Ҳамаи кўдакон дар соли аввали пас аз тавал-луд Ҳудуди 25 см баландтар хоҲанд шуд. Дар соли дуввум Ҳудуди 12,5 см қад хоҲанд кашид. Бинобар ин, Ҳангоме, ки кўдак дусола мешаванд, андозаи қа-дашон байни 85 то 90 см ва ба таври миёна 87,4 см хоҲад шуд. Пас аз 2- солагӣ миқдори рушди солонаи кўдакон Ҳудуди 5,5 см дар сол хоҲад монд. Бар асоси гуфтаҲои боло шумо метавонед меъёри маъмулии қади фарзанди худро, то замоне ки ба балоѓати ҷинсӣ нарасидааст, бо диққати бисёр боло андоза гиред ва бифаҲмед, ки рушди қади фарзанди шумо мутобиқ ба меъёр аст ё на.Ба унвони мисол, агар кўдаки шумо 7 соли пур-ра дорад, бояд қадаш Ҳудуди 115 см бошад. Яъне 87,5 см барои 2 соли аввали умр ва сипас ба изо-фаи 5,5 см дар сол, барои 5 соли баъд (то 7- сола) мешавад 27,5 см. Ҳоло ду адади 87,5 см ва 27,5 см-ро ҷамъ мекунем, мешавад 115 см.Масалан, агар кўдаки шумо 7 солу 8 моҲ дошта бо-шад, бояд барои Ҳар моҲи баъдӣ 0,5 см изофа кунед. Ададе, ки бо ин формула ба даст меоваред, рақами миёна ё мутавассити қади маъмулӣ барои он синн хос мебошад. Дар аксари вақтҲо ададе, ки ба даст меова-ред, дақиқан ба андозаи қади фарзанди шумост, аммо андозаи 112 см то 118 см Ҳам барои кўдаки шумо Ҳанўз меъёр ба Ҳисоб меравад.Ин тавсифҲо ба ин ҷиҲат аст, ки шумо қабл аз му-роҷиат ба табиб, аввал меъёри миёнаи қади фарзан-ди худро Ҳисоб кунед ва сипас қадашро бо диққат андоза гиред. Агар қади андозашуда бо меъёрҲои муайяншуда комилан наздик бошад, маънияш ин аст, ки фарзанди шумо аз назари рушд солим аст ва ниёз ба муоинаи эндокринолог надорад.Барои андозагирии қад кўдак бояд пушт ба девор истад ва мустақим (рост) ба девори рў ба рў нигоҲ ку-над. ПойҲо бояд канори Ҳам ва пушти пойҲо, шонаҲо
ва сари кўдак ба девор часпида бошанд. Дар ин Ҳолат як хаткашро рўи фарқи сари кўдак гузоред ва (ба девори пушти сари кўдак ишора кунед) ба рўи девор як нишона гузоред ва бо як ришта фосилаи аз замин то нишонаро андозагирӣ кунед. Ҷолиб аст бидонед, ки қади духтарҲо ва писарҲо то қабл аз инкишофи ҷинсӣ як хел буда ва аз ин формулаи ягона пайравӣ мекунад. Пас аз инкишофи ҷинсӣ суръати рушд дар писарҲо нисбат ба духтарҲо бештар мегардад.
ЧАНД НУКТАИ БИСЁР МУҲИМ:Ҳеҷ вақт қади фарзанди худро ба қаду қомати фарзандони хешу табор, авлод, ҲамсояҲо, ҲамсинфҲо муқоиса накунед. Ҳар фарзанд ба падар ва модари худ монанд мешавад ва қадаш пас аз инкишофи ко-мил дар Ҳудуди қади волидайн хоҲад буд. Бинобар ин, қади фарзанди худро бо формулае, ки ба шумо гуфтем, муқоиса кунед. Агар бо он адад, ки Ҳисоб кардаед, хеле тафовут дошт, ба табиби эндокринолог муроҷиат кунед.30 фоизи кўдакон ба таври генетикӣ аз кўдакони Ҳамсинну соли худ аз лиҲози қад хурдтар Ҳастанд ва мумкин аст дар формулае, ки истифода мебаред, қадашон аз 1 см то 2 см фарқ кунад. Ташхиси ин гуна бачаҲо бо як нигоҲ ба сурати падару модари онҲо дар замони кўдакӣ равшан мешавад. Ин навъ рушди таърихӣ Ҳамеша генетикӣ буда, падар ё мо-дар дар кўдакӣ хурдтар аз Ҳамсолон буда, аммо пас аз балоѓат қади онҲо ба қади дигар одамҲои ҷомеа наздик мешавад. Ташхиси ин намуд рушди оҲиста, аммо давомдор дар кўдакон бисёр муҲим аст. Агар ин навъи рушд ба таври дақиқу аниқ ташхис нашавад, хароҷоти беҲуда ва ѓайризарурӣ зиёд барои хонаво-даи кўдак пеш хохад омад ва машаққатҲои бешумор барои онҲо ба бор хоҲад овард.Барои ташхиси дақиқи иллати кўтоҲии қад муо-ина, шарҲи Ҳоли Ҳамаҷониба, радиографии панҷаи дасти чап барои муайян кардани синни устухонӣ ва чанд озмоиши Ҳормонии содда (TsH, GH ва IGF-1) ки-фоя аст. ОзмоишҲои тазриқии озодшавии Ҳормони рушд агар бо L-DOPA анҷом дода шаванд, беҲтар аст, ки анҷом нашаванд. ОзмоишҲои дақиқтар, мисли истифода аз GHRH ва аржичинини дохили раг дар Тоҷикистон мавҷуд нестанд. Бинобар ин, тамоми саъйи мо бояд бар ташхиси саҲеҲ аз рўи муоина ва Ҳамин чанд намуд озмоиш бошад.Охирин ва муҲимтарин нукта он аст, ки истифо-дабарӣ аз гормони рушд дар кўдаке, ки озмоишоташ камбудии гормони рушдро нишон надиҲад, на танҲо Ҳеҷ фоидае надорад, балки бисёр вақт хатарнок Ҳам мебошад.Барои хонаводаҲои муҲтарами тоҷик, бахусус мо-дарон, ки Ҳамеша нигарони рушди фарзандони худ Ҳастанд, як тавсияи бисёр гаронбаҲо дода мешавад ва он ин аст, ки Ҳамеша қабл аз истифода аз доруҲои гормони рушди гаронқиммат муддати 6 моҲ сабр ку-нанд ва қади фарзанди худро дар тўли 6 моҲи комил андозагирӣ кунанд. Агар миқдори рушди фарзанди шумо дар тўли 6 моҲ беш аз 2,5 см бошад, ба шурўъи дармон бо Ҳормони рушд саросема нашавед. Агар як сол сабр кардед ва суръати рушди солонаи кўдаки худро андоза гирифтед ва дидеду мулоҲиза кардед, ки ў дар як соли комил беш аз 5 см рушд кардааст, бидонед, сўзандоруи гормони рушд фоидаи зиёде нахоҲад дошт.мм