
Соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Зафаробод ва Деваштич рушди устувор дошта, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Нишондиҳандаҳои семоҳаи аввали соли 2026 аз фаъолияти мунтазами муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар шудани вазъи баъзе бемориҳои иҷтимоӣ дарак медиҳанд.
Дар ноҳияи Зафаробод имрӯз 94 нафар духтур фаъолият доранд, ки аз ин шумора 11 нафар соҳиби категорияи олӣ мебошанд. Ҳамчунин, 531 нафар корманди миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар ноҳияи Деваштич бошад, шумораи духтурон ба 190 нафар мерасад, ки 55 нафари онҳо дорои категорияи олӣ мебошанд. Дар муассисаҳои тандурустии ин ноҳия 907 нафар корманди миёнаи тиб фаъолият доранд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳаи тандурустӣ мубориза бо бемории сил мебошад. Тибқи маълумот, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳияи Зафаробод 8 ҳолати нави бемории сили фаъол ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ 155 нафар беморони сили фаъол таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд. Дар ноҳияи Деваштич бошад, дар ин давра ягон ҳолати нави бемории сили фаъол ба қайд гирифта нашуда, ҳамагӣ 3 нафар бемори сили фаъол зери назорати диспансерӣ қарор доранд.
Нишондиҳандаи дигаре, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад, пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад. Дар ҳар ду ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2026 ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст, ки аз самаранокии чорабиниҳои пешгирикунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ноҳияи Деваштич дар давраи ҳисоботӣ 184 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 2 ҳолат ба кӯдакони то 5-сола рост меояд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки коҳиш додани фавти кӯдакон ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа боқӣ мемонад.
Дар маҷмӯъ, нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустии ноҳияҳои Зафаробод ва Деваштич аз фаъолияти пурсамари кормандони тиб ва талошҳои пайваста ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ шаҳодат медиҳанд. Ҳамзамон, пешгирии бемориҳои иҷтимоӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиме мебошанд, ки барои рушди минбаъдаи соҳа мусоидат хоҳанд кард.
Амони МУҲАММАД, «Даво»



