• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ромиз Нормуротов: Манъи санҷиш нишони боварист

от user
в Фарматсевтика
0

Ромиз Нормуротов аз ҷумлаи фармасевтҳоест, ки баъди хатми донишгоҳ корро аз дорусозӣ оғоз карда, дар андак вақт аз чеҳраҳои шинохта гардид.

— Соли 1993 пас аз анҷоми таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ ба зодгоҳам Шаҳритус баргаштам ва бо фармони сардори Раёсати дорухонаҳои вилоят Файзулло Насруллоев ба аптекаи марказии ноҳия ба ҳайси дорусоз ба кор омадам. Мо ба фурӯши дору сарукор надоштем, — гуфт дар ибтидо мусоҳибам.

— Ба факултаи фармасевтии донишгоҳи тиббӣ дохилшавиям сирф амри тасодуф аст. Ман то хатми мактаби миёна ва ба Душанбе рафтанам, рости гап, дар бораи фармасевтика тасаввуроте надоштам. Амакбачаам дар Донишкадаи кишоварзӣ таҳсил мекард ва мо ба хонаи иҷорааш ҳамроҳи падарам меҳмон шудем. Як дӯсти амакбачаам ҳам он ҷо буд. Мо хеле суҳбат кардем, асосан, дар бораи ба куҷо ҳуҷҷат супурдан. Дӯсти амакбачаам дар бораи факултаи фармасевтика ва касби дорусозӣ қиcсаҳои ҷолиб кард. Ва тавсия дод, ки ба ҳамин факулта ҳуҷҷат супорам. Ба падарам ҳам ҳикояту маслиҳати он ҷавон писанд омад ва ман ба факултаи фармасевтика ҳуҷҷат супоридам. Ҳамин тавр, ман донишҷӯ шуда, соли 1993 ин факултаро хатм кардам.

— Солҳои навадум дорухонаҳо ҳанўз давлатӣ буданд.

— Бале. Фаъолияти меҳнатии банда ҳам дар яке аз чунин муассисаҳои давлатӣ дар ноҳия оғоз ёфта, то соли 2002 давом дошт. Соли 2002 ба бахши хусусӣ гузашта, дар филиали ҶДММ

“Аскар” дорусоз шуда, кор кардам. Сипас соли 2010 ба филиали ҶДММ “Сомон фарм” гузашта, то имрӯз фаъолият карда истодаам.

— Дар солҳои ҷанги таҳмилӣ ва баъди он дар кори дорусозону дорухонаҳо чӣ мушкили асосӣ буд?

— Солҳои 90-умро насли калонсол медонанд, ки чӣ ҳолате вазнин ба сари ҳама омад. Мардум дар фикри ҷону нон буд. Агар аз фаъолияти дорухонаҳо гӯем, маводи доруворӣ каму воридот умуман набуд. Ҳар гуна бемории сироятӣ авҷ мегирифт. Лекин бояд эътироф намуд, ки дар ҳамон шароити ниҳоят вазнин дорусозони кишвар аз вазъият баромада тавонистанд. Чунки дар ҳама дорухонаи давлатӣ замина, аз ҷумла, таҳҷизот барои омода кардани маводи доруворӣ буд ва дорусозон доруҳои қатрагӣ, малҳамҳо барои бемориҳои сироятӣ ва дигар маризиҳо мебароварданд. Шояд ба фармасевтҳои ҷавон азобу мушкилоти он солҳо афсона намояд, вале воқеъият ҳамин тавр буд.

— Агар дирўзу имрўзро муқоиса кунем, ибораи маъмули замину осмонро бояд истифода бурд. Дар соҳаи фармасевтика низ?

— Бечунучаро. Ҳоло дар дорухонаҳо доруворӣ он қадар бисёр шудаст, ки чашм сиёҳӣ мезанад. Хоҳӣ, бароят аз хориҷа меоранд, хоҳӣ, ана, истеҳсоли худӣ. Шукри тинҷии Ватани азизамон! Сулҳу оромӣ ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти давлат аст, ки кишвари мо бо дигар мамлакатҳои пешрафта муносибатҳои хуби тиҷоратӣ ба роҳ мондашудааст ва барои соҳибкорон дар ҳама самтҳо фазои мусоид фароҳам аст. Аз ҷумла, фармасевтҳои тоҷик бидуни мушкилоту маҳдудият бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои хориҷӣ ҳамкорию додугирифт доранд. Дигар падидаи муҳим ин аст, ки дар баробари воридсозии доруворӣ аз хориҷа ширкатҳои ватанӣ низ корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббиро таъсис медиҳанд. Диёри зебоямон аз гиёҳҳои шифобахш бой асту мо имкон дорем, намудҳои зиёди дорувориро дар ватан истеҳсол карда, вобастагӣ аз хориҷро коҳиш диҳем.

— Зимни вохўрию суҳбат фармасевтҳои собиқадор аз он изҳори таассуфу нигаронӣ мекунанд, ки имрўз аз робитаю ҳамкории пешина бо табибон нишоне намондааст. Дар ин хусус шумо чӣ андеша доред?

— Ҳамкориҳои фармасевтҳою духтурҳо шояд ба дараҷаи замони шӯравӣ набошад, вале то андозае ҳаст. Дар солҳои шӯравӣ ҳар як муассисаи табобатӣ фармасевт дошт.

Дорухонаи давлатӣ дар дохили беморхонаҳо буд. Фармасевтҳо дар маҷлисҳои пагоҳирӯзии сардухтур иштирокҳояшонро фикру мулоҳиза баён мекарданд. Гузашта аз ин, таъиноти ҳаррӯзаи табибонро омӯхта, бо онҳо вобаста ба ин ё он доруворӣ маслиҳат медоданд. Баъзан баҳсҳо мешуданд. Як раванди муқаррарии ҳамкорӣ буд барои муолиҷаи бемор. Чунин муно-сибат ба баланд бардоштани сатҳу сифати табобат ва хизматрасонӣ, такмили малакаи табибон ва фармасевтҳо мусоидат мекард.

Ҳозир вазъият дигартар аст. Албатта, мо вақте дорухатро мегирем, онро омӯхта, синнусол, вазъи беморро мепурсем ва мувофиқи он вояву усули истифодаи дорувориро ба бемор дар асоси тавсияи табиб маслиҳат медиҳем. Чунки ягон чиз нофаҳмо бошад, ба табибе, ки дорухат навиштааст, занг мезанем, маслиҳат мекунем. Чунин аст, имрӯз ҳамкориҳо.

— Имрўз дар ҷумҳурӣ дорусозу доруфурўш ҳама дар ширкатҳои хусусӣ фаъолият доранд, лекин фаъолияти онҳо таҳти назорати давлат аст, ки комилан дуруст аст. Ман Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дар назар дорам.

— Ҳарчанд мо дар бахши хусусӣ кор мекунем, аммо ҳамин хадамоти номбурда дастгиру маслиҳатчиямон мебошад. Мутахассисони ин ниҳод на танҳо кори моро санҷидаву камбудиҳоямонро ошкор мекунанд, балки ҳамеша бароямон кумакҳои методию амалӣ мерасонанд.

Аз аввали имсол тибқи фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мораторий эълон шуду онҳо дигар дар муассисаҳои мо санҷиш намегузаронанд, вале ҳамеша бароямон маслиҳат медиҳанд. Баъзан худамон занг зада, вобаста ба ин ё он масъалаи корию ҳуқуқӣ маслиҳат мепурсем.

Бо тавсияи масъулони хадамот ҳамаи мо, кормандони дорухонаҳо, новобаста аз шакли фаъолиятамон, почтаҳои электронӣ кушодем ва ҳама намуд санади меъёрию ҳуқуқӣ, дастуру супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вобаста ба доруворие, ки ворид мешавад, бароямон маълумот ирсол мекунанд. Албатта, ин як ёрии хубест. Чун корафтода ё муштарӣ дар бораи ин ё он маводи доруворӣ ё молҳои тиббӣ сертификати мутобиқат пурсад, метавонем, бе мушкилӣ сертификат нишон диҳем.

Дар охири суҳбатамон як нуктаро махсус таъкид карданиям. Мо аз Сарвари давлат барои дастгириҳои пайваста аз соҳибкорон, аз ҷумла роҳандозии моратория миннатдорем. Дар навбати худ мо, соҳибкорон, бояд дар ҷавоби ғамхориҳои давлат корамонро аз рӯйи виҷдон ба роҳ монем. Аввалан, ба сатҳу сифати хизматрасонӣ диққат диҳем, дуюм, дорувории муҳлаташ гузаштаро аз савдо барорем. Санҷиш манъ шуд гуфта, ҳар коре хоҳем накунем. Манъи санҷиш ин нишони боварӣ ба ҳалолкории мост. Бояд сазовори ин боварӣ амал кард.

Мусоҳиб Сайраҳмон НАЗРИЕВ,

махсус барои “Даво”, ш. Бохтар

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Рӯзгори пурхатари Ибни Сино

Мақолаи навбатӣ

Мы сами убиваем наши почки

user

user

Мақолаи навбатӣ
Мы сами убиваем наши почки

Мы сами убиваем наши почки

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ваксина-сипар барои ҳифзи саломатии кӯдак

Ваксина-сипар барои ҳифзи саломатии кӯдак

14.09.2026
Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

11.09.2026
Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

10.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ