• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

АГЕНТӢ МАЪЮБОНУ ПИРОНСОЛОНРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРАД

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

АГЕНТӢ МАЪЮБОНУ ПИРОНСОЛОНРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРАД

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳри беҳбудии зиндагии маъюбон ва пирону барҷомондагон тадбирҳои зиёд меандешанд.

Сардори давлат дар ин маврид таъкид намуданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем». Тавре маълум аст, дар саросари ҷаҳон тибқи қарори Ассамблеяи СММ аз 14 октябри соли 1992, №47/3, санаи 3 декабр  “Рӯзи байналмиллалии маъюбон”  таҷлил карда мешавад.

Аз оғози ба даст овардани истиқлолият то ба имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ, хусусан, маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳиҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Мувофиқи таҳлилҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 1,3 миллиард одамон яке аз навъҳои маъюбиро дороанд, ки ин шумора 16%-и аҳолии курраи заминро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон бошад, зиёда аз 161 ҳазору 370 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шудааст.

Имрӯз дар системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 105 муассиаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон дар номгӯи муассисаҳои системаи Агентӣ 11 муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ (хона-интернатҳо) ва 3 истироҳатгоҳу 1 осоишгоҳ, 43 адад марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 6 адад Марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ шомил мебошанд.

Дар ин росто 20 январи соли ҷорӣ озмуни хариди хизматрасониҳои иҷтимоӣ баргузор гардида, дар он 60 ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа теъдоди марказҳои будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ба 59 адад расонида шуд.

Ба ҳолати 4 декабри соли 2023 дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1265 нафар бошандагонзиндагӣ мекунанд, ки 921 нафари онҳо маъюбони аз 18 — сола боло ва 88 нафарашонро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд.

Маъюбону пиронсолон низ мисли дигарон ҳуқуқи истироҳат карданро доранд. Дар мавсими истироҳатии соли 2023,  дар муассисаҳои истироҳатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии зерсохтори Агентӣ давоми мавсими истироҳатӣ 2568  нафар бо роҳҳат, 491  нафар роҳбалад ва 497 нафар ба таври шартномавӣ, аз инҳо 1681  нафар шахсони маъюб ва дар маҷмуъ 3556  нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд.

Яке аз самтҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ин пешниҳод намудани хизмат бевосита дар макони зисти эҳтиёҷманд, яъне дар муҳити одаткардааш мебошад. Мақсад аз пешниҳоди ин шакли хизматрасонии иҷтимоӣ, муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва бо роҳи омӯзиш ба даст овардани фаъолияти мустақилона ба пиронсолон ва маъюбоне, ки ба худ пурра ё қисман хизмат расонида наметавонанд, мебошад.

Дар миқёси ҷумҳурӣ ҳоло 43 адад марказ ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 6 адад Марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ фаъоланд, ки дар онҳо 81 нафар эҳтиёҷмандон муваққатан умр ба сар бурда дар се вақт бо хӯроки гарм таъминанд.

Инчунин, 23 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта фаъолият намуда, 304 нафар кормандон ба 1350 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 434 нафар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизмати иҷтимоӣ  расониданд.

Ғайр аз ин,  2 маркази дигар барои шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ва қурбони савдои одамонгардида, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтару Кӯлоб фаъолият доранд, ки давоми ёздаҳ моҳ ба 497 нафар (аз онҳо 39-нафарашон кӯдакон) хизматҳои тавонбахшӣ ва равонӣ расонида, эҳтиёҷмандонро бо паноҳгоҳи муваққатӣ таъмин намуданд.

Таҳти сарпарастӣ ва маблаѓгузории Агентӣ 3 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои шахсони дорои бемории ВНМО ва сил дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат фаъолият намуда, давоми нӯҳ моҳ 357  нафарро ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифтанд.

Ҳамин тариқ, давоми ёздаҳ моҳи соли 2023 аз тарафи ҳамаи шабакаҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши муваққатӣ дар ҷумҳурӣ ба 6738 нафар пиронсолону маъюбон ва ба 6594 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд хизмати иҷтимоӣ ва  тавонбахшии  ҷисмониву равонӣ расонида шуд.

Сол то сол таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳамгироии маъюбон дар ҷомеа ва ҳалли мушкилоти онҳо зиёд шуда, барномаву стратегияҳои дахлдор қабул гардидаанд ва минбаъд низ Агентӣ фаъолияти худро дар ин самт беҳтару хубтар  хоҳад кард.

                            Набиҷон Ҷӯраев,

сардори раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Мақолаи гузашта

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ МАВСИМӢ: ПАЙДОИШ ВА РОҲҲОИ ТАБОБАТУ ПЕШГИРИИ ОН

Мақолаи навбатӣ

Дар соли нав саратон сафед намешавад, агар…

user

user

Мақолаи навбатӣ

Дар соли нав саратон сафед намешавад, агар...

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ