• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Синамаконӣ модарро аз дардҳо эмин медорад 

от user
в Модару кӯдак
0

Шири модар ғизои беҳтарин ва бехатартарин барои кўдакони хурдсол аст

Дар таркиби шири модар барои солиму бардам инкишоф ёфтани тифл тамоми моддаҳои зарурӣ мавҷуданд, хусусан дар шаш моҳи аввали ҳаёт. Таркиб ва сохти шири модар аз лаҳзаи ба дунё омадани навзод рўз аз рўз, мутобиқ ба талабот ва ниёзи тифл, ки дар инкишоф аст, тағйир меёбад. Масалан, калтсий ва фосфор дар шири модар ҳамарўза ба он миқдорест, ки барои рушди тифл заруранд. Ғайр аз ин, шири модар он моддаҳоеро дорад, ки талаботи нодири инсони навзодро ба чунин моддаҳои ғизоӣ, ба мисли баъзе аз кислотаҳои ивазнашавандаи чарбии нимсер, сафедаҳои шир ва оҳани ба шакли осон ҳазмшавандаро қонеъ менамоянд. Он, ҳамчунин, моддаҳои фаъоли иммунологӣ ва биологиро дорост, ки дар омехтаҳои ширии кўдакона мавҷуд нестанд.

Бояд таъкид намуд, ки шири модар тифлро аз сироятҳои бактериявӣ ва вирусӣ эмин нигоҳ медорад ва метавонад ба мутобиқшавии рўдаи навзод ва инкишофи он мусоидат намояд.

Гайр аз ин, кўдакон ҳангоми синамаконӣ аз бемориҳои сироятӣ эмин мебошанд ва дар онҳо заминаи мустаҳкаме барои инкишофи баъдинаи рўҳию ақлонӣ (инкишофи мағзи сар) гузошта мешавад.

Синамаконӣ на танҳо барои инкишофи ҷисму ҷони тифл зарур аст, он ҳамчунин муҳофизи беҳамтои солимии модар аст. Ҳангоми макидани сина ҳормони окситатсин пайдо мешавад, ки кашишхўрии бачадонро зиёд менамояд ва модарро аз хунравии баъди таваллуд эмин медорад. Қатъ шудани ҳайз бошад, имкони ҳифзи протеин, маводи оҳандор ва дигар моддаҳои барои ҷисми модар зарурро то анҷоми давраи ширдиҳӣ дорад.

Синамаконӣ, инчунин омили муҳими пешгирии ҳомиладоршавии бемаҳалу бенизоми зан аст.

Ва муҳим аз ҳама, ширдиҳӣ хавфи инкишофи бемориҳои саратони ғадуди сина, тухмдон ва бачадонро кам сохта, занро аз остеопароз ҳимоя месозад ва боиси хавфи паст шудани ҳамли номатлуб дар давраи синамаконӣ, зуд баргаштани вазн ба ҳолати муқаррарии пеш аз таваллуд гашта, аз бемориҳои устухон ва фарбеҳӣ муҳофизат менамояд.

Мавҷуда УРМАНОВА,

духтури занонаи Беморхонаи марказии н. Кўшониён, сарвари ҶДММ “Марями Муродҷон”

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Дандон ҳам ғамхорӣ мехоҳад 

Мақолаи навбатӣ

Бемориҳои кӯдакон дар фасли зимистон 

user

user

Мақолаи навбатӣ
Бемориҳои кӯдакон дар фасли зимистон 

Бемориҳои кӯдакон дар фасли зимистон 

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ