• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ МАВСИМӢ: ПАЙДОИШ ВА РОҲҲОИ ТАБОБАТУ ПЕШГИРИИ ОН

от user
в Бемориҳои узвҳои дохила, Хабарҳо
0

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ МАВСИМӢ: ПАЙДОИШ ВА РОҲҲОИ ТАБОБАТУ ПЕШГИРИИ ОН

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо табиби ҷавон ва сироятшиноси Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе доктор Ҳангома Чоршанбиева

Бемориҳои сироятии мавсимӣ чӣ гуна беморӣ аст?

Бо фарорасии фасли тобистон чи хеле, ки мо медонем бисёр бемориҳои сироятии мавсимие сар мезанад, ки ба ин бемориҳо бемориҳои сирояти шадиди меъдаю рӯда дохил мешавад.

Бемориҳои сироятии мавсимӣ — гурӯҳи хеле калони бемориҳо буда, аз асари бактерияҳо, вирусҳо, рикетсияҳо ва соддатаринҳо ба вуҷуд меояд. Моҳияти чунин бемориҳо аз он иборат аст, ки онҳо бинобар таъсири тарафайни ду биосистемаи мустақил — макроорганизм ва микроорганизм инкишоф меёбад ва ҳар яке аз ин биосистемаҳо дорои фаъолияти биологии махсус аст.

Дар бораи худи сироят агар гап занем ин маҷмӯи таъсири мураккабу тарафайни ангезаи беморӣ ва макроорганизм буда, дар шароити муайяни муҳити берунӣ ва иҷтимоӣ рух медиҳад. Сироят ёфтан ҳанӯз маънои бемор шуданро надорад. Бемории сироятӣ дорои давраи ниҳоии инкишофи сироят мебошад. Маънои давраи ниҳонӣ яъне аз лаҳзаи ба организм ворид шудани сироят то пайдо шудани аломати беморӣ мебошад.

Бемориҳои сироятии мавсимӣ дар навбати худ шадид ва музмин мешаванд. Хусусияти умумии бемории шадид дар зиёд наистодани барангезанда дар организми бемор ва ташаккули сироятнопазирӣ нисбат ба ҳамон микроб (такроран сироят наёфтан аз он) зоҳир мегардад. Аз ҷумла бемориҳои сироятӣ (тоун, махмалак, нағзак) ҳамеша шадид, бемориҳои дигар (бруселлёз, гепатити вирусӣ, исҳоли хунин) шадид ва музмин мешаванд.

Ин беморӣ чӣ хел пайдо мешавад?

Аломатҳои бемориҳои шадиди меъдаю рӯда чунин аст: дард дар мавзеи эпигастрий ва шикам, дилбеҳазурӣ, қайкунӣ, фазлаи моеъмонанд, ҳароратбаландӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, хушкшавии даҳон, камиштиҳой, камқувватӣ ва ғайра.

Сабабҳои пайдоиш ва омилҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ дар чист?

Сабабҳои пайдоиши бемориҳои шадиди меъдаю рӯда аз таъсири барангезандаҳо аз ҷумла бактерияҳо, вирусҳо, рикетсияҳо, соддатаринҳо ба вуҷуд меояд. Барангезандаҳои ин бемориҳо дар табиат дар таркиби об, хок, ғизо, сабзавотҳо, меваҷотҳо, маҳсулотҳои ширӣ ва ашёҳои гирду атроф ва дар худи дасти инсон мавҷуд мебошанд. Механизми сироятёбии инсон бо ин барангезандаҳо ба воситаи наҷосату даҳонӣ аст. Яъне барангезандаҳо аз шахси бемор ба муҳити атроф ба воситаи наҷосат хориҷ мегарданд, об ва маҳсулотҳое полезие, ки бо пору инсон ва ҳайвон олуда шудааст ва ҳангоми дуруст таъмин нагардондани маҳсулотҳо ва оби ошомиданӣ ва маҳсулотҳои полезӣ инсон метавонад, ки ба ин бемориҳо гирифтор шавад.

Се роҳи гузариши бемориҳои шадиди меъдаю рӯда мавҷуд аст.

  1. Бо роҳи об — яъне ҳангоми истеъмол намудани обҳои ифлосгашта (ҳангоми садамаи қубурҳои обҳои ошомиданӣ омехташавии он бо қубурҳои наҷосатӣ яъне канализасия). Инчунин дар фасли тобистон талаботи инсон ба обҳои ошомиданӣ зиёд мегардад ва баъзан ҳолатҳое мегардад, ки инсон маҷбур мешавад аз обҳои ба санитарӣ ҷавобгӯ набуда истеъмол мекунад, ки ин боиси сироят ёфтан мегардад. Инчунин ҳангоми омехташавии ҳоҷатхонаҳое, ки дар наздикии дарёҳо мавҷуданд ва бо оби дарё омехта шуда ҳангоми шиноварӣ кардан дар чунин дарёҳо сабаби гирифтор шудан ба ин бемориҳо мегардад.
  2. Ғизоӣ — ҳангоми истеъмол намудани ғизоҳое, ки тарзи таёр кардан нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақт (транспрантировка) онҳо нодуруст риоя карда шудааст боиси сироятёбӣ мегардад.
  3. Тамосӣ — ҳангоми риоя накардани беҳдошти шахсӣ махсусан дастони ифлос ва ашёҳое, ки бо барангезандаҳои бемориовар олуда шудаанд.
  • Пешгирии бемориҳои шадиди меъдаю рӯда чӣ гуна аст?
  • Чихеле, ки роҳҳои сироятёбии ин бемориро дар боло қайд намудем пешгириаш бошад нӯшидани обҳои тоза ва оби ҷӯшонидашуда шахсро аз роҳи сироятёбӣ бо об эмин нигоҳ медорад.

Дуруст тайёр намудан, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақти маҳсулотҳои ғизоӣ шахсро метавонад аз барангезандаҳои бемориовар эмин нигоҳ дорад. Яъне пеш аз тайёр намудани ғизо дастон бояд тоза бошанд ва маҳсулотҳое, ки аз онҳо ғизо тайёр карда мешавад дуруст коркард карда шавад. Чихеле, ки мо медонем фасли тобистон фасли гармо аст бисёр маҳсулотҳои ғизоӣ тез вайрон мегарданд. Инчунин шароити гармӣ боиси афзоишёбии чӯбчамикробҳое, ки дар сатҳи ғизо афтидаанд ва ҳангоми истеъмол намудани чунин ғизоҳо шахс метавонад сироят ёбад. Ҳангоми истеъмол намудани ғизоҳо, ба шароити нигаҳдорӣ ва мӯҳлати истифодабарии он аҳамият додан лозим аст.

Ҳангоми интиқол додани маҳсулотҳои ғизоӣ аз як ҷо ба ҷои дигар ҳолатҳои нигаҳдории он агар нодуруст бошад метавонад боиси вайроншавии ғизоҳо гардад.

Инчунин яке аз роҳҳои паҳнкунии бемориҳои шадиди меъдаю рӯда ин зиёдшавии пашшаҳо, магасҳо ва ҳашаротҳо, ки дар фасли тобистон ба назар мерасад, сабаби паҳнкунии бемориҳои сироятӣ мегардад. Яъне дар ҷойҳои партовгоҳо, ҳоҷатхонаҳо рафта нишаста ва ифлосиҳоро гирифта ба маҳсулотҳои ғизоӣ омада нишаста онро сироятнок намуда, ки ин боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои сироятӣ мегардад.

Муолиҷа ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ чӣ гуна аст?

Муолиҷаи то беморхонагӣ яъне шустани меъба бо усули тарабхонагӣ яъне нушидани оби зиёд ва бо ангушт ба ангезиш овардани ҳалқ ва қайкунӣ то оби тоза. Инчунин нӯшонидани маҳлули регидрон. Муолиҷаи доругӣ танҳо баъди муоинаи табиб гузаронидан лозим аст.

Ғизои ин гуна беморон чӣ аст?

Шахсоне, ки гирифтори бемориҳои шадиди меъдаю рӯда мегарданд ба онҳо мизи №4 тавсия дода мешавад яъне ғизоҳо бояд обҷӯшон, дар буғ тайёр кардашуда бошанд. Ғизоҳои бирёнӣ, хамирӣ, серавған, тезӣ, шурӣ, тундӣ, нӯшокиҳои газдор, хуришҳо муддати муайян то пурра сиҳатёбӣ тавсия дода намешавад.

Тавсияи шумо ҳамчун табиб ба беморони бемориҳои сироятии мавсимӣ.

Тавсияи мо ҳамчун табиби сироятшинос ин аст, ки нӯшидани оби ҷӯшонидашуда, беҳдошти дастон ва шустани меваю сабзавотҳо бо оби тоза ва равон яке аз роҳҳои эмин нигоҳ доштани шахс аз бисёр бемориҳои сироятӣ мебошад.

Мусоҳиб

Шервони УМРИДДИН

МАЪЛУМОТНОМАИ “ДАВО”

Чоршанбиева Ҳангома Мастибековна 15 — уми октябри соли 1990 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Пас аз хатми мактаби миёнаи №43 — и шаҳри Душанбе солҳои 2008 — 2014 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил намудааст.

Солҳои 2014 — 2015 дар Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе давраи интернатура ё корварзиро гузаронида аст.

Баъд аз хатми интернатура бо роҳхати Раёсати тандурустӣ дар Муасиссаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд.

Ҳангома Чоршанбиева айни замон табиби сироятшиноси Муасиссаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Оиладор, соҳиби як духтарчаи зебо мебошад.

Мақолаи гузашта

ГИЁҲДАРМОНИИ ПСОРИАЗ ВА ИНСУЛТ

Мақолаи навбатӣ

ГИЁҲДАРМОНИИ ДИАБЕТ ВА БЕМОРИҲОИ ШУШ

user

user

Мақолаи навбатӣ
ГИЁҲДАРМОНИИ ДИАБЕТ ВА БЕМОРИҲОИ ШУШ

ГИЁҲДАРМОНИИ ДИАБЕТ ВА БЕМОРИҲОИ ШУШ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ