• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

11 ҳодисаи шигифтангез дар тиб

от user
в Донистан хуб аст
0

Чуноне мегӯянд, қиссаҳои ғароиб натанҳо дар киною китоб ба вуқуъ меоянд. “Даво” барои шумо якчанд ҳодисаи воқеан ҳайратоварро гирд овард, ки Китоби рекордҳои Гиннесс тасдиқ кардааст.

  1. б46,5°C – чунин буд баландтарин ҳарорати бадани одам, ки соли 1980 дар Уилли Ҷонси амрикоӣ ба қайд гирифтанд. Ҷавонро баъди офтобзанӣ ба беморхона оварданд. Бо вуҷуди ҳарорати фавқулодда Уилли зинда монд ва пас аз се ҳафта беморхонаро тарк намуд.
  2. Пасттарин ҳарорати бадан — 14,2°C — ро ҳароатсанҷ 23 феврали соли 1994 дар Канада дар Карли Козлофскии дусола нишон дод. Духтарча шаш соатро дар сармои қаҳратун гузаронда, аҳволаш ниҳоят бад мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, табибон тавонистанд Карлии дусоларо наҷот диҳанд.
  3. Китоби Гиннесс бисёр воқеаи қади ниҳоят дароз, ё баръакс, беҳад кутаҳро медонад. Лекин вақте як одам дар тули умраш ҳам паканаю ҳам аз ҳад қадбаланд шуда бошад, танҳо як маротиба рӯй додааст. Қади зодаи Австралия Адам Райнер дар 21-солагияш ҳамагӣ 118 сантиметрро ташкил медод. Баъди даҳ сол, яъне соли 1930, он аллакай ба 218 сантиметр расид. “Ҷаҳиши” якметра саломатии Адамро барбод дод ва боқии умрро вай дар бистар гузаронд.
  4. Амрикоӣ Ҷеймс Генри Бретт дар рӯйи кати ҷарроҳӣ куҳансолтарин шахс шуд. Рӯзе, ки дили Бреттро табибон муваффақона ҷарроҳӣ карданд, 111 солаю 105 рӯза буд.
  5. Рекорди ҳайратангези дорухурии Кей Килер аз Зимбабве то ҳол побарҷост. Дар тӯли 21 соли муолиҷа (аз 9 июни соли 1967 то 19 июни соли 1988) мавсуф беш аз ним миллион, аниқтараш, 565.939 адад ҳаб хӯрдааст. Рӯзе ба ҳисоби миёна 73 ҳаб. Агар ин ҳама ҳабро қатор чинанд, 3,4 километр тӯл мекашид.
  6. Аз рӯйи теъдоди ҳангуфти сӯзандору бошад, касе то ҳол ба Сэмюэл Дэвидсон (Британияи Кабир) баробар шуда наметавонад. Ба вай, ки гирифтори диабети қанд аст, 78.900 маротиба инсулин задаанд.
  7. 11 ноябри соли 1995 Пегги Ланн аз Пенилвания якуми дугоникҳо — духтарча, баъд аз 84 рӯз дуюми дугоникҳо – писарчаро таваллуд кард. Ин тӯлонитарин фосилаи таваллуди бисёрҷанинӣ маҳсуб меёбад.
  8. Хурдсолтарин модар дар таърихи тиб — Лина Меина аз Перу ба шумор меравад. Вақте ӯ писарча таваллуд кард, ҳамагӣ 5 сол дошт! Тифл тавассути чоки қайсар ба дунё омад. Линаи 5-сола аз кӣ ҳомила шуда буд, то ҳол махфӣ мондааст.
  9. Калонтарин миқдори хуни ҳангоми ҷарроҳӣ истифодашуда — 2400 воҳиди донорӣ (1080) мебошад. Ин миқдор хунро ба Уоррен Ҷирич, бемори гемофилия гузаронданд. Ҷарроҳӣ моҳи декабри соли 1970 сурат гирифта буд.
  10. Рекорди муддати мадид аз кор мондани дил норвегӣ Ян Ревсдал мансуб аст. Ян моҳигир буда, як шаби зимистон аз киштӣ ба об афтид. Вақте ҷавонмардро ба беморхона расонданд, ҳарорати баданаш 24°C буду дилаш аллакай 4 соат боз намезад. Хушбахтона, табибон тавонистанд, ҳолаташро ба эътидол оранд ва як моҳ пас Ян боз ба баҳр баромад.
  11. Пойгачии «Формула-1» англис Дэвид Перли тобистони соли 1977 дар натиҷаи бероҳа шуда, чанд маротиба ғел хӯрдани болидаш ба миқдори рекордӣ зарб ёфт – устухонаш аз 29 ҷой шикаста, аз 3 ҷояш баромад. Аснои дар беморхона ба Дэвид ёрӣ расондан дилаш 6 маротиба аз кор монд. Пойгачӣ тавонист боз ба варзиш баргардад ва танҳо соли 1987 болидрониро қатъ намуд.                      Тарҷумаи Хуршеди Ҷовид
Мақолаи гузашта

С плачем выводится токсины, накопленные из-за стресса

Мақолаи навбатӣ

Дил: чӣ гуна онро солим нигоҳ дорем?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Дил: чӣ гуна онро солим нигоҳ дорем?

Дил: чӣ гуна онро солим нигоҳ дорем?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Дил: чӣ гуна онро солим нигоҳ дорем?

Дил: чӣ гуна онро солим нигоҳ дорем?

29.09.2026
11 ҳодисаи шигифтангез дар тиб

11 ҳодисаи шигифтангез дар тиб

29.09.2026
С плачем выводится токсины, накопленные из-за стресса

С плачем выводится токсины, накопленные из-за стресса

29.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ