
Дар шароити имрӯзаи рушди низоми тандурустӣ нақши дорухонаҳо ва кормандони онҳо, бахусус, фармасевтон беш аз пеш муҳим мегардад. Яке аз чунин мутахассисони соҳа Комрон Маҳмуд Сатторӣ мебошад, ки фаъолияти ӯро метавон намунаи масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб шумурд.
Комрони Маҳмуд солҳои 2008-2012 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар таҳсил намуда, асосҳои илми фармасевтиро аз худ кардааст. Баъд аз хатми коллеҷ фаъолияти меҳнатиашро дар филиали ҶДММ “Некфарм” оғоз намуд. Ин дорухона, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мебурд, барои мутахассиси навкор мактаби хуби таҷриба гардид. Дар чунин муҳит ӯ на танҳо донишҳои назариявии худро такмил дод, балки малакаи кор бо мизоҷон ва қабули қарорҳои масъулиятнокро низ омӯхт.
Баъдан Комрони Маҳмуд фаъолияти худро дар ширкати “Дӯстифарм” идома дода, таҷрибаи касбияшро боз ҳам ғанӣ гардонд. Аз соли 2015, бо кушода шудани филиали ҶДММ “Сомон фарм”, ӯ ба дорухонаи “Ҳаёт” гузашт ва то имрӯз дар ҳамин ҷо ба мардум хизмат мерасонад.
Ба гуфтаи Комрон, вазифаи асосии фармасевт танҳо фурӯши дору нест. Пеш аз ҳама, ҳар як дорухат бояд бодиққат таҳлил карда шавад. Мутахассис бояд муайян намояд, ки доруҳои таъиншуда ба синну сол ва вазъи саломатии бемор мувофиқанд ё не. Ҳамзамон, фаҳмондани тарзи дурусти истифодаи доруҳо бисёр муҳим мебошад.
— Баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки мо бо таъиноти табибон пурра розӣ шуда наметавонем. Дар чунин мавридҳо, бо худи онҳо тамос гирифта, машварат мекунем ва танҳо баъди ба як хулоса омадан доруро медиҳем”, — мегӯяд ӯ. -Ин беҳтарин намунаи ҳамкорӣ ба хотири шифоёбии бемор аст.
Комрони Маҳмуд боз доир ба дигар масъалаи муҳим изҳори ақида мекунад: фаҳмиши нодурусти баъзе шаҳрвандон дар бораи “навъи якум” ва “навъи дуюм”-и доруҳо. Ба таъкиди ӯ, чунин тақсимот вуҷуд надорад. Ҳар доруе, ки ба кишвар ворид мешавад, аз ҷони-би Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санҷида шуда, сертификат мегирад. Фарқият танҳо дар истесолкунанда ва нархи маҳсулот аст, на дар сифати он.
Дар баробари ин, ӯ таъкид мекунад, ки дорухона бояд ба тамоми талаботи санадҳои меъёрӣ ҷавобгӯ бошад. Тозагӣ, тартиби дурусти нигоҳдории доруҳо, ҷудокунии онҳо ба гурӯҳҳо аз шартҳои асосии фаъолияти дурусти дорухонадорӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳамкории зич бо Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ аз омилҳои муҳими пешрафти кор ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи мусоҳибам, ин ниҳод мунтазам кумакҳои амалӣ ва методӣ мерасонанд, вохӯриҳо баргузор мекунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ санадҳои ҳуқуқиро дастрас менамоянд.
Дар ниҳояти суҳбатамон Комрони Маҳмуд бо дахлолат ба масъалаи дастгирии соҳибкорон бо қаноатмандӣ қайд мекунад, ки баъди бо амри Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ кардани моратория ба санҷиши соҳибкорон фаъолияти онҳо хеле ривоҷ ёфт, аз ҷумла дар соҳаи фармасевтика. Воқеан, кам шудани санҷишҳои беасос ба фармасевтон имкон фароҳам меорад, ки ҳаҷму сифати хизматрасониҳо афзун гарданду боло бираванд.
Ҳамин тавр, фаъолияти шоистаи Комрони Маҳмуд шаҳодати рӯшани он аст, ки фармасевт на фурӯшандаи оддии доруворӣ, балки як мушовири муҳим даркори ҳифзи солимии ҷомеа мебошад.
Сайраҳмон НАЗРИЕВ,
ш. Бохтар


