Аз айёми мактабхонӣ медонам, ки вазифаи асосии гурда – ҳосил кардани пешоб аст. Аммо вазифаи гурда бо ин маҳдуд нест.
Гурда – узви ҳаётан муҳими инсон аст.
Ҳар як гурда тақрибан беш аз як миллион нефрон – воҳидҳои хурдтарини гурда иборат аст.
Хунро маҳз гурдаҳо филтр мекунанд, обҳои зиёдатӣ ва заҳрҳо – токсинҳоро аз он ҷудо сохта, таввасути пешоб аз бадан ихроҷ мекунанд.
Гурдаҳо инчунин тавозуни (баланси) микроэлементҳо, бахусус натрийро дар хун нигоҳ медоранд. Манбаи асосии натрий – намаки ошӣ аст. Дар мавриди камии ин микроэлемент гурдаҳо қудрате доранд, ки як муддати муайян тавозуни онҳо дар бадан нигоҳ доранд ва хунро бо он таъмин намоянд.
Гурдаҳо дар ҳосилшавии ҳормонҳое, ки мубодилаи калсий ва хунофариниро танзим месозанд, иштирок менамоянд. Камхунӣ, кариес ва зудшикании устухонҳо бисёр вақт бемориҳои гурдаҳоро дар пай доранд.
Ниҳоят, дар организми инсон ҳеҷ табодуле вуҷуд надорад, ки он бе иштироки гурда ба амал ояд.
Гурдаҳо хавфи талафёбӣ доранд
Гурдаҳо дорои захираҳои устувору мустаҳкамӣ мебошанд, вале, сарфи назар аз ин, наметавонанд ба муқобили он ҳама хавфу хатари бешуморе, ки мо ҳар соату ҳар рӯз ба сари онҳо меорем, истодагарӣ кунанд.
Инфексия яке аз душманони асосии гурдаҳо ба шумор меравад. Инфексияҳо тавассути ҷараёни хун аз дигар узвҳо ба гурдаҳо роҳ ёфта, сабаби варами онҳо мешаванд. Чӣ кор бояд кард? Бисёр муҳим ва лозим аст, ки ҳама бемориҳои бактериявӣ ва вирусӣ — аз кариесу ангина сар карда, то ба уретрит (илтиҳоби роҳи пешоб) ва инфексияи рӯдаҳо саривақт табобат карда шаванд.
Намаки зиёд ҳам душмани бераҳми гурдаҳост. Намаки бисёр сабаби ҷамъшавии обҳо дар ҷисм гашта, кори узвҳоро душвору вазнин мегардонанд.
Зиёд истеъмол кардани гӯшт, салатҳои дар намак хобонида, ғизоҳои тез, обҳои ширини газнок сабаби вайрон шавии мубодилаи моддаҳо дар организм ва осебёбии бевоситаи нефронҳо гашта, сабаби пайдошавии бемории санги пешоб мешаванд.
Машрубот ва тамоку боиси ташануҷи (спазм) капиллярҳо мешаванд ва гардиши хуни гурдаро вайрон сохта, ниҳоят ба нобудшавии бофтаҳои гурдаҳо меоранд.
Вазни зиёдатӣ, дар айни вақт парҳези аз ҳад сахт низ барои гурдаҳо хатарноканд. Дар ҳарду ҳолат ҳам гурдаҳо сарборӣ аз заҳрҳо – токсинҳоро ҳис мекунанд, дар сурати якбора партофтани вазн бошад, хавфи фуромадани гурдаҳо меафзояд.
Хунукшавии аз ҳад зиёд ташаннуҷи узвҳоро ба амал оварда, иммунитети ҷузъиро паст мегардонад ва бадин васила ба паҳншавии инфексияҳо дар бадан роҳ мекушояд.
Омилҳои хавфи бемории санги гурда
Аз пайдо шудани санги гурдаҳо метавон эмин буд, ба шарте ки тадбирҳои бехавф риоя гарданд. Аз ин рӯ, донистани омилҳои хавф, ки ба пайдошавии санги гурдаҳо сабаб мешаванд, муҳим ва зарур мебошад.
Вайрон гаштани ҳосилшавии пешоб, ки дар мавриди бемориҳои варами гурда (пиелонефрит, гломерулонефрит) ба вуҷуд меоянд.
Бемориҳои ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ ба кори табодули моддаҳо халал меорад. Ҳомиладорӣ бо ихтилоҳои ҳормоние, ки дар ин давра ба вуҷуд меоянд, метавонад ба пайдошавии сангҳо сабаб шавад.
Бемориҳои роҳи пешоб хавфи аз насл ба насл гузаштан доранд. Агар чунин хавф мавҷуд бошад, зарур меояд, ки ба саломатӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кард ва мунтазам ҳолати гурдаҳоро санҷид.
Кам истеъмол шудани обу ғизоҳои обакӣ ва ё аз ҳад зиёд дурушт (сернамак) будани об. Дар як шабонарӯз на камтар 1,5 – 2 литр об нӯшидан, дар мавриди зиёд будани намаки об онро ҳатман ҷӯшонидан ва ё аз филтр гузаронидан лозим аст. Дар вақти бемории гурдаҳо ва масона оби ҳарорати хона ва ё андаке гарм бояд нӯшид, ба ҳеҷ ваҷҳ оби сард нӯшидан раво нест. Нӯшидани об ҳам низоми муайян дорад: обро ним соат пеш аз таом ва ё 2 соат баъд аз он бояд нӯшид.
Камҳаракатӣ ва стрессҳои паёпай, инчунин пайваста пурхӯрӣ кардан ва ё, баръакс, парҳези сахт ба пайдошавии сангҳо сабаб шуданашон мумкин аст.
Сангҳои гурдаҳо ва намудҳои онҳо
Бемории санги гурда – яке аз бемориҳои паҳншуда ба шумор меравад. Дидем, ки сабабҳои пайдошавии он бисёранд, вобаста ба ҳамин сангҳо низ аз рӯйи таркиби химиявиашон гуногунанд.
Беш аз ҳама оксалатҳо дучор меоянд, ки аз намакҳои кислотаи ишқорӣ таркиб меёбанд. Онҳо мавриди дар маҳсулоти ғизоӣ аз меъёр зиёд будани ин кислота ба вуҷуд меоянд. Ба ғайр аз туршак (щавель), он дар таркиби чукрӣ, испаноғ, ҷаъфарӣ (петрушка), лӯбиё, какао, шоколад низ мавҷуд мебошад. Сабаби дигари он – аз ҳад беш турш шудани пешоб аст.
Дар ҷойи дуюм – сангҳои уратӣ (намаки ациди пешоб) меистанд. Асоси онҳо аз намакҳои кислотаи карбамид таркиб меёбад. Сабаби пайдошавии намакҳои кислотаи карбамидро аз ихтилоли мубодилаи сафедаҳо ва ё аз ҳад зиёд истеъмол кардани гӯшт медонанд.
Фосфатҳо ва карбонатҳо. Дар сурате пайдо мешаванд, ки табодули фосфор ва калсий халал ёбад. Бештар маврид дар ҳолати бемориҳои меъдаву талхадон, инчунин зиёд будани калсий дар оби ошомиданӣ рух медиҳад.
Ба ғайр аз ин намудҳои асосӣ дар гурдаҳо метавонад замшавии (отложения) холестеринӣ ва сафедавӣ ба вуҷуд ояд. Ин тавр ҳам мешавад, ки гоҳо таркиби санг бисёр мураккаб буда, дар як вақт як чанд таркибҳоро дарбар мегирад.
Неъматҳое, ки барои гурдаҳо муфид мебошанд
Табиат саршор аз неъматҳои шифоист, онҳо дар маҷмӯъ метавонанд тану ҷони моро аз дардҳо эмин нигоҳ доранд, аз ҷумла гурдаҳоро низ. Дар адабиёти тиббӣ омадааст, ки дар таркиби ғизои ҳаррӯза будани ақаллан яке аз он неъматҳо ба гурдаҳо манфиати беандоза дорад.
Тарбуз – аз нигоҳи шифоӣ ва пешгирии бемориҳои гурда ҳеҷ неъмате ба тарбуз баробар намеояд. Беҳтарин давои пешоброн аст, ки дар мавсими фаровониаш хӯрдани онро табибон барои тоза кардани гурдаҳо маслиҳат медиҳанд. Дар ваннаи гарм дароз кашида, дар як вақт аз хӯрдани тарбуз лаззат бурдан аҳамияти онро дучанд меафзояд. Шарбати тарбузро воситаи беҳтарини пешгирии туршавии пешоб донистаанд.
Каду – аз витаминҳо, микроэлементҳо ва пектин бой аст, пайдоиши сангҳоро пешгирӣ менамояд, гурдаҳо ва роҳҳои пешобро тоза мекунад, ба тез барқароршавии бофтаҳои гурдаҳо баъд аз беморӣ ёрӣ мерасонад. Тухми кадуи тару тоза ва обҷӯши он давои бехавфи пешоброн мебошад.
Ангур. Дар таркиби ангур калий фаровон аст, онро барои кори муътадили гурдаҳо ниҳоят зарур шуморидаанд. Ҳамчунин ангур кислотаҳои фосфор ва силисий дорад, ки дар пешгирии санги гурда таъсири босамар доранд.
Бодиринг. Кислотаи карбамиди зиёдатиро аз бадан хориҷ макунад ва пайдошавии сангҳои уратиро пешгирӣ менамояд. Бодиринг аз калсий бой буда, дар мавриди варами гурдаҳо суду фоидаи беандоза дорад.
Моҳӣ – ба хусус моҳии баҳр, ҷисмро бо кислотаҳои равғанӣ, кислотаҳо, витаминҳо ва сафедаҳо таъмин менамояд ва ба ин васила ба кори гурдаҳо таъсири бағоят муфид мерасонад.
Чаро гурдаҳо мефароянд?
Баъзан мешавад, ки гурдаҳо аз ҷойи муқаррариашон беҷо мешаванд ва боиси эҳсосҳои нохуш мегарданд. Ин ҳолатро дар тиб нефроптоз ва ё фуромадани гурдаҳо меноманд. Чаро чунин рӯй медиҳад?
Ин ҳолат дар вақти бардоштани бори вазнин, аз ҷойи баланд паридан ва ё афтидан, якбора лоғар (хароб) шудан, вақте ки кавшалаки (подложка) зери гурда нест мешавад ва он такягоҳоро гум мекунад, рух доданаш мумкин аст. Ҳамчунин фуромадани гурдаҳо дар занони ҳомила низ тез – тез ба мушоҳида мерасад. Беҷошавии гурдаҳоро бо доруҳо табобат намекунанд, ба ҷуз дар ҳолатҳои вазнин. Усули асосӣ дар ин маврид – гимнастикаи махсуси табобатӣ мебошад. Агар ин машқҳо ҳар рӯз, аз ҳама беҳтараш саҳар, муддати 20 – 30 дақиқа иҷро шаванд, гурдаҳо ба ҳолати табиии худ бармегарданд.
Ҳамаи машқҳоро ба пушт хобида иҷро мекунанд, танҳо ба зери миён болиштак гузоштан лозим меояд.
Пойҳоро оҳиста ба тарафи сурин кашида, зонуҳоро қад кунед, дар айни вақт нафас гирифта шикамро дамонед, нафасро нигоҳ доред, дар вақти нафас баровардан бошад пойҳоро боз ба ҳолати аввалааш баргардонед. 5 – 10 маротиба такрор намоед.
Боз пойҳоро аз зону қад карда, нафас гирифта пойҳоро ба боло намуда бардоред, нафасро бароварда пойҳоро ба ҳолати муқаррари баргардонед. 5 – 10 дафъа такрор бояд кард.
Ҳар ду пойро наздик намуда, ба боло бароред, нафас гирифта ба ду тараф баред, нафас бароварда пойҳоро ба ҳам оред. Ҳамчунин 5 – 10 маротиба такрор намоед.
Нафас гирифта пойи ростро қат кунед ва дастонро ҳалқа сохта ба тарафи шикам кашед, нафас бароварда пойро дароз намоед. Айнан ҳамин ҳаракатро бо пойи чап иҷро намоед. Машқро якчанд бор такрор кунед.
Нафас гирифта пойи ростро ба боло бардоред, нафасро бароварда ба ҳолати аввала баргардонед. Ҳамин амалро бо пойи чап низ иҷро намоед. Машқро якчанд дафъа такрор кунед.
Ҳангоми фуромадани гурдаҳо давидан, машқҳои вазнин, велосипед ва аспсаворӣ тавсия дода намешавад.
Даво барои тоза намудани гурдаҳо
Гурдаҳоро ҳар сари чанд вақт тоза кардан ва нерӯи нав бахшидан мумкин аст ва он танҳо ба фоидаи саломатӣ хоҳад буд. Ин амал имкон медиҳад, ки дардҳои гурда ва масона пешгирӣ карда шаванд. Вале ба ин мақсад аз дорухонаҳо давоҳои сахттаъсири пешоброн гирифтан ва бе маслиҳати табибон истифода бурдан низ хатар дорад. Аслан ба он чандон ҳоҷат ҳам нест, зеро роҳҳои осон ва босамари дигар низ мавҷуд мебошанд.
Аввали баҳор ва ё охири тирамоҳ решаҳои ҷавони хучро (шиповник) кофта, ба дарозии 1 см бурида, 5 – 6 рӯз хушконед, пас аз он кӯфта майда кунед. Ба 6 қошуқи он 3 истакон об рехта, муддати 15 дақиқа ҷушонед. Дар гармиаш 1 истаконӣ 3 маротиба дар як рӯз баъд аз таом бинӯшед. Муддати табобат – як ҳафта аст.
2 – 3 дона анҷири хушкро дар 1 истакон шир ҷӯшонида, гармогарм муддати як ҳафта ҳар рӯз бинӯшед.
Ба 3 қошуқ алафи чилбуғум (чилбанд) ним литр оби ҷӯшидаи гарм резед ва як шаб дам диҳед. Саҳар полед, ду рӯз паси ҳам баъд аз таом ба миқдори 50 мл бинӯшед. Ҳамин амалро муддати як моҳ ҳафтае фақат ду рӯз ба миқдори зикршуда истеъмол фармоед.
Пешгирии пайдоиши санг дар гурдаҳо
Давоҳои зер пайдошавии сангҳоро дар гурда ва масона пешгирӣ мекунанд ва таъсири босамар низ доранд.
Дар 1 истакон оби гарм 1 қошуқ хокаи пӯсти себи хушккардаро мисли чой дам карда, дар давоми рӯз 3 маротиба бинӯшед ва онро муддати 1 моҳ давом диҳед.
Ҳар рӯз ба ҷойи чойи сиёҳ обҷӯши баргҳои қоти сиёҳро бинӯшед 2 – 3 қошуқ барг 2 истакон об.
1 қошуқ тухми сабзиро дар як истакон оби ҷӯш дам карда, печонида, ба муддати 12 соат бигзоред. Баъд аз мурури вақт полед ва дар давоми рӯз ним истаконӣ 5 – 6 маротиба пеш аз таом бинӯшед.
Ба 1 қошуқча тухми зағир 1 истакон об рехта ҷӯшонед. Давоми 2 рӯз – ҳар ним соат 0,5 истакон бинӯшед, вале пеш аз нӯшидан ба он об илова намоед.
Ба 1 истакон оби ҷӯш 1 қошуқчаӣ аз барг ва самари хуч бирезед ва 2 соат дар буғ нигоҳ доред. Ҳар рӯз мисли чой бинӯшед.
Таҳияи Шервон Акрамов