• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Аз самт то наҷот

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Густариши низоми нави хидмати тиббӣ ба модару кӯдак дар вилояти Хатлон 

Оптимизатсияи системаҳои самтҳо ё масирҳо дар кӯмаки перинаталӣ, яке аз унсурҳои калидии ислоҳоти соҳаи тандурустии модару кӯдак мебошад. Мақсади асосии он таъмини дастрасӣ, пайвастагӣ ва муттасилии хизматрасонии перинаталӣ дар тамоми сатҳҳои шабакаи тиббӣ аст.

Вилояти Хатлон аз лиҳози шумораи аҳолӣ ва таваллуд яке аз калонтарин минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳар сол зиёда аз 90 ҳазор таваллуд ба қайд гирифта мешавад, ки беш аз 30 дарсади ҳамаи таваллуд дар кишварро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташкили системаи самти дуруст, яъне роҳнамоии саривақтии занони ҳомила ба кумаки тиббӣ барои коҳиши фавти модарон ва навзодон нақши ҳалкунанда дорад. Роҷеъ ба ин масъала мусоҳибае бо сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба модару кӯдаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо ЮНУСОВА анҷом додем, ки ҳоло фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем.

— Лутфан, барои хонандагони маҷаллаи мо шарҳ диҳед, ки системаи самтҳо ё масирҳо дар доираи кӯмаки перинаталӣ чӣ маъно доранд ва чаро онҳо муҳиманд?

— Системаи самтҳо ё масирҳо як тартиби муназзами интиқоли бемор аз сатҳи ибтидоии ёрии тиббӣ ба сатҳҳои миёна ва олӣ мебошад. Дар соҳаи перинаталӣ, яъне кӯмаки модару навзод, ин система нақши калидӣ дорад, зеро сари вақт муайян кардани хавфи ҳомиладорӣ ва сари вакт интиқол додани модар ба муассисаи мувофиқ метавонад ҳаёти модар ва кӯдакро наҷот диҳад.

Масалан, вақте зан дар деҳа ё ноҳияи дурдаст ҳомиладор аст ва дар рафти ҳомиладорӣ нишонаҳои хавфнок (масалан, фишори баланд, камхунӣ, нишонаҳои таваллуди бармаҳал) ба миён меоянд, кормандони Маркази саломатии ибтидоӣ бояд фавран ӯро ба сатҳи дуюм ё сеюм, яъне ба Марказҳои перинаталӣ ё таваллудхонаҳои имконоташон баланд равона намоянд.

Ин раванд бояд шаффоф ва самаранок бо нақшаи аниқ, нақлиёти тиббӣ, огоҳсозии пешакӣ ва ҳамоҳангии муассисаҳои тиббӣ сурат гирад. Ҳаминро мо “масир” меномем. Он бояд на танҳо расман, балки амалан фаъол бошад.

— То ба имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти такмил ва оптимизатсияи ин система дар вилояти Хатлон кадом корҳоро анҷом додааст?

— Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои охир таҳти роҳбарии вазорат мо корҳои муфидро ба таври илмӣ ва марҳилавӣ ба роҳ мондаем, то ҳар як зан мувофиқи дараҷаи хавф ва эҳтиёҷаш интиқол дода шавад. Дар доираи Барномаи миллии “Модар ва кӯдак” ва бо дастгирии шарикон, ЮНИСЕФ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, инчунин Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки олмонии рушд як қатор чораҳои муассир амалӣ гардидаанд. Масалан,

1. Ташкили шабакаи минтақаҳои перинаталӣ

Вилояти Хатлон ба 4 минтақаи перинаталӣ тақсим шудааст (Бохтар, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Норак), ки ҳар кадом дорои Маркази таваллудии сатҳи сеюм мебошад.

2. Таъмин ва тақвияти нақлиёти тиббӣ

Ба Марказҳои таваллуд ва беморхонаҳои ноҳиявӣ амбулансҳои махсус бо шароити муҷаҳҳаз (ҷиҳози реаниматсионӣ ва мониторинг) барои интиқоли модарони ҳомила ва навзодон дода шудаанд.

3. Таълим ва бозомӯзии кормандони тиб

Бо ҷалби мутахассисони ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мунтазам омӯзиши амалӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои хавфнок, таваллудҳои мураккаб ва интиқоли бехатар гузаронида мешавад.

4. Ҷорӣ кардани нақшаи ягонаи масирҳо

Дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва муассисаҳои маҳаллӣ нақшаи ягонаи самтҳои интиқол ва тартиби огоҳсозӣ таҳия ва татбиқ шуда истодааст.

— Дар вилояти Хатлон, ки яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар аст, кадом масъалаҳо дар самти оптимизатсияи ин система бештар мавриди таваҷҷуҳанд?

— Вилояти Хатлон дорои шумораи зиёди аҳолӣ ва сатҳи баланди таваллуд мебошад. Пеш аз оғози барномаи оптимизатсия омузиши вазъияти мавҷуда нишон дод, ки мушкилоти асосӣ ин набудани ҳамоҳангии самаранок миёни сатҳҳои ибтидоӣ, миёна ва олист. Аз соли 2022 то 2025 мо бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ ва ЮНФПА, харитаи минтақавии масирҳоро барои ҳама муассисаи кӯмак ба модару кӯдак таҳия кардем. Дар натиҷа, дараҷаи интиқоли саривақтии занони дорои хавфи баланд аз муассисаҳои ноҳиявӣ ба марказҳои перинаталӣ аз 62% то 89% афзуд.

— Лутфан бигӯед, ки имрӯз кадом тадбирҳои мушаххас барои беҳтар намудани самаранокӣ ва ҳамоҳангии байни муассисаҳои тиббӣ амалӣ карда шуданд?

— Иқдомҳои асосӣ чунин буданд:

1. Стандартизатсияи протоколҳо — дар ҳама муассисаҳо роҳандозӣ кардани дастурамалҳои ягонаи миллии интиқол додани занони ҳомиладор.

2. Ҷорӣ намудани шабакаи электронии сабти самтҳо (Referral Tracking System), ки имкон медиҳад ҳаракати ҳар бемор дар тамоми марҳилаҳо назорат шавад.

3. Омӯзиши кормандони тиббӣ — зиёда аз 1200 табиб ва момодоя дар курсҳои идоракунии хавфҳои перинаталӣ иштирок карданд.

4. Тақвияти нақлиёти тиббӣ — бо дастгирии шарикони рушд муассисаҳо бо 28 мошини махсуси “Ёрии таъҷилӣ барои модару кӯдак” таъмин карда шуданд.

Ҳамаи ин тадбирҳо дар якҷоягӣ системаеро ба вуҷуд оварданд, ки ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.

— Хеле хуб. Ду-се рақам меоред, ки ислоҳоти мазкур чӣ натиҷаҳои матлуб дод?

— Тибқи маълумоти омории соли 2024, сатҳи фавти модар дар вилояти Хатлон дар муқоиса бо соли 2020 тақрибан 27% кам шудааст. Сатҳи фавти навзод низ тамоюли коҳиш дошта, аз 18 ба 13 ҳолат ба ҳар 1000 таваллуд кам гаштааст. Фавти навзодон (дар 7 рӯзи аввал пас аз таваллуд) низ 15–18% камтар гардид. Сатҳи таваллуд дар шароити муассисаҳои тиббӣ ба зиёда аз 98% расидааст.

Ин нишондиҳандаҳо натиҷаи беҳбудии ҳамоҳангии байни муассисаҳо, заҳмати дастаҷамъии кормандони соҳаи тиб, дастрасии беҳтари нақлиёти тиббӣ ва омодагии кадрҳо, масъулин ва дастгирии ҳаматарафаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

— Оё нақшаи минбаъда тақвият додани ин система мавҷуд аст?

— Бале, кадами навбатӣ таъмини устувории низоми самтҳо тавассути ҷорӣ намудани арзёбиҳои мунтазам ва таҳлили маълумоти электронӣ мебошад. Мо инчунин ният дорем, ки дар ҳамаи ноҳияи вилояти Хатлон гурӯҳҳои “эътинои саривақтӣ” таъсис диҳем, то дар ҳолатҳои фавқулода кӯмаки фаврӣ расонанд.

Илова бар ин, таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани сатҳи саводи тиббии аҳолӣ низ идома дорад, зеро огоҳии модарон дар бораи аломатҳои хатар яке аз рукнҳои асосии самти дуруст ба шумор меравад.

Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки оптимизатсияи системаҳои самтҳо дар кӯмаки перинаталӣ дар вилояти Хатлон намунаи муваффақи ҳамгироии сиёсати иҷтимоии давлатӣ, донишҳои муосири тиббӣ ва таҷрибаи амалии мутахассисони соҳа мебошад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки тавассути ҳамоҳангии дуруст ва идоракунии босифат метавон дар кори ҳаётан муҳим — ҳифзи солимии модару кӯдак ба дастовардҳои назаррас ноил шуд.

— Барои сӯҳбати самимӣ ташаккур. Муваффақ бошед!

Мусоҳиб Фотима ЯҚУБОВА

Мақолаи гузашта

Оромии рӯҳ шақиқаро «дур» мекунад

Мақолаи навбатӣ

Бори нахуст дар Тоҷикистон эмболизатсияи шараёни испурч гузаронида шуд

user

user

Мақолаи навбатӣ
Бори нахуст дар Тоҷикистон эмболизатсияи шараёни испурч гузаронида шуд

Бори нахуст дар Тоҷикистон эмболизатсияи шараёни испурч гузаронида шуд

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

В Индии родился мальчик с четырьмя руками и ногами

В Индии родился мальчик с четырьмя руками и ногами

27.08.2026
Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон

26.08.2026
Дардҳои рагҳои шарён дармон дорад

Дардҳои рагҳои шарён дармон дорад

26.08.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ