• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Оромии рӯҳ шақиқаро «дур» мекунад

от user
в Бемориҳои асаб
0

Бемории шақиқа, ки маъмулан дарди нимсара ҳам мегӯянд, аз маризиҳои паҳншуда мебошад. Шақиқа, дар илми тиб «мигрень» низ ном мебаранд, чӣ гуна беморист ва киҳо аслан мубталои он мегарданд.

Перомуни пайдоиш, сабабҳо ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ бо духтури асабшиноси Марказии тиббии №1-и ба номи Карим Аҳмедови шаҳри Душанбе, Абдумӯмин Файзуллоев суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони маҷаллаи «Даво» мегардонем.

— Абдумӯмин Хушвахтович, мехостам бо таври мухтасар дар бораи бемории шақиқа маълумот медодед.

— Шақиқа ё дарди нимсара ин вайроншавии кори асаб ё ба истилоҳ, ихтилоли неврологӣ буда, он бо дарди сар, баъзан дилбеҳузурӣ, сарчархзанӣ, баланд шудани эҳсосот ба равшанӣ, вайроншавии биниши чашм ва қайкунӣ анҷом меёбад.

Хурӯҷи дарди нимсара ё «мигрен» якбора ва бе ягон огоҳӣ аз истеъмоли баъзе аз ғизоҳо, ба мисоли панир, қаҳва, винои сурх, ки дар таркибашон тирамин доранд, сар мешавад. Ҳамчунин, тағйирёбии боду ҳаво, ки боиси ба вуҷуд омадани чангу хок мегардад, авҷи ин маризиро дучанд менамояд. Занҳо бошанд, дар давраҳои пеш ва гоҳе баъд аз ҳайзбинӣ ин нишонаҳои бемориро дар ҷисми худ эҳсос мекунанд.

Аксаран, хурӯҷи бемории шақиқа аз 4 то 72 соат идома ёфта, табобати саривақтӣ ва дуруст метавонад давомнокии онро то чанд соат камтар намояд.

— Аслан, киҳо бештар аз ин беморӣ азият мекашанд? Занон, мардон ё кӯдакон?

— Чуноне аз таҷрибаҳо бармеояд, баъзан метавон бемориҳоро ба ҷинсият ҷудо кард. Дарди нимсара низ аз ҷумлаи он маризиҳост, ки бештар ба он бонувон мубтало мегарданд. Коршиносони соҳа бар онанд, ки занҳо нисбат ба мардон се баробар зиёдтар гирифтори бемории «мигрен» ё шақиқа мешаванд. Дар аксари одамон шақиқа аз синни 10 то 40 — солагӣ оғоз ёфта, дар занҳо хуруҷи беморӣ баъди 50 — солагӣ сабуктар мегузарад.

Шақиқаро бемории ирсӣ ҳам гӯем, иштибоҳ намекунем, зеро собит шудааст, ки агар волидон аз ин беморӣ ранҷ кашанд, эҳтимолияти гирифторшавии фарзандон тақрибан 75 фисадро ташкил медиҳад.

— Сабабҳои пайдоиши ин беморӣ боз кадом омилҳо буда метавонанд?

— То ҳол ангезаҳои аниқи бемории шақиқа маълум нест, вале чанде аз онҳо, ба мисоли афсурдаҳолӣ, изтироби зиёд ва камхобӣ ё хоби бисёр сабабҳои санҷидашудаи хурӯҷи бемории шақиқа мебошанд.

Дар занҳо бо тағйирёбии ҳормонҳо дар организм, ки аксаран дар давраи ҳайзбинӣ дарди сар мешаванд, яке аз нишонаҳои маризии шақиқа мебошад. Ин нишонаҳоро онҳо дар давраи менопауза ё истифода аз дорувориҳо барои пешгирии ҳомиладорӣ низ ҳис менамоянд.

Тарбияи бадан фарз аст. Аз ин хотир, мебоист нахуст оромии рӯҳро нигоҳ дошт. Баъдан, тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, аз ғизоҳои солиму табиӣ бештар истифода намуд. Варзиш гарави саломатист ва тамрин дар ҳавои кушод яке аз омилҳои рафъи кулли дардҳо мебошад. Хуб мешуд, дар баробари истифодаи дорувориҳо ба машқҳои сабуки ҷисмонӣ шуғл варзем.

— Дарди сар метавонад саду як сабаб дошта бошад. Аз ин миён дарди нимсараро чӣ тавр метавон фаҳмид ва ба кадом табиб бояд муроҷиат кард?

— Барои ташхис ва табобати маризии шақиқа ба табиби асабшинос ва терапевт бояд муроҷиат кард. Бо шинос шудан аз таърихи беморӣ бо тавсияи табиб метавон аз ташхиси МРТ ё КТ ва электроенсефалограмма (ЭЭГ) гузашт. Дар асоси натиҷаҳои ташхис имконияти табиб барои табобати беморӣ фарохтару осонтар мегардад.

Аслан, то имрӯз ягон намуди дору барои табобати бемории шақиқа муайян нашудааст ва танҳо бо василаи дорувории бедардкунӣ, аз қабили парасетамол, ибопрофен ва ғайра муддате дард сабук карда мешавад. Чуноне дар боло зикр шуд, истеъмоли доруҳои бедардкунӣ мебоист ҳадди худро дошта бошад, вагарна давомнокии истифодабариашон одамро тобеи худ мегардонад. Агар бемор дар муддати 2 рӯзи истеъмоли доруҳои бедардкунӣ дар ҷисми худ беҳбудиро ҳис накунад, бояд ба табиб муроҷиат намояд.

— Табиист, ки баъзан кӯдакон низ аз дарди сар шикоят мекунанд. Нишонаҳои дарди нимсара дар кӯдакон аз калонсолон дида тавофут дорад?

— Барои калонсолон ва кӯдакон низ нишонаи асосии хурӯҷи беморӣ ин дарди сар мебошад. Баъдан, дигар нишонаҳое, ки дар калонсолон ҳангоми хурӯҷи беморӣ эҳсос мешавад, ба мисоли сарчархзанӣ, баланд шудани ҳассосият ба рӯшноӣ ва ғайра дар кӯдакон ҳам пайдо мешавад. Омилҳои гирифторшавии кӯдакону наврасон ба дарди нимсара дар муқоиса бо калонсолон низ ҳеҷ тафовут надорад.

Вале як нуктаро мо, калонсолон, бояд ба инобат гирем, ки хурӯҷи дарди шақиқа ба ҳаёти ҳаррӯзаи кӯдакон, ки давраи донишомӯзиашон, яъне ҳузур доштанашон дар мактаб, азбаркунии барномаи таълимӣ ва шуғл варзидан ба корҳои ҷамъиятӣ мебошад, таъсир мерасонад. Аз ин хотир, волидонро зурур аст, ки ҳангоми мушоҳида намудани нишонаҳои ин беморӣ кӯдакон ва наврасонро аз муоинаи табиби асабшинос гузаронанд ва сари вақт онҳоро табобат намоянд. Зеро дар баъзе ҳолатҳо дарди шақиқаро аз дарди сари муқаррарӣ фарқ кардан имконнопазир аст, бинобар ин, агар ҳатто нишонаҳои ночиз пайдо шаванд, бемор бояд аз муоина гузарад.

— Воқеан, ҳолатҳои сари вақт ба табибон муроҷиат накардани одамон дар ҳолати гирифторшавӣ ба ин ё он беморӣ зиёд мушоҳида мешавад, ки оқибати нохушро ба бор меорад. Дар сурати сари вақт ба табобат фаро нагирифтани бемории шақиқа ё дарди нимсара чӣ хатар ба саломатии инсон таҳдид мекунад?

— Собит шудааст, ки сари вақт ба табиб муроҷиат кардан ва ба табобат фаро гирифтани беморони дарди нимсарадошта аксаран натиҷаи хуб медиҳад. Вале беаҳамиятӣ зоҳир намудан ба он хатарзо буда, оризаҳои гуногунро ба миён меорад, аз қабили эҳтимолияти хурӯҷ намудани бемориҳои дилу рагҳо дар организм. Худтабобаткунӣ тавсия дода намешавад, агарчи тариқи шабакаҳои интернетӣ усулҳои гуногуни табобат маъмул аст ва ҳатто аз онҳо аксар васеъ истифода ҳам менамоянд. Хуб мешуд, бемор ҳолати равониашро хуб нигоҳ дошта, вақти бештари худро сарфи хушҳолӣ намояд.

Паймонаи Ҷовидон, махсус барои “Даво”

 

 

Мақолаи гузашта

Сино САФОӢ: Шояд номам маро ба касбам бурд

Мақолаи навбатӣ

Аз самт то наҷот

user

user

Мақолаи навбатӣ
Аз самт то наҷот

Аз самт то наҷот

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ