
Дар маҷлиси умумии кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ натиҷаи шашмоҳаи фаъолияти Хадамот баррасӣ шуд. Сардорони сарраёсатҳои марказӣ, сарраёсату раёсатҳо дар вилоятҳо ва минтақаи Кўлоб аз корҳои ин давра ҳисобот доданд. Зимни таҳлил дар баробари зикри комёбиҳои назаррас сухан аз камбудию норасоиҳои ҳанўз мавҷуда ва роҳҳои ислоҳи онҳо низ рафт.
240 САНҶИШ ЧИРО НИШОН ДОД?
Дар давоми шаш моҳ дар 240 муассисаи тандурустӣ санҷиш гузаронида шуд. Аз ин 173 санҷиши нақшавӣ ва 67 санҷиши ғайринақшавӣ буд. Аз ин миён 42 санҷиши муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифт.
Дар натиҷа, дар асоси камбудию норасоиҳои ошкоркарда чораҳои зерин андешида шуданд:
— муҷозоти маъмурӣ тариқи ҷарима нисбати 210 корманди тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 233 150 сомонӣ;
— пешниҳод барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 280 корманди тандурустӣ;
— пешниҳоди ба вазифа номуносиб будани 5 корманди тандурустӣ;
— ба курси такмили ихтисос пешниҳод кардани 387 корманди тандурустӣ;
— ошкор шудани 9 иштибоҳи тиббӣ.
ТАҲЛИЛИ ҲОДИСАҲОИ ФАВТИ МОДАРОН
Аз ҷониби кормандони Хадамот дар нимсолаи якум 8 ҳодисаи фавти модарӣ мавриди баррасӣ гашт. Дар натиҷа нисбати 6 корманди тиббӣ тибғи моддаи 110 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти маъмурӣ (ҷарима ба маблағи 9360 сомонӣ) пешниҳод шуд. Нисбати 1 корманд паст кардани дараҷаи тахассус, нисбати 2 нафар аз вазифа озод намудан ва нисбати 12 масъулини муассисаҳои табобатию пешгирӣ бошад, ҷазои интизомӣ.
НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ДОРУХОНАҲО
Айни замон дар ҷумҳурӣ 3500 дорухона фаъолият менамояд. Дар шаҳри Душанбе теъдоди онҳо ба 804, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ — 545, минтақаи Бохтару Кулоби вилояти Хатлон мутаносибан 703 ва 386, вилояти Суғд — 991 ва ВМКБ ба 71 расидааст.
Ҳангоми санҷиш аз онҳо 912 номгуй дору ва моли тиббӣ ба миқдори 32015 адад аз муомилот гирифта шуд. Аз ҷумла 752 номгуй дору ва моли тиббии мўҳлати истифодааш гузашта ба миғдори 11245 адад, 146 номгуй маводи дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 2014 адад ва 14 номгуй маводи дорувории ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгуй набуда ба миғдори 18 756 адад. Аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ бошад, 16 номгуй дору ва моли тиббии мўҳлати истифодааш гузашта ба миқдори 168 адад.
НОБУДСОЗИИ ҚАРИБ 108 ТОННА ДОРУЮ МАВОДИ ТИББӢ
Дар 6 моҳ кормандони Сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамот 107 632 кг маводи доругӣ, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтии мўҳлати истифодааш гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгўй набударо оташ задан нобуд карданд.
Ҳамчунин мутобиғи моддаҳои 121 ва 122-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсони воқеию ҳуқуқӣ, мансабдор 165 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба нақзи қоидаҳои фаъолияти фармасевтӣ тартиб дода шуд. Дар натиҷаи ин тадбир, маблағи умумии ҷарима, ки зиёда аз 630 ҳазор сомониро ташкил дод, ба буҷети давлатӣ ирсол гардид.
“Даво”



