• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Дили худро эҳтиёт намоед

от user
в Бемориҳои дилу рагҳо
0

Имрўзҳо шумораи беморони дилу рагҳои хунгард дар ҷумҳурӣ зиёд шудааст. Қисми зиёди шахсони аз 40-сола боло аз бемории дилу рагҳои хунгард азият мекашанд. Сабаби ин бемориро мутахассисони соҳаи тиб дар мушкилоти рўзгор, ҳаводиси гуногуни зиндагиву фаъолияти рўзмарра мебинанд. Аз ин рў онҳо тавсия медиҳанд, ки ҳар шахс бояд ҳар сол як маротиба аз муоинаи табиби дилшинос гузарад.

Мутахассисони соҳа мегўянд, ки одатан инсон аз бемор будани дили хеш замоне огоҳ мешавад, ки аллакай барои бартараф намудани беморӣ коре кардан номумкин ва ё хеле душвор гардидааст. Аксар вақт бемории дил оҳиста-оҳиста хурўҷ мекунад ва маҳз барои ҳамин мўҳлати зиёд шахси бемор аз он бехабар мемонад. Мисоли равшани инро духтурони дилшинос сактаи дил арзёбӣ мекунанд.

Дар байни мардум бемории дилро «қотили хомўш» ном мебаранд, чунки банохост хуруҷ намуда, инсонро якбора ба ҳолати вазнин гирифтор менамояд. Танҳо ташхиси дурусту саривақтӣ ба табибон имкон медиҳад, ки бе хатар ва таҳдид ба ҷони бемор табобати ўро ба роҳ монанд. Дар акси ҳол бемор ба оқибатњои вазнин дучор мегардад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки агар шахс аз дарди дил шикоят надошта бошад ҳам, соле як маротиба аз муоинаи духтури қалбшинос гузарад. Ҳамчунин онҳо мегўянд, ки гирифтори бемории қалб бояд дар ҳар муоина аз духтури худ бипурсанд, ки сари ҳар чанд вақт бояд ба наздаш биёяд. Ба гуфтаи онҳо, нафароне ёфт мешаванд, ки андаке худро солим ҳис кунанд, аз рафтан ба назди табиб даст мекашанд. Аммо онҳо бояд донанд, ки бо гузашти сол омилҳои тавлид ёфтани бемории қалб зиёд мешавад, ки асосан онњо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:

Якум, омилҳоеанд, ки аз мо вобастагӣ надоранд ва мо наметавонем ба будан ё набудани онҳо таъсир расонем. Ба ин гурўҳ синну сол, ирсият ва ҷинсият тааллуқ доранд. Омилҳои гурўҳи дуввум одатҳои зиёновар, аз қабили сигоркашию арақнўшӣ, ҳамчунин стресс, вазни зиёдатӣ ва ғизои носолим мебошанд. Баъди чилсолагӣ дар натиҷаи камњаракатӣ ҳамаи ин аз худ дарак медиҳанд. Хатари ба вуҷуд омадани бемории дил дар ин сунну сол афзоиш меёбад.

Табибон сабаби бемории ишемикии дилро атеросклерози раги шараён медонанд. Ба гуфтаи онҳо солњои охир ин беморӣ ҷавон шудаасту имрўзҳо ҷавонони зиёдеро, мутаассифона, гирифтор  кардааст. Ба иттилои онҳо, имрўзҳо сафи навзодони гирифтори норасоии қалб ва ҷавонон хеле зиёд шудааст.

Мутахассисони соҳаи тиб мегўянд, ки дар вақти сар задани дард дар қисмати қафаси сина бояд мо, пеш аз ҳама, кори дилро санҷида бароем. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки дил дар тарафи  чап аст ва танҳо дар вақти сар задани дард дар тарафи чапи қафаси сина ба духтури дил муроҷиат менамоянд. Дар ҳоле ки як қисмати дил дар тарафи рост низ ҷойгир аст. Аз њама ҷониб дилро шушҳо ињота кардаанд. Вақте ки дил ба дард меояд, бисёриҳо фикр мекунанд, ки ин дарди меъда, шушқо ва ғайра аст. Ҳатто ба гўшаи хаёлашон намеояд, ки ин метавонад бемории дил бошад.

Табибон ҳушдор медиҳанд, ки дар мавриди гирифтор шудан ба бемориҳои қалб вақт ниҳоят муҳим аст ва набояд онро аз даст диҳем, вагарна ҷони ширинро аз даст медиҳем. Ҳамчунин, дар ҳолати эҳсоси дард дар қисмати қафаси сина, пушт ва зери шона, ки одатан вақти ҳаракати зиёди ҷисмонӣ афзоиш меёбад, тапиши зуд-зуд ё баръакс, оҳиста-оҳистаи дил, эҳсоси нохуб дар қафаси сина, нафастангӣ, норасоии ҳаво  ва фишорбаландӣ таъҷилан ба духтури қалб муроҷиат бояд кард. Дар ҳолати сари вақт муайян намудани нишонаҳои бемории қалб мутахассисон метавонанд бидуни амали ҷарроҳӣ табобат кунанд.

Таҳияи Фаррухрўзи Ҷовид.

Мақолаи гузашта

Бемории ишемиявии дил

Мақолаи навбатӣ

Сохтори нуқсонҳои модарзодии дил

user

user

Мақолаи навбатӣ
Сохтори  нуқсонҳои модарзодии дил

Сохтори нуқсонҳои модарзодии дил

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ