
Бо фаро расидани баҳор табиати Тоҷикистон ҷомаи сабз ба бар мекунад. Кӯҳу доманакӯҳҳо ва водиҳо пур аз гиёҳҳои худрӯй мегарданд, ки на танҳо зебоӣ мебахшанд, балки барои саломатии инсон низ манфиати калон доранд. Дар ин фасл чукрӣ, торон, шибит, рошак, қоқу, каравчак ва даҳҳо навъи дигар мерӯянд, ки мардум онҳоро дар ғизои рӯзмарра истифода мебаранд.
Гиёҳҳои баҳорӣ ҳамчун манбаи табиии витаминҳо ва моддаҳои минералӣ шинохта мешаванд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки растаниҳое, ки дар баландиҳои кӯҳсор месабзанд, аз лиҳози таркиби ғизоӣ пурқиматтаранд. Аз ин рӯ, ҷамъоварии гиёҳҳои кӯҳӣ дар байни аҳолӣ анъанаи дерина дорад.
Яке аз маъруфтарин гиёҳҳои баҳорӣ сиёҳалаф мебошад. Онро аз рӯи пояаш ба осонӣ метавон шинохт: ҳангоми чидан нӯги он зуд сурх мегардад, зеро дар таркибаш миқдори зиёди йод мавҷуд аст. Ҳангоми пухтупаз низ ранги он каме бунафш мешавад. Дар бисёр хонадонҳо сиёҳалафро бо чакка истеъмол мекунанд ва ҳатто барои фаслҳои дигар хушк намуда нигоҳ медоранд.
Сиёҳалаф дорои витамини С, каротин, фитонсидҳо ва маҷмӯи витаминҳои гурӯҳи В (В1, В2, РР) мебошад. Инчунин дар таркиби он оҳан, калий, руҳ, марганетс ва йод фаровон аст. Маҳз ҳамин бойигарии табиӣ онро ба як навъ “антибиотики табиӣ” табдил медиҳад, ки ба тақвияти масуният мусоидат мекунад.
Ин гиёҳро дар муолиҷаи баъзе бемориҳои меъдаю рӯда, аз ҷумла гастрит ва захми меъда истифода мебаранд. Баргҳои он иштиҳоро меафзоянд ва ба ҳазми ғизо кумак мерасонанд. Барои шахсони гирифтори мушкилоти ғадуди сипаршакл низ истеъмоли он судманд шумурда мешавад, зеро рибофлавин фаъолияти онро танзим менамояд.
Умуман, гиёҳҳои кӯҳӣ на танҳо болаззат, балки барои дил, ҷигар, майна ва дигар узвҳои бадан низ муфид мебошанд. Аз онҳо метавон отала, оши бурида, умоч, самбӯса ва хӯришҳои гуногун омода кард. Бартарии дигар ин аст, ки чунин ғизоҳо серғизо буда, хавфи зиёдшавии вазнро ба вуҷуд намеоранд ва аз ҷиҳати молиявӣ низ дастрасанд.
Бо вуҷуди фоидаи зиёд, ҳангоми истифодаи гиёҳҳо бояд қоидаҳои беҳдоштӣ риоя карда шаванд. Азбаски онҳо дар рӯи замин мерӯянд, пеш аз истеъмол бояд бодиққат шуста шаванд. Тавсия мешавад, ки гиёҳро тақрибан як соат дар оби каме шӯр тар карда, сипас бо оби тоза шуста истифода намоянд.
Ҳамин тавр, гиёҳҳои баҳорӣ бахше аз фарҳанги ғизоии мардум буда, дар баробари таъмини лаззати таом, барои нигоҳдории саломатӣ ва пешгирии норасоии витаминҳо нақши муҳим мебозанд.



