• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Бемориҳои мардона ва роҳҳои табобати онҳо

от user
в Гиёҳдармонӣ
0

Як қошуқ решаи мушхор (лопух) — ро ба чойникчае андохта, аз болояш як истакон оби ҷўшомада бирезед. Баъд гарм пўшонида, ним соат дам диҳед.

Ҳар рӯз пеш аз хоб 50 мл аз ин нӯшоба истеъмол кунед. Мўҳлати муолиҷа ду ҳафта. Пас аз табобат, бисёр мардон изҳор намуданд, ки ин рустанӣ илтиҳобро зуд бартараф мекунад, ба монанди антисептик таъсир мерасонад, дардро бартараф намуда, нерӯи ҷинсиро барқарор мекунад.

-Як қошуқ барги газна (крапива) — ро ба як истакон оби ҷўшомада андохта, 15 дақиқа дам диҳед. Рўзе як маротиба пеш аз хоб ним истакон аз ин даво бинўшед. Мўҳлати муолиҷа 10 рўз. Баъди як ҳафтаи танаффус метавонед дубора табобатро идома диҳед.

-Воситаҳои дар асоси барги зуф (подорожник) омодашуда таъсири пурқуввати зиддибактериявӣ доранд. Ду қошуқи онро дар як истакон оби ҷўшомада андохта, ним соат дам диҳед. Рўзе ду маротиба ним истаконӣ аз ин даво истеъмол кунед. Дар давоми ду моҳ илтиҳоб мегузарад ва функсияҳои ғадуди простата барқарор мешаванд.

-Ҳангоми простатит истифода аз чойкаҳак (зверобой) кумак мерасонад. Бо ин мақсад 2 қошуқ баргу поя ва гули хушки чойкаҳакро дар 200 мл (як истакон) оби ҷўшон резед. Болои зарфро гарм пўшонида, ним соат дам диҳед. Аз ин даво тайи як моҳ рўзе се маротиба сеяк истаконӣ истеъмол кунед. Ҳангоми истифодаи давоҳо аз чойкаҳак дар зери нури офтоб кам гардед. Бинобар ин дар мавсими зимистон ва ё тирамоҳ аз он истифода бурдан беҳтар аст.

-Явшон (талхшувон, тахач, горькый полынь) аз ҳисоби миқдори зиёди равғанҳои эфирӣ таъсири антибактериалии қавӣ дорад. Аз ин рӯ, онро ба табобати комплексии простатит дохил мекунанд. Дар давоми се рӯз чоряк қошуқча явшони талхро дар даҳон андохта, баъд аз болояш оби зиёд нӯшед. Инро ҳар 2 соат такрор кунед. Пас аз ин, 4 рӯзи оянда шумораи вояро то 4-5 маротиба дар як рӯз кам намоед. Пеш аз хоб қабул кардан манъ аст. Рўзи ҳаштум як қошуқча явшонро дар як истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Бегоҳӣ бо ним истакони ин ҷӯшоба ҳуқна (клизма) кунед.

-Равғани каду таъсири қавии зиддиилтиҳобӣ дошта, ба афзоиши неру мусоидат мекунад. Инчунин, таъсири зиддипаразитӣ дошта, дар маҷмўъ ба таҳкими умумии организм мусоидат мекунад. Бо мақсади табобат ним кило тухми кадуро тоза кунед. Тухмҳо бояд тару тоза бошанд. Тухми бирёни каду таъсири табобатӣ надорад. Ним кило тухми кадуро дар қаҳвазанак майда карда, ба он 200 грамм асал илова намоед ва хуб омехта кунед. Аз ин омехта тўбчаҳои диаметраш 2 см бисозед. Ин даворо пеш аз хўрок дар як рўз ду маротиба — субҳ ва шом истеъмол кунед. Усули истифода: дору бояд дар даҳон то ҳал шуданаш хоида шавад. Маҳсулотро дар яхдон нигоҳ доред.

-Пӯсти пиёз хосияти шифобахшӣ дорад. Барои тайёр кардани дору ба зарфи сирнок 3 мушт пӯсти пиёз гузошта, аз болояш 300 мл об резед. Моеъро 30 дақиқа ҷӯшонида, аз оташ дур кунед ва як соат монед. Пеш аз хӯрок як қошуқӣ дар як рӯз се маротиба аз ин даво нӯшидан лозим аст. Пеш аз истеъмол, он бояд аз дока гузаронида шавад.

МУОЛИҶАИ ЗАИФИИ НЕРУИ ҶИНСӢ

-Шўрбои ширии мавиз. Пеш аз ҳама, мавиз (30-50 грамм) — ро дар об тар карда, сипас ба болои он як пиёла шир рехта, ҷўшонед ва баъдан хунук кунед. Ҳар саҳар 2 қошуқӣ мавиз истеъмол кунед ва худи ҷўшобаи ширро пеш аз хоб бинўшед.

-Чормағз бо асал. Ҳангоми табобати импотенсия шумо метавонед омехтаи аз чормағзи майдашуда ва асал тайёркардашударо санҷед. Ин омехтаро дар як рӯз се маротиба пас аз хӯрок истеъмол кунед.

-Чой аз занҷабил (имбир) низ дар мубориза бо халалдоршавии ҷинсӣ хуб кумак мерасонад.

-Барои тайёр кардани шӯрбо аз карафс (сельдерей) истифода баред ва инчунин, пеш аз хӯрок се маротиба дар як рӯз 2 қошуқӣ афшураи карафси навҷамъовардашударо истеъмол намоед.

-Кашниз (кинза) ва ҷаъфарӣ (петрушка)-и тару тозаро ба шўрбо ва салатҳо илова кардан мумкин аст. Инҳо афродизиакҳои олие мебошанд, ки дар мубориза бо нотавонии ҷинсӣ кўмак мекунанд.

-Шибит (укроп) гардиши хунро дар узв фаъол намуда, ба барқарорсозии эрексия кӯмак мекунад. Қобилияти васеъ кардани рагҳо имкон медиҳад, ки таъминоти хун ба узв беҳтар карда шавад. Дар замони худ Абуалӣ ибни Сино онро ба рӯйхати гиёҳҳои «шаҳватбарангез» дохил карда буд.

-Ҷўшобаи чойкаҳак дорои хосиятҳои оромкунанда аст- системаи асабро ором, сифати хобро беҳтар ва эҳсоси изтиробро рафъ мекунад. Ба шарофати ин мард ҳангоми алоқаи ҷинсӣ эътимоди бештар эҳсос мекунад, аз фикрҳои ноором парешон намешавад. Бо ин мақсад ду қошуқ чойкаҳакро дар термос андохта, дуистакон оби ҷўшомада бирезед. Баъди ду соат дам хўрдан таркиби шифобахшро дар давоми рўз 3-4 маротиба ним истаконӣ истеъмол кунед.

Эзоҳ: танҳо бо воситаҳои халқӣ пурра шифо додани импотенсия ғайриимкон аст, аммо чунин тадбирҳо таъсири мусбат мерасонанд ва дар мубориза бо беморӣ кӯмак мекунанд. Барои ноил шудан ба натиҷа, шумо бояд курси табобатиро на камтар аз 3-4 ҳафта истифода баред.

МУОЛИҶАИ АДЕНОМА

-Истеъмоли ҳамарўзаи ду қошуқ равғани зағири шириннокарда дар муолиҷаи аденома кумак мерасонад.

-Решаи ширинбия (солодка) ба мардон таъсири ҳамаҷонибаи шифобахш дорад, аммо танҳо дар шакли табиии худ. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба таъсири табобатии пешбинишуда, беҳтар аст, ки доруҳои дар асоси ин растанӣ истеҳсолшударо бо тавсияи духтур қабул кунед. Аз решаи он чой дам карда, ним истаконӣ рўзе се маротиба ним соат пеш аз ғизо истеъмол кунед.

-Ду қошуқ иванчойро дар 2 истакон (400 мл) оби ҷўшон рехта, дар оташи суст 15 дақиқа гузоред. Баъд аз ин, 1,5 соат гарм нигоҳ дошта, дам диҳед ва аз дока гузаронед. Аз ин даво 3 маротиба дар як рўз ним истаконӣ пеш аз хўрокистеъмол кунед. Давомнокии курс 1 моҳ аст.

-Як қошуқ гулҳои бобуна (ромашка) — ро ба як истакон оби ҷўшомада андохта, 15 дақиқа дам диҳед. Ин даворо ним истаконӣ 2 маротиба дар рӯз дар давоми ғизохурӣ истеъмол намоед. Давомнокии курс 1 моҳ аст. Ҳангоми зарурат метавонед баъди 2 ҳафта боз идома диҳед.

Муҳаммадрасул Иброҳимзода,

табиби мардумӣ, деҳаи Истиқлоли

шаҳри Ваҳдат

Мақолаи гузашта

Имбир чӣ хосиятҳо дорад?

Мақолаи навбатӣ

Озмоишгоҳи миллии референсӣ маркази ҳамкории ТУТ эътироф шуд

user

user

Мақолаи навбатӣ
Озмоишгоҳи миллии референсӣ маркази ҳамкории ТУТ эътироф шуд

Озмоишгоҳи миллии референсӣ маркази ҳамкории ТУТ эътироф шуд

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Иқлим ва фишори хун

Иқлим ва фишори хун

01.09.2026
Ҷамшед Ҳамидов: Рушди «Сифатфарма» аз СИР аст (қисми 2)

Ҷамшед Ҳамидов: Рушди «Сифатфарма» аз СИР аст (қисми 2)

31.08.2026
Ҳадаф-рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Ҳадаф-рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

31.08.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ