• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Рӯзгори пурхатари Ибни Сино

от user
в Донистан хуб аст
0

ГОҲ ВАЗИРУ ГОҲ МАҲБУС

Ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд, вале қисми зиёди умраш пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ҳаводиси мудҳиши нимаи аввали асри XI, фирори пайваста аз таъқиботи ҳамешагии султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва гумоштагони ӯ сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ умр ба сар бурда, гоҳе чун надими хоси подшоҳону маликон низ рӯзгор паси сар кардааст. Бо вуҷуди ин ҳама, лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.

Муҳимтарин асараш доир ба тиб «Ал-қонун-фит-тиб» бошад, ки китоби аввали онро дар 30-солагӣ навиштааст. Бояд гуфт, ки пеш аз Ибни Сино дар Шарқ ду китоби тиббӣ машҳур буд, ки аввалӣ ба Закариёи Розӣ ва дуюмӣ ба Алӣ ибни Аббосии Маҷусӣ тааллуқ дошт. Лекин «Ал-Қонун»-и Сино бо ҳалли масъалаҳои сода ва мушкили тиббӣ тавонист, ки ҳама китобҳои пешин ва баъдиро зери сояи худ гузорад.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола»-аш ба «Ал-Қонун» чунин баҳо додааст: «Агар Буқрот ва Ҷолинус зинда шаванд, раво бувад, ки пеши он китоб саҷда кунанд». Абӯалии Сино боз зиёда аз 50 асари тиббӣ таълиф кардааст, ки «Рисолаи дарди хала», «Рисолаи адвиёти дарди дил», «Рисолаи набз», «Рисолаи шарҳу баёни Ал-Қонун» аз ҷумлаи онҳоанд.

МУКОЛАМАИ СИНО БО АБӮУБАЙДИ ҶУЗҶОНӢ

Дар нимторикии ҳуҷраи хоксоронаи начандон калон, ки ҳамагӣ дорои чанд рафи пур аз китоб буд, Ибни Сино бо шогирдаш Абӯубайди Ҷузҷонӣ бо овози паст сӯҳбат мекарданд.

— Устод,- муроҷиат кард оне, ки ҷавонтар буд, ба марди миёнасол, — магар шариат иҷоза медиҳад, ки одамро ҷарроҳӣ кунӣ?

-Ҳамаи амалҳоеро, ки ба фоидаи мардум асту Худованд мамнӯъ нагардонидааст, иҷро кардан мумкин аст.

— Пас барои чӣ шумо ба рӯҳониёни дарбори шоҳ инро намефаҳмонед? Балки пинҳонӣ аз ҳама майитро аз гӯр канда овардем?

— Ман, инак, 8 сол мешавад, мехоҳам чанд занро илми тиб биомӯзонам, то ҳангоми бемор шудани занҳои шаҳр тавонанд бемалол онҳоро муолиҷа кунанд. Худ мебинӣ, ки чӣ заҳмат аст. Ҳамвора сӯи ман дандон тез мекунанд. Мегӯянд, ман ҳақ надорам, ба занҳои бегона наздик шавам.

— Вақте, ки духтари шоҳ бемор шуд, муқобил набуд, ки шумо ӯро муолиҷа кунед.

— Шоҳ гапи дигар аст, барои ӯ ҳама чиз мумкин, аммо ин ҷоҳилони бечора ҳатто наметавонанд бо дастони ман маҳрамашонро муолиҷа кунанд.

— Пас шумо наметарсед, ки рӯзе қурбони ҷаҳолати онҳо мешавед?

— Ҳазрати Алӣ (а) фармудааст: Тарс пояи куфр аст. Ман ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ ба ҷуз Худованди муттаъол аз касе натарсидаам.

— Ҳатто ҳамон вақте, ки гирифтани офтобро пешгӯӣ намудеду ҷоҳилон овоза паҳн карданд, ки Абӯалӣ Сино ҷодугар аст?

— Бале, ҳамон вақт ҳам аз ғазаби ҷоҳилон натарсидам, зеро медонистам, оне, ки дарҳои илмро ба рӯи ман осон кушод, нигаҳбони ман аст.

ҲАР БАНД КУШОДА ШУД, МАГАР БАНДИ АҶАЛ…

Ибни Сино, ки дар амалия ва назарияи илми тиб ягонаи даврон буд ва ҳазорон ҳазор бемор, аз ҷумла шоҳони даврро ба туфайли дониш ва таҷрибаи фаровонаш дармон бахшиду аз чанголи марг вораҳонд, дар илоҷи маризии худ оҷиз монд. Вақте ба бемории қулинҷ гирифтор мешавад, барои зудтар шифо ёфтан то ҳашт бор худро ҳуқна (клизма) мекунад. Аз ин ҷо баъзе рӯдаҳояш захмӣ шуда, дар онҳо ҷароҳат пайдо шуда, ба саръ (бемории рӯҳӣ, эпилепсия) табдил меёбад. Мефармояд, ки ду донг (0,5гр) тухми карафс ба он чи ба ҳуқна рехта мешавад, афзуда биёмезанд, то боди қулинҷ шикаста шавад. Яке аз пизишкон ба ҷойи ду панҷ донг тухми карафсро андохтааст, ки боиси исҳоли хунин мешавад.

Ибни Сино барои дафъи саръ маъҷун (масрузитус) истеъмол мекард. Як ғуломаш ба он афюни зиёде рехта, ба ӯ медиҳад. Бар асари чунин «табобат» Ибни Сино тамоман аз ҳол меравад. Ин амали табибу ғуломро шогирдаш Абӯубайди Ҷузҷонӣ «хиёнат» номидааст.

Тобистони соли 1037 дар ҷанги амир Алоуддавла дар қарибии Исфаҳон бемории Сино, ки амирро ҳамроҳӣ мекард, дубора авҷ мегирад ва то Ҳамадон нарасида, ҷон ба Халлоқ месупорад. Пеш аз абадан чашм пӯшидан мефармояд, ҳама ғуломонашро озод карда, дороияшро миёни камбағалон тақсим кунанд…

Инак, беш аз 1000 сол инҷониб осори гаронмояи тиббии Абуалӣ ибни Сино, ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ба мардуми дунё босазо хизмат мекунад.

“Даво”

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Варами пой метавонад нишонаи заъфи дил бошад

Мақолаи навбатӣ

Ромиз Нормуротов: Манъи санҷиш нишони боварист

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ромиз Нормуротов: Манъи санҷиш нишони боварист

Ромиз Нормуротов: Манъи санҷиш нишони боварист

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ваксина-сипар барои ҳифзи саломатии кӯдак

Ваксина-сипар барои ҳифзи саломатии кӯдак

14.09.2026
Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

11.09.2026
Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

10.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ