
— мегўяд ортодонти шуъбаи стоматологии Маркази саломатии шаҳри Данғара Асомиддин РАҲИМОВ
-Асомиддин, Шумо аз рўйи мақоли хуби халқии “мероси падар хоҳӣ, касби падар омўз” амал намуда, духтур шудед. Ҳамин тавр?
— Дар ҳақиқат, интихоби касб бароям мушкил набуд, зеро ҳанӯз ҳангоми мактабхонӣ ҳар вақт назди падарам, анестизиолог-реаниматолог буданд, мерафтам. Фахр мекардам, ки бо кӯшиши он касу ҳамкасбонашон беморони вазнинтарин баъди ҷарроҳӣ шифо меёбанд. Аз он замон орзу доштам, ки духтур шавам. Ҳамин буд, ки факултаи стоматологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардам. Падарам баъдтар ба Душанбе рафтанду солиёни зиёд аст, ки мутахассиси ултрасадо (УЗИ) мебошанд.
— То ҷое медонам, шумо яке аз самтҳои муҳиму мураккаби дандонпизишкӣ ортодонтияро пеш гирифтаед. Яъне бо нафароне сарукор доред, ки ҷоғу дандонҳояшон нуқсдор аст.
— Бале, ман ортодонт ҳастам ва баъди хатми донишгоҳ ва соле чун интерн дар шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи кӯдакона дар беморхонаи Қарияи Боло таҳти роҳбарии устоди гиромӣ Абдуғаффор Абдураҳмонов таҷриба андӯхтан соли 2019 ба шуъбаи стоматологии Маркази саломатии шаҳри Данғара ба кор омадам. Ин ҷо ҳамроҳ бо мутахассисони варзида Мақсуд Исматов, Алихон Қурбонов ва Тоҷиддин Казаков то имрӯз машғули табоба ҳастем. Беморони мо, асосан, кӯдакону наврасонанд, ки ба онҳо брекет мегузорем.
— Кадом вақт брекет гузоштан ногузир аст?
— Назди ортодонт падару модарон фарзандони хурдсолашонро бори аввал дар се — чор солагӣ, вақте дандонҳои ширӣ баромаданд, бояд биёранд. Агар ҳамааш хуб бошад, дафъаи дигар дар 7- 8 солагӣ. Зеро дандонҳои асосӣ дар 15-17- солагӣ ташаккул меёбанд ва дар сурати ноҳамвору каҷу килеб баромадани дандонҳои насли аввал ва дуруст рӯйи ҳам наомадани қатори дандонҳо, яъне нуқси ҷоғҳои поину боло кӯдак азоб мекашад. Ғайр аз ин, аз дандони каҷу килеб онҳо назди ҳамсолон хиҷил мешаванд. Аз ин рӯ, сари вақт ин норасоиҳоро бояд ошкору табобат кард. Хушбахтона, солҳои охир падару модарон ба ин масъала бештар диққат медиҳанд ва мо ҳам брекет гузошта, аз пайи ислоҳи ин нуқсонҳо мешавем.
— Ҳоло чӣ намуд брекетҳо мегузоред?
— Ортодонҳо бештар аз 6 намуди он истифода мебаранд: фулузӣ, сафолӣ, пластикӣ, ёқутӣ, омехта ва лигванӣ. Мо, асосан, брекетҳои фулузӣ насб мекунем
— Барои гузоштанаш ягон тайёрии махсус зарур аст?
— Барои оғози табобати ортодонтӣ аввал пурра табобат кардани карва (кариес) зарур аст. Ҳамчунин, ҳатман сангу лояи ҷамъшудаи дандонро тоза мекунем. Ортодонт ҳеҷ гоҳ брекет намегузорад, агар карва, киста ё пулпит мавҷуд бошад.
— Гузоштани он чанд вақт меравад ва зимни он мизоҷ сахт дард мекашад?
— Шумо бо ин саволатон ҳамаро метарсонед. Дар асл, тамоман ин тавр нест. Брекетгузорӣ кори мураккабу нозук буда, метавонад то ду соат равад. Лекин дар ин муддат бинобар технологияю воситаҳои муосир бемор ягон азоб ё дард намекашад. Ба дараҷае, ки аз тамом шудани насбкунӣ бехабар мемонад.
— Брекет ба писарҳою духтарҳо чӣ нороҳатӣ оварданаш мумкин?
— Дар рӯзҳои аввал дарду ноҳинҷорӣ эҳтимол дорад. Ҳамчунин, шояд назди ҷӯраю дугонаҳояшон аз брекет шарм кунанд, ки ин зуд мегузарад. Лекин ин ҳама аз як ҳафта зиёд намеравад.
— Дар давраи муолиҷа кўдакону наврасонро аз чӣ бозмедоред? Дар давраи брекетӣ дар ғизо ягон маҳдудият мешавад?
— Ҳангоми брекетдорӣ хавфи аз дандон канда шуданаш ҳаст. Кадом вақт? Вақте, масалан себро мегазад ё ягон чизи сахти дигарро. Аз онҳо муваққатан парҳез кардан хубтар. Дар сурати бисёр хостан аввал реза карда, баъдан бояд истеъмол кард. Инчунин, падару модарон нӯшокиҳои газдорро ҳам набояд ба кӯдакон бидиҳанд.
— Ба шумо калонсолон ҳам муроҷиат мекунанд?
— Баъзан меоянд. Чанде пеш зани 34-35 — солае омад, ки аз дандонҳои каҷаш шарм медораду ягон илоҷе ёбем. Мо ин гуна мизоҷонро ҳам табобат мекунем. Лекин муолиҷа тӯлонӣ мешавад, зеро дандонҳои онҳо кайҳо ташаккул ёфтаанду рост карданашон заҳмату вақт металабад.
— Асомиддин, сабаби каҷу килебию пасу пеш шудани дандонҳо, ба ҳам наомадани ҷоғҳоро Шумо чун мутахассис дар чӣмебинед?
— Пеш аз ҳама, сабаби асосӣ генетикист. Ҳамчунин зарб хӯрдан, одатҳои бад ба ин ҳол оварда мерасонад.
— Баъди табобати брекетӣ ва шифо ёфтан якумин маслиҳате, ки ба мизоҷони хурдсолатон медиҳед, чист?
-Эҳтиёт кардану тоза нигоҳ доштани дандон. Гарму хунук накардан. Ҳатман тарзи дурусти дандоншӯйиро мефаҳмонам. Дандон бо вуҷуди сахттарин узви инсон будан, ҳамчунин басо нозук аст ва пайваста нигоҳубин мехоҳад. Хоҳед, ки дандонҳоятон ҳамеша росту зебо бошанду табассуматонро ҷаззоб кунанд, ба онҳо ғамхор бошед. Ин кори душвор нест. Вақти бисёр ҳам намегирад, лекин натиҷааш метавонад шуморо ҳамеша кушодарую хандон нигоҳ дорад.
— Ташаккур, барои маслиҳатҳои муфид. Муваффақ бошед!
— Сипос аз Шумо ва маҷаллаи “Даво” барои таваҷҷуҳ.
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД,
махсус барои “Даво”



