
Ўро як рўз пеш аз ҳамсӯҳбат шуданамон дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус вохўрдам. Аз ҷаласаи назди раиси ноҳия баромада, сари кадом мавзўи ҷиддие бо муовини раиси ноҳия Мақсуда Нарзуллоиён сӯҳбат дошт. Мулоҳизакорона сухан мегуфту бо ишораи даст гўё роҳи ҳалли масъаларо нишон медод.
Бонуи кордону таҷрибаандӯхта аст, Мунира. Ӯ роҳбари Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии (ШМКАТС) ноҳия буда, ҳар ҷое фаъолият кардааст, бо кори хуб номи некашро гузоштааст. Мутахассиси варзидаи тиб, ки ҳаст, ба ҳазорон бемор шифо бахшидааст, — тавсиф кард Мақсуда Нарзуллоиён Мунира Муродоваро.
… Мунира замони наврасӣ таваҷҷуҳи зиёд ба филмҳои дедективӣ дошт. Шавқу рағбати дар оянда муфаттиш шудан маҳз аз тамошои онҳо дар қалбаш маскан гирифт. Дар пайравӣ ба қаҳрамонони филмҳои дӯстдоштааш хислатҳое, чун ҷасорат, матонат, ҳақиқатпарастӣ, ростқавлию инсондӯстиро дар ботин мепарварид. Ҷасуру нотарс буд ва мехост дар ҳифз намудани адолат дастболо бошад.
— Падарам шахси ниҳоят хоксору меҳрубон буданд ва ҳар нозу нузи мо, фарзандонро бо ҷону дил ба дида мебардоштанд. Волидонам ҳашт фарзанд, аз ҷумла мо шаш духтарро бо камоли меҳр ба воя расониданд. Барои донишманд ва соҳибкасб шуданамон басо заҳмат кашиданд, то ки ҳар кадом дар касб тавон ёбем, дар кору рӯзгор муваффақ бошем. Имрӯз гуфта метавонам, ки дуои падарам, фотеҳаи некашон гӯё машъале шуду роҳи ояндаи моро мунаввар кард. Ва мо, фарзандон, дар зиндагӣ мавқеи арзандаи худро пайдо намудем, — изҳори ифтихору сипос мекунад Мунира.
Ба ёд меорад, ки агарчи орзуи муфаттиш шудан дошт, вале дар интихоби касб сухани падарро ду накард: “Баъди хатми мактаби миёна қиблагоҳро аз тасмимам огаҳ намудам. Ӯ лаҳзае сукут карду гуфт: «Не, ҷони падар, ту бояд духтур шавӣ!»
Дар солҳои пурошӯби 90-ум онҳое, ки донишҷӯ ё хатмкардаи донишгоҳи тиббӣ буданд, аз мушкили дохилшавӣ ва таҳсил зиёд ҳарф мезаданд, ки аз ин Мунираро дар дил тарс пайдо шуд. Аммо ҷасорату матонаташ боло гирифт ва бо дуои падар ба Душанбе рафт.
Соли 1995 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурд. Сарфи назар аз душвориҳо хуб хонд ва соли 2000 пас аз хатми донишгоҳ ҳамчун духтури акушер-генеколог фаъолиятро аз Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намуд.
Соли 2006 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус корро идома дода, солҳои 2015 — 2021 мудирии таваллудхонаро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2021 инҷониб ӯ дар вазифаи роҳбарии Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия фаъолият дорад.
— Аз ибтидои соли равон кормандони Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия қариб ба 144 ҳазор нафар кумаки аввалияи тиббӣ расониданд. Онҳо дар баробари расондани кумаки аввалияи тиббӣ оид ба пешгирии намудҳои гуногуни бемориҳои сироятӣ, аз қабили зардпарвин, домана, сил, бруселлёз, дарунравӣ, ВНМО, табларза байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ бурда истодаанд, — иброз медорад ӯ .
Мунира мегӯяд, ки тарғибот дар масъалаҳои пешгирии ҳамли номатлуб, зоиши хонагӣ, сари вақт эмгузаронии кӯдакон, назорати меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар маҳалҳо, истеъмоли оби тоза, назорати диспансерии бемориҳои музмини дарунӣ ва ғайра кори доимии кормандони муассисаҳои тиббӣ буда, онро бо камоли масъулият баҷо меоранд.
— Шояд фаъолиятам дар соҳаи тиб чандон тӯлонӣ набошад, вале дар ин муддат, бахусус, дар 10 соли охир пешрафти назаррас дар ин самт зиёд мушоҳида мешавад. Як даврае агар нарасидани мутахассисони соҳа мушкили рӯз буд, имрӯз он ҳалли худро ёфтааст. Дар шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ҳоло 59 духтури соҳибтахассус фаъолият доранд ва 295 корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмати аввалияи тиббӣ мерасонанд.
Чуноне ҳамсуҳбатам зикр мекунад, солҳои охир беморон барои ташхису табобат ба маркази вилоят ё пойтахт намераванд, зеро чунин зарурат аз байн рафтаасту онҳоро дар Маркази саломатии ноҳия табибон бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ ташхису табобат мекунанд. Ин дастоварди басо муҳим аст. Ба ибораи дигар, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар марказҳои саломатии кулли ноҳияҳо низ бо таҷҳизоти замонавӣ ҳарчи бештару беҳтар таъмин карда мешаванд, ки ба ин васила сифати хизматрасонии тиббӣ ба ниёзмандон торафт боло меравад.
Мунира Муродова аз фаъолияти муассиса боз як далели дигар овард, ки бозгӯи усулҳои муфиди ташкили хизматрасонист. Сухан аз «Корвони саломатӣ» меравад. Он аз ҳайати табибон ва кормандони миёнаи тиб иборат буда, ҳар сари чанд вақт ба роҳ мебарояд, то ки бевосита дар деҳоти дуру наздик аз вазъи саломатии аҳолӣ огаҳ шаванд ва дар зарурат тадбир андешанд. Сафари навбатӣ чанде пеш ба деҳаи Шарқи ноҳия сурат гирифт ва ба духтурон имкон дод, ки беморони зиёдро муоина намоянд.
— Дар ин сафар табибони «Корвони саломатӣ» 19 ҳомиладор, 55 бемори асаб, 8 бемори гирифтори диабети қанд, 41 бемори дилу рагҳо ва дигар беморонро муоина намуда, ҷиҳати табобат тавсияҳои зарурӣ доданд, — қаноатмандона мегӯяд Мунира.
Зимнан, дар қайди ШМКАТС-и ноҳия ҳамчунин занҳои ҳомиладоре ҳастанд, ки таҳти назорати махсус қарор доранд. Онҳо занҳои мубталои бемориҳои камхунӣ, гурда ва ғадуди сипаршакл мебошанд, ки шумораашон торафт коҳиш ёфта, алъон ҳамагӣ 15 нафаранд. Дигар ин ки солҳои пешин аксари занон таваллудро дар хона авло медонистанд ва бо ин рафтор саломатии худ ва тифлашонро зери хатар мегузоштанд. Корҳои фаҳмондадиҳии зиёде, ки табибон байни мардум гузаронданд, натиҷаи матлуб овард: дар чанд моҳи охир ҳамагӣ чор зан дар хона таваллуд намуд.
Мунира Муродова ҳамчун роҳбар аз ин ҳама дастовардҳои муассиса ва ҳамкоронаш бешак шод аст. Лекин ба хотирҷамъӣ роҳ намедиҳад. То беморе ҳаст, табиб осуда буда наметавонад, — мегӯяд вай. Ҳамин ҳисси масъулиятшиносӣ, дониши қавӣ ва таҷрибаи бой неруяш мебахшанд, ки муҳофизи муваффақи саломатии аҳолии ноҳия бошад. Воқеан ҳам, падараш беҳуда “духтур шав” нагуфта будааст. Зеро бо чашми дил дар ниҳоди фарзандаш истеъдоди табибиро бармаҳал пай бурда будааст.
Паймонаи Ҷовидон, “ДАВО”



