
Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ҳамчун Маркази ҳамкорӣ дар самти системаи менеҷменти сифати озмоишгоҳҳо ва арзёбии берунии сифати хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои тиббӣ эътироф гардид.
Бахшида ба ин дастовард дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ чорабинӣ баргузор шуд, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон Игор Даштан, директори Озмоишгоҳи миллии референсӣ Баходур Холназар ва дигар мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, эътироф шудани Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҳамчун Маркази ҳамкории ТУТ дастоварди муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар роҳи рушди низоми озмоишгоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина таъкид шуд, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои таҳкими шабакаи озмоишгоҳҳо, ҷорӣ намудани стандартҳои сифат ва рушди иқтидори кадрӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ба аҳолӣ хизматрасониҳои боэътимод ва бехатари озмоишгоҳӣ пешниҳод гарданд.
Додани мақоми Маркази ҳамкории ТУТ ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ нишонаи эътирофи байналмилалии сатҳи касбият ва натиҷаҳои устувори фаъолияти озмоишгоҳии кишвар буда, инчунин қадами муҳим дар самти таҳкими минбаъдаи системаи идоракунии сифати озмоишгоҳҳо мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин қайд гардид, ки системаи самараноки менеҷменти сифат эътимоднокии хизматрасониҳои озмоишгоҳиро баланд бардошта, назорат ва омодагӣ ба вокуниш ба таҳдидҳои саломатии ҷамъиятиро тақвият мебахшад. Арзёбии берунии сифат яке аз воситаҳои асосии таъмини сатҳи устувори сифати хизматрасониҳои лабораторӣ мебошад.
Эътироф шудани Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҳамчун аввалин Маркази ҳамкории ТУТ дар минтақа на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳо низ аҳамияти калон дошта, тавассути омӯзиш ва машварат ба мутахассисон, инчунин мубодилаи таҷрибаҳо дар рушди соҳаи озмоишгоҳӣ мусоидат хоҳад кард.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими хадамоти озмоишгоҳӣ ва густариши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати лабораторӣ дар ҳамкорӣ бо ТУТ ва дигар шарикон тамоми кӯшишу талоши худро равона менамояд.



