• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Бо харидор хушмуомила бояд буд!

от user
в Фарматсевтика
0

Мусоҳиба бо провизори дору­хонаи №90-и ҶДММ “Ориёнфарм” Диловар Савруллоев

— Сараввал, мегуфтед, ки дору­хонаи №90-и ҶДММ “Ориёнфарм” кай таъсис ёфтааст ва хизма­трасонӣ ба харидорон дар ин до­рухона чӣ гуна ба роҳ монда шу- даст?

— Аслан, дорухонаи мо навтаъсис аст. Он моҳи августи 2020 таъсис ёфтааст. Номи фирмавии дорухо­на “ҶДММ “Ориёнфарм”, №90” аст, вале он зери бренди “Дорухонаи “Махсус” дар кӯчаи Нусратулло Махсум, 74/4 фаъолият мекунад. Дорухона яке аз камтарин дору­хона дар шаҳри Душанбе аст, ки бо таҷҳизоти муосири электронӣ пурра таъмин мебошад.

Навобаста аз таҷрибаи кории кам дорухонаи мо аллакай мушта­риёни доимии худро пайдо карда­аст. Мо пайваста бо муштариёни худ дар мавриди интихоби доруҳо маслиҳат медиҳем ва мекўшем бо харидорон хушмуомила ва бо там­кин сўҳбат намоем.

Инчунин, дар дорухонаи мо та­моми доруҳо бо тарзу усулҳои ба худ хос нигоҳдорӣ мешаванд. Дар дорухона яхдон, ҷевонҳои махсус ва рафҳое ҳастанд, ки доруҳо вобаста ба хусусияташон нигоҳ дошта ме­шаванд.

— Ҳуҷҷатгузории дорухона дар кадом сатҳ қарор дорад ва оё аз ҷониби кормандони Раёса­ти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ корҳои фаҳмонда­диҳӣ дар ин самт гузаронида мешавад?

— Ҳамаи ҳуҷҷатгузории дорухо­на ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгўй аст. Чун дорухонаи мо нав таъсис ёфтааст ва ҳар як коргоҳ пеш аз таъсисёбии худ ҳуҷҷатгузориро омода менамо­яд. Дар ин масъала то ба имрўз касе ба мо эрод нагирифтааст. Кўшиш менамоем, ки дар оянда низ ҳуҷҷат­гузориҳоро тавре омода намоем, ки ба талаботи амалкунандаи мамла­кат ҷавобгўй бошанд.

Албатта, аз ҷониби кормандони Раёсати назорати давлатии фаъо­лияти фармасевтӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида меша­вад. Дар фаъолияти яксолаи мо аллакай, чандин маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки мо тавонистем камбудиҳои худро ҳаллу фасл намоем. Онҳо бештар ба мо дар мавриди доруҳои қалбакӣ, доруҳои мўҳлати истифодаашон гузашта ва дигар масъалаҳои до­рухонадорӣ маслиҳату машваратҳо медиҳанд.

— Тавре медонем, ҳар як дору ху­сусияти нигоҳдории худро дорад. Оё дар дорухонаи шумо талаботи нигоҳдории доруҳо ба назар гириф­та мешавад?

— Ҳамеша кўшиш мекунем, ки талаботи нигоҳдории доруҳо ба назар гирифта шавад ва ҳар як дору вобаста ба хусусияти худ дар ҷойҳои махсус нигоҳ дошта шавад. Медонем, ки кадом доруро дар кадом шароит нигоҳ бояд дошт. Баъзе доруҳое ҳастанд, ки онҳоро бояд дар яхдон нигоҳ дошт, баъзеи дигарро бояд дар соя нигоҳ дошт, ки рӯшноӣ ба онҳо таъсири манфӣ нарасонад.

Мақолаи гузашта

Занони ҳомила

Мақолаи навбатӣ

Гурда: дард ва дармони он

user

user

Мақолаи навбатӣ
Гурда: дард ва дармони он

Гурда: дард ва дармони он

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

11.09.2026
Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

10.09.2026
«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

09.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ