• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Сохтори нуқсонҳои модарзодии дил

от user
в Бемориҳои дилу рагҳо
0

Мубрамият.  Ҳодисаҳои нуқсонҳои  модарзодии инкишоф, махсусан нуқсонҳои модарзодии дил дар ҳоли имрўз  тамоюли зиёдшавӣ доранд. Нуқсонҳои модарзодии дил дар байни нуқсонҳои  модарзодии дигар узвҳо баъди системаи марказии асаб ҷои дуюмро ишғол менамоянд (Бемориҳои кудакон (Н.П.Шабалов) қисми 2, барориши  с. 2008, Москва, банди 12).

       Мақсади тадқиқот. Ташхис, табобати навзодони гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил ва пешгирии он.

       Ҳаҷми тадқиқот:  109 навзод бо нуқсонҳои модарзодии дил аз ташхис гузаронида шуд. Аз он ҷумла 83 зан — истиқоматкунандаи шаҳр, ки 76%ро ташкил мекунанд ва 26 зан — истиқоматкунандаи деҳот – 27% ташкил медиҳанд. Ҳамаи занҳо аз гурўҳи синну соли репродуктивӣ (аз 22 -сола то 35 -сола ) буданд.

       Натиҷаи тадқиқот ва муҳокима: Нуқсонҳои модарзодии дил аз сабаби вайрон шудани эмбриогенез дар ҳафтаҳои 2-8 -уми ҳомиладорӣ дар натиҷаи таъсири омилҳои зараровар  (сирояти дохилибатнӣ, радиатсия, дорувориҳо ва ғайра), гоҳо дар заминаи тамоюли ирсӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамаи навзодони гирифтори нуқсони дил аз тарафи духтурони неонатологҳои таваллудхона бо усули муоинаи аускутатсиявӣ пайдо карда шуда, баъдан аз тарафи кардиологҳо баъди машварат ва муоинаи эхокардиографӣ  тасдиқ карда шудаанд. Вобаста ба вазнинии ҳолат муолиҷа гузаронида шудааст.

Намудҳои нуқсонҳои модарзодии дил:

  1. Нуқсони байни меъдачаҳо 68 навзод – 62,4%
  2. Кушодашавии тирезаи байзашакл 20 навзод – 18,3%
  3. Кушодашавии шараёни артериявӣ 3 навзод – 2,7%
  4. Меъдачаи ягона 2 навзод – 3,4%
  5. Гипоплазияи меъдачаи чап 5навзод –4, 6%
  6. Декстракардия 3 навзод – 2,7%
  7. Стенози шараёни шуш 6 навзод –5, 5%
  8. Транспазитсияи шоҳрагҳо 1 навзод 0,9%

Аз байни навзодони бо нуқсонҳои модарзодии дил таваллудшуда 1 тоаш фавтидаанд; 23 навзод ба зинаи 2 -юми табобат гузаронида шуданд; 76- навзод зери назорати кардиолог ба хона љавоб дода шуданд. Аз 171 навзоди дар ҳафтаи аввали ҳаёт дар таваллудхонаи №3 фавтида, 12 навзод бо нуқсонҳои гуногуни модарзодии дил мебошанд, ки 7% -ро ташкил медиҳанд (9,7-11% нишондодҳои ҷаҳонӣ).

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории гирифтори нуқсонҳои модарзодї ва тарбоди дил» таҳия шудааст. Дар таваллудхонаи №3 иҷроиши ин барнома ба роҳ монда шудааст.

Аз ин лиҳоз, аз гуфтаҳои дар боло зикр шуда, маълум гардид, ки таваллудшавӣ бо нуқсонҳои модарзодии дил дар солҳои охир ба  зиёдшавӣ майл дорад. Махсусан, бо нуқсонҳои меъдачаҳо 62,4%; нуқсони кушодашавии тирезаи байзашакл 18,3% вомехўранд.

Дар байни навзодони фавтида бо нуқсонҳои зерини дил: меъдачаи ягона- 3 навзод; нуқсони  байни меъдачаҳо-3 навзод; нуқсони тирезаи байзашакл- 3 навзод; кушодашавии шараёни артериявӣ- 1 навзод; декстракардия- 2 навзод;

Ба зинаи 2 -юми табобат гузаронида шуд: нуқсони байни меъдачаҳо — 13 навзод; декстракардия- 1 навзод; кушодашавии тирезаи байзашакл- 7 навзод,  кушодашавии шараёни артериявӣ- 1 навзод ва  тетрадаи Фалло- 1 навзод.

Ба хона ҷавоб шуданд: гипоплазияи меъдачаи чап – 4 навзод; нуқсони байни меъдачаҳо — 50 навзод; кушодашавии шараёни артериявӣ- 1 навзод; кушодашавии тирезаи байзашакл -11 навзод; стенози шараёни шуш- 3 навзод ва транспазитсияи рагҳои асосӣ бо нуқсони миёнаи девораи байни пешдилӣ- 1навзод.

Ҳамин тариқ, пешгирии таваллуди кўдакон бо нуқсонҳои модарзодии дил бояд то ҳомилагӣ оғоз шавад.

        Хулоса:

  1. Тарбияи дурусти ҷисмонӣ ва ҷинсии духтарҳо, ташкили ҳуҷайраҳои гинекологии кўдакона, баланд бардоштани машварати тиббӣ-генетикӣ, ташкили маркази банақшагирии оила.
  2. Гузаронидани скрининг оид ба мавҷудияти нуқсонҳои модарзодии дил дар ҷанин барои ҳамаи занон дар муҳлати муқарраргардидаи ҳомиладорӣ зарур аст.     

Саидмуродова Р.Х,  Маҷидов Б.А,  Холинова М.М.

      Кафедраи бемориҳои кўдакони навзоди  МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

Мақолаи гузашта

Дили худро эҳтиёт намоед

Мақолаи навбатӣ

Дастгоҳи дилу рагҳо

user

user

Мақолаи навбатӣ
Дастгоҳи дилу рагҳо

Дастгоҳи дилу рагҳо

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ