
Дар дунё 5 «Минтақаи кабуд» мавҷуд аст, ки сокинонаш бештар 90 — 100 сол умр мебинанд. Муҳаққиқон тарзи ҳаёти онҳоро омўхта, ба хулосае омаданд, ки дар ғизохўрии дарозумрон умумият ва монандие ҳаст. Асоси ғизои сокинони ин панҷ минтақа- Икория (Юнон), Никоя (Коста-Рика), Сардиния (Италия), Окинава (Япония) ва Лома-Линда (Калифорния, ИМА) — ро полифенолҳо ташкил медиҳанд.
Полифенолҳо хатари сар задани бисёр бемориҳои вобаста ба пиронсолиро кам, фишори хунро паст, қобилияти зеҳнӣ ва фикррониро беҳтар намуда, раванди пиршавии ҳуҷайраҳоро суст мекунанд.
Полифенолҳо дар таркиби ҳасибу ҳасибча, картошка, маҳсулоти макаронӣ, хамирӣ ва шириниҳо умуман вуҷуд надоранд.
Сокинони Икария бештар равғани зайтун, пиёз, нахўд, наск, меваҳои тару тоза, кабудиҳо, қоқу ва қаҳва истеъмол мекунанд, ки дорои миқдори зиёди полифенолҳо мебошанд.
Дар Никоя бошад, дарозумрон бештар манго, папайя, лўбиёи сиёҳ ва каду истеъмол мекунанд. Дарозумрони Сардиния бештар ба меваю сабзавоти тару тоза ва қаҳва, ки полифеноли асосии он кислотаи хлорогенӣ аст, майл доранд.
Мардуми Окинава зиёдтар батат (картошкаи ширин), соя (лўбиёи чинӣ), зардчўба (куркума), обсабзҳои баҳрӣ ва чойи сабзу ёсуманӣ истеъмол мекунанд.
Дар Лома- Линда шир, тухм, моҳӣ, лўбиё, нахўд, афлесун, зардолу, шафтолу, олуболу, ангур, себ, нок, авокадо, анор, чукрӣ ва чормағзиҳо ғизои асосӣ ба шумор мераванд.
Аз ин рў, парҳезшиносон ба истеъмоли бештари ғизоҳои дорои миқдори зиёди полифенол, ба монанди карам, лаблабу, сабзӣ, пиёз, сирпиёз, нахўд, шалғам, шалғамча, (редиска) ва каду тавсия медиҳанд. Ба ҷои тушбера (пелмен) ва ғизоҳои полуфабрикати гўштдор бештар аз лўбиё, наск ва нахўд хўрок пухтан фоидаовар аст. Инчунин, ба ҷои нони сафед, булка ва булочка нони сиёҳ (сабўсдор), ки дорои полифенолҳо мебошад, истеъмол бояд кард.
Ҳар рўз камаш як дона себ ё афлесун, инчунин каме чормағзиҳо (донагиҳо) истеъмол намудан зарур аст. Чойи сабз, қаҳва, оби тоза беҳтарин нўшокӣ ба шумор мераванд. Аз истеъмоли нўшобаҳои газдор ва ширин худдорӣ намудан беҳтар аст.
Фароҳамсоз С. НАҶМИДДИНЗОДА



