишгоҳ ва ҷомеа бояд дар якҷоягӣ барои пешгирии ин падида корбарӣ намоянд.
Ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки саломатӣ неъмати бузург аст. Ояндаи ҷомеаи мо аз ҷавонони солим, донишманд ва масъулиятшинос вобаста мебошад.
Интихобе, ки мо имрӯз мекунем, ояндаи моро муайян мекунад.
Пас биёед роҳи солимро интихоб намоем, аз нашъамандӣ дурӣ ҷӯем ва барои бунёди ҷомеаи солиму пешрафта саҳми худро гузорем.
Зиёдулло Ализода – сардори шуъбаи назорати фармакологии маводи дорувории дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Аҳлиддин Юсуфзода – н.и.х., дотсент, мудири кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтии факултети фарматсевтии ДМТ



