• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

НИҲОЛШИНОНИЮ ГУЛПАРВАРӢ БОИСИ ДАРОЗУМРӢ МЕШАВАД

от user
в Варзиш ва саломатӣ
0

Аз офариниши дунё инсон ба мавзеъҳои сердолу дарахт ва гулу сабзазор дил баста буд. Зеро дарахтон на танҳо ба мо мева, балки соя ва ҳавои тоза низ медиҳанд. Баргу танаи дарахтони сабз дар атрофи хонаҳои шаҳр сатҳи мағалнокиро то 10 маротиба кам (паст) мекунанд. Дар фасли тобистон ҷои сердолу дарахт нисбат ба ҷои бедарахт 4-6 дараҷа салқинтар аст.

Боғпарвари собиқадор, сокини пойтахт Ҳоҷӣ Муҳаммадятим Ҷумъаев мегўяд, ки гулу дарахтон дар баробари зеби шаҳру деҳот будан аз худ моддаҳои махсус-фитонсидҳо хориҷ намуда, дар нобудсозии бактерияҳои бемориовар ва поксозии ҳаво саҳми калон мегузоранд.

— Агар дарахту гулу сабзазор набошанд, роҳҳои мумфаршу хонаҳои бетонӣ дар тобистон гармии зиёдро инъикос намуда, нафасгириро мушкил мегардонанд. Гази карбонат ва чангу ғуборро низ «дўстони сабз»-и мо ба худ кашида, ҳавои нафас мегирифтаамонро тоза менамоянд, — мегўяд М. Ҷумъаев.

Номбурда солиёни зиёд дар ноҳияи Муминобод ва шаҳрҳои Кўлобу Душанбе садҳо бех ниҳол сабз карда, коми ҳазорон нафарро ширин кардааст. Ў муътақид аст, ки ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини гулу дарахтон боиси солимии ҷисм гашта, умри инсонро дароз мекунад.

— Агар шахсе мубталои бемории ҷигар бошад, ба вай шинонидану нигоҳубини ниҳоли дарахти булут (дуб) тавсия дода мешавад. Ба ақидаи олимон нигоҳубини ниҳоли булут ба барқароршавии ҷигар мусоидат мекунад. Шинонидану парвариши терак бошад, дар муолиҷаи неврозу психоз ва инкишофи сусти ҷисмонию равонии кўдакон кӯмак менамояд, — мегўяд Ҳоҷӣ Муҳаммадятим.

Мувофиқи тавсияи олимони соҳаи тиб шинонидану парвариши ниҳоли сӯзанбарг ба солимии сутунмўҳра мусоидат карда, барои ислоҳ шудани одамоне, ки дар суханашон устувор нестанд, дар ҳаёт марому мақсади муайян надоранд, фақат ғами имрўзаро мехўранд ва зуд-зуд ақидаашонро дигар мекунанд, кӯмак мерасонад. Агар инҳо ниҳоли сўзанбарг шинонида, вайро хуб нигоҳубин намоянд, иродаашон мустаҳкам гардида, оҳиста-оҳиста мушкилоти мавҷудаашон ҳал мешавад.

— Дарахти арчаро бошад, берун аз хона, дар канори роҳҳо ва ҷойҳои бекормонда шинонидан беҳтар аст. Шинонидани ниҳолу қаламчаи бед дар наздикии ҷўю дарёҳо заминро аз шусташавӣ ҳифз намуда, боиси беҳтаршавии ҳолати гирифторони бемориҳои меъда ва рўдаи дувоздаҳангушта мегардад, — иброз намуд боғпарвари номӣ.

Шинонидану парвариши дарахти (клён) дар муолиҷаи диққи нафас ва дигар бемориҳои роҳи нафас мадад мерасонад. Барои ашхоси гирифтори бемориҳои дил шинонидани ниҳоли дарахти кедр ва нахл (пальма) муфид аст.

Ҳоҷӣ Муҳаммадятим дар гулпарварӣ низ мумтоз буда, дар ин бора адабиёти заруриро мутолиа мекунад. Ў муътақид аст, ки нигаристан ба гулҳои рангоранг ба муолиҷаи баъзе бемориҳо мусоидат менамояд. Чунончӣ, нигаристан ба гулҳои сафед ва гулобӣ асабонияту оташиншавиро рафъ менамояд. Гули марворид («маргаритка») бошад, хасташавии чашмро рафъ менамояд.

Нигаристан ба гулҳои рангашон сурх ва бунафши баланд, иштиҳоро барқарор мекунад, ки ин барои пурра сиҳатёбии шахсони аз ҷарроҳӣ ва ё аз бемории дурудароз бархоста мусоидат мекунад. Тамошои гулҳои зардранг ва кабудча бошад, иштиҳоро мебандад, ки ин барои ашхоси вазни зиёдатидошта муфид аст. Нигаристан ба сабзазор ва барги дарахтони сабз асабро ором намуда, ба чашм нур мебахшад.

Дар ҳама ҳолат гулпарварию дарахтшинонӣ муфид аст. Ҳатто сокинони шаҳр низ метавонанд дар назди иморати баландошёна ниҳоли дарахтеро шинонида, ба воя расонанд. Давоми сол бошад, дар тубакчаҳои назди тиреза гул шинонида, аз нашъунамояшон лаззат баранд, — хулоса намуд Ҳоҷӣ Муҳаммадятим Ҷумъаев.

Сайфиддин СУННАТӢ

Мақолаи гузашта

Табибони тоҷик соли 2022 бори аввал як зумра амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳоро гузарониданд

Мақолаи навбатӣ

Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд

user

user

Мақолаи навбатӣ
Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд

Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ