Турб растании бехмева буда, мунтазам истеъмол намудани он ба саломатии инсон фоидаовар мебошад. Дар шароити Тоҷикистон асосан ду навъи турб кишт карда мешавад: марғелонӣ ва ашқободӣ. Онро асосан дар фасли тобистон, махсусан охири моҳи июн ва аввали моҳи июл корида, дар охирҳои фасли тирамоҳ ва зимистон ҷамъоварӣ менамоянд.
Қобили зикр аст, ки турб сабзавоти дўстдоштаи халқи тоҷик ба шумор рафта, бисёр вақт онро тару тоза дар хўришҳо ва таомҳои миллӣ илова менамоянд.
Таркиби турб аз витаминҳо ва моддаҳои минералӣ бой буда, асосан дорои витаминҳои гурўҳи В, ба монанди В1, В2, В5, В6, С, А, Е, РР ва аз моддаҳои минералӣ бошад: калий, калтсий, магний, натрий, фосфор ва оҳан иборат аст. Турб сабзавоти парҳезӣ ва табобатӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳазм шудани ғизо дар системаи ҳозима ва хориҷ шудани моддаҳои бегона аз организм кўмак мерасонад.
Турбро аз замонҳои қадим ҳамчун растании фоидаовар барои саломатии инсон истифода менамоянд. Вобаста ба ин Абўалӣ ибни Сино як қатор тавсияҳои муфид дода, истифодаи тухми турбро барои муолиҷаи нуқсони ҷигар ва бо шираи бехаш бошад, муолиҷаи обхўраро тавсия намудааст.
Бояд қайд кард, ки табибони халқӣ истифодаи турбро бештар барои муолиҷаи испурч ва сурфакабудак тавсия медиҳанд. Турби дар асал хобондаро ҳангоми илтиҳоби роҳи нафас, сил ва сурфа истеъмол мекунанд. Ғайр аз ин, оби турб ҷудошавии шираи меъдаро тезонида, ҳазми хўрокро осон мегардонад, кори рўдаро тақвият дода, ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат мекунад.
Мавриди ёдоварист, ки дар як қатор ҳолатҳо истеъмоли турб барои организм зарар дошта, ҳолати беморро бад мекунад. Махсусан, ҳангоми захми меъда, илтиҳоби рўда, иллати ҷигар ва бемориҳои вазнини дил аз истеъмоли он бояд худдорӣ кард. Агар барги тару тозаи баҳории турбро бо равғани зайтун пухта бихўранд, аҳамияти ғизоияаш аз худи турб дида зиёдтар мегардад.
Дар истифодаи турб се хосият мавҷуд аст: баргаш парокандакунандаи бодҳои дарун аст, тухмаш пешобро меронад ва худи турб балғамро қатъ мекунад. Ҳамчунин, хўрдани турб ранги рухсораро диққатҷалбкунанда мегардонад.
Ғайр аз ин, турбро кўфта, бо орди гандумӣ хамир омода карда, ба ҷойҳои гирдак-гирдак рехтаи мўи сар ва риш гузошта банданд, дар баромадани мўй кўмак мерасонад ва агар инро бо асал хамир карда, ба доғҳои зери чашм гузошта банданд, доғҳоро дур мекунад. Молидани оби он ба шукуфаи пўст фоида дорад. Тухмашро кўфта, бо асал хамир карда, ба доғҳои нуқтамонанди сиёҳ ва сафеди дар рўи пўст пайдошуда ва инчунин ба дигар доғҳои бегонаи пўст гузошта банданд, пўстро аз он доғҳо пок мекунад, аз он ҷумла доғҳои кунҷидакро ҳам нобуд ва ранги рўйро тоза месозад.
Турбро дар об ҷўшонида, обро занҳо бинўшанд, ҳайзи бастаи онҳоро равон мекунад. Оби барг ва банди барги онро ба миқдори 75 грамм гирифта, бо шакар ширин карда нўшидан тамоми зардобро аз бадан дур намуда, гиреҳҳои даруни ҷигарро мекушояд ва зардпарвинро шифо мебахшад. Истеъмоли турб дар ҳосил шудани шири модарон кўмак мерасонад. Турбро як шабонарўз дар сиркои тунди ангурӣ тар карда, дар дили наҳор бихўранд, сипурзи сахтшударо мулоим мекунад. Аз турб равған низ омода мекунанд. Агар равғани аз турб омодашударо ҳар рўз як ё ду қошуқ бихўранд, фалаҷ ва каҷ шудани рўйро сиҳат мекунад, азияти заҳри каждум ва ҷонварони дигарро низ дур месозад. Агар ин равғанро нимгарм дар гўш чаконанд, бодҳои даруни гўшро дур карда, дардашро ҳам шифо мебахшад.
Хулоса, истифодаи турб ва маҳсулотҳои аз турб омодашуда ба саломатии инсон фоида расонида, дар пешгирӣ ва шифоёбии аксари бемориҳо кўмак мерасонад. Таркиби бойи он аз витаминҳо ва моддаҳои минералӣ ба ҳазмшавии ғизо дар системаи ҳозима ва хориҷ шудани моддаҳои бегона аз организм мусоидат намуда, фаъолияти дурусти меъдаю рўдаро ба роҳ мемонад. Истифодаи онро барои муолиҷаи бемориҳои пўст тавсия дода, барои занҳои ширдиҳанда омили хуби ширҳосилкунанда ба ҳисоб меравад.
Азаматхон Раҳматов, мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии ғизо