• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Модари солим насли солимро ба воя мерасонад!

от user
в Модару кӯдак
0

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи таваллуди ноҳияи Ҳисор, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ Рисолат Зокирова.

— Аксарияти аҳолии ҷумҳурии моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз рўи мушоҳидаҳоятон мегуфтед, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ вазъи солимии занони қабили таваллуд чӣ гуна аст?

— Ноҳияи Ҳисор қариб 270 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Аз ин шумора тақрибан 70 ҳазор нафарро занони қобили ҳамл (15-49-сола) ташкил медиҳанд. Ҳар сол дар ноҳия миқдори таваллуд зиёд мешавад. Соли 2014 теъдоди таваллуд дар ноҳия ба 9000 нафар расид. Ин рақам соли 2012 тақрибан 6000 нафарро ташкил медод. Аз миқдори умумии таваллуд 5000 ададаш ба таваллудхонаи марказӣ рост меояд. Ғайр аз таваллудхонаи марказӣ дар ноҳия боз 4 таваллудхонаи дигар ҳаст.

Одатан чӣ қадаре, ки таваллуд зиёд шавад, эҳтимоли зиёд шудани оризаҳои ҳомиладорӣ ҳамон қадар бештар вуҷуд дорад. Яке аз дастовардҳои шуъбаи мо дар он аст, ки бо вуҷуди афзоиши теъдоди таваллуд миқдори оризаҳои ҳомиладорӣ кам шуд.

— Чӣ тавр ба ин пешравӣ ноил гаштед?

— Аз рўи мушоҳидаҳои бисёрсола асосан моҳҳои январ- феврал ва аввали март занон бештар ба оризаҳои ғайригениталӣ, аз қабили камхунӣ, бемориҳои гурда ва ғайра гирифтор мешаванд, зеро аз як тараф дар хунукӣ масуният (иммунитет) заиф гашта, аз тарафи дигар норасоии витамину элементҳои зарурӣ эҳсос мешавад. Ин боиси хурўҷи бемориҳои гуногун мегардад.

Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва дастгирии молиявии ташкилоти USAID ноҳияи Ҳисор ҳамчун ноҳияи пилотӣ оид ба ҷорикунии стандатрҳои миллие, ки ба Тоҷикистон ворид шудааст, интихоб гардид. Ин стандартҳо чиро дар назар доранд? Пеш аз ҳама, бурдани валодати физиологӣ, яъне, зан бояд бо роҳи табиӣ таваллуд кунад. Дуюм, валодат бо аворизи гипериантенсивӣ, яъне, заноне, ки ба шуъба, фарз кардем бо фишорбаландӣ ворид мешаванд, мо бояд ба ў баҳри модаршавии бехавф чӣ гуна рафтор карданро донем. Ё фарз кардем, заноне, ки бо хунравӣ ворид мешаванд, бо онҳо чӣ гуна кўмак расонем. Умуман, мо бояд ҳамеша ба чунин ҳолатҳои душвор омода бошему баҳри кўмак ба модар ва тифли ба дунё меовардааш вақтро лаҳзае аз даст надиҳем.

Бо ҷорӣ шудани стандарти мазкур аз соли 2010 то соли 2014 дар фаъолияти мо дигаргуниҳои зиёд ба амал омад. Миқдори ҳодисаҳои хунравии шадид 2-3 маротиба кам шуд. Ҳоло аз рўи стандарт ҳар мутахассис кори худро мушаххас медонад ва тибқи он рафтор мекунад. Танҳо тайи як соли охир миқдори заноне, ки ба онҳо хун ва шираи хун медиҳем, кам шуд. Агар соли 2013 теъдоди клиникопсияҳо 45 нафар бошад, соли 2014 ин рақам 34 нафарро ташкил дод.

— Дар таваллудхона барои занҳое, ки то таваллуд гирифтори бемориҳои гуногун гаштаанд, чӣ гуна кўмаки тиббӣ расонида мешавад? Оё дар ҳама бахшҳо мутахассисон мерасанд?

— Тавре дар боло гуфтем, ноҳияи мо пилотӣ буд. Тўли як моҳ бо дастгирию мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ олимони варзидаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, мутахассисони варзидаи Вазорат аз ҳисоби духтурони эҳёгар (реанематолог), момодояҳо, табибони кўдакони навзод (неонатолог), ҳамшираҳои хурди тиббӣ, ки дар ҳуҷраҳои кўдакдор кор мекунанд, 60 нафар тренер омода намуданд.

Тренерҳои омодашуда дар таваллудхонаҳо таҷрибаю малакаи омўхтаашонро амалӣ карда истодаанд.

Бинобар зиёд шудани корҳои тарғиботӣ миёни бонувон ва нисбатан баланд шудани маърифати тиббии аҳолӣ аксари занони қобили ҳамл дар давраи ҳомиладорӣ аз назорати духтурони занона мегузаранд. Дар таваллудхона мо шуъбаи амрози занона ва оризаҳои ҳомиладорӣ дорем, ки аз 25 кат иборат мебошад. Занони гирифтори камхунӣ, фишорбаландӣ, касалиҳои дил ҷоғар ва ғайра то таваллуд дар ин шуъба ба табобат фаро гирифта мешаванд. Онҳо зери назорати мутахассисони қарор мегиранд, ки ин эҳтимоли хатари таваллуди вазнинро кам мекунад.

— Оид ба нигоҳ доштани фосилаи байни таваллуд миёни занон чӣ гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад?

— Ҳар моҳ як маротиба дар ноҳия ҷамъомади момодояҳо баргузор мегардад. Дар он на танҳо акушер-гинекологҳо, балки духтурони оилавӣ низ ширкат варзида, оид ба нигоҳ доштани фосилаи байни таваллуд дарс мегузаранд. Мутахассисони мо ба мактабу литсей ва омўзишгоҳҳо рафта оид ба модаршавии бахавф, риояи гигиена, пешгирии бемориҳои ҷоғар, камхунӣ, гурда ва ғайра суҳбатҳо доир мекунанд. Зеро толибаи имрўза оянда модар мешавад. Модари солим насли солимро ба воя мерасонад.

Аксар бемориҳои зикргардида аз ноогоҳӣ сар мещанад. Додани маълумоти муфид метавонад боиси пешгирии ин гуна бемориҳо гардад.

— Никоҳи хешутаборӣ солҳои пеш низ ривоҷ дошт. Ҳоло ҳам ба назар мерасад. Агар миёни хонадоршавандагон бемории умумӣ (якхела) бошад, хавфи бо ин беморӣ таваллуд шудани фарзанд бештар мешавад. Дар таҷриба мо гирифторони бемориҳои эмбриофитопатӣ (бемории модарзодии тифли нуқсондор)-ро дучор меоем, ки исқот мекунанд. На ҳамаи онҳо хешу таборанд. Чунин бемориҳо миёни зану шавҳари бегона ҳам дучор меоянду миёни хешутабор ҳам. Лекин агар мо аз ҳамон миқдори ками беморони вобаста ба никоҳи хешутаборӣ ҳам ҷилавгирӣ кунем, нишондиҳандаҳо хуб мешаванд.

Мусоҳиб С. Суннатӣ.

Мақолаи гузашта

Саломатии кўдаконатонро ҳифз намоед!

Мақолаи навбатӣ

Модар бо тифли батнаш гуфтугў мекунад!?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Модар бо тифли батнаш  гуфтугў мекунад!?

Модар бо тифли батнаш гуфтугў мекунад!?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Фармацевтические новости со всего мира

Фармацевтические новости со всего мира

13.12.2025
Барномаи рушди тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

Барномаи рушди тандурустӣ натиҷагирӣ шуд

12.12.2025
Чашм бепарвоиро намепазирад

Чашм бепарвоиро намепазирад

11.12.2025

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ