
ЧӢ ТАВР ҶАРРОҲИ ТОҶИК ДИПЛОМАТИ ОЛМОНРО НАҶОТ ДОД
Соли 1995 корманди Сафорати Олмон дар Тоҷикистон Ралф Климансро дар роҳи Варзоб дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ даст аз сари китф канда шуду танҳо ба як раги борике ҳамоил. Вайро оҷилан ба беморхонаи Қарияи боло оварданд. Ҳамзамон масъулони сафорат дарҳол ба давлати худ дар тамос шуда, ҳолатро фаҳмонданд. Аз он ҷониб хоҳиш карданд, ки агар имкон бошад, духтурони тоҷик рагҳои хунгардро пайваст ва гардиши хунро барқарор созанд, то ки пайваст кардани дасти кандашуда дар вақти ҷарроҳӣ дар Олмон мушкиле наорад. Дар сафорат ҳавопаймо ташкил карда, дипломати худро фаврӣ ба Олмон расонда, дасташро ҷарроҳию пайванд карданӣ буданд.
Ана дар ҳамин вазъи фавқулодда роҳбари Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо Алиҷон Каримов ба олмониҳо гуфт: “Ҷаноби Климансро бо ин ҳолати вазнин ба Олмон набаред. Ман ҷарроҳи хубе дорам, ки аз ўҳдаи ин кор мебарояд”. Роҳбарияти сафорат баъди машварат бо Берлин розӣ шуд. Ҷарроҳи тоҷик бо камоли кордонӣ ва масъулият заргарона амал карда, дасти овезони дипломатро ба китф пайвасту дӯхт. Баъди чанд муддати муолиҷа дасту китф пурра ба ҳам омаданд ва олмонии шифоёфта ба Берлин парвоз кард. Он ҷо номдортарин пайвандсозон баъди муоинаи дақиқ бо муосиртарин таҷҳизот нуқсе дар ҷарроҳӣ ва натиҷаи муолиҷаи баъдӣ наёфта, ба ҳунари волои духтури тоҷик қоил шуданд. Баъдан ин ҷарроҳро ба Олмон махсус даъват карданд, барои арзи сипос ва ҳамкорӣ. Ҳамзамон, дар беморхонаи Маркуси шаҳри Франкфурти лаби Майн оид ба ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ такмили тахассус кард.
Ин шахс доктори илми тиб, профессор Қурбон Убайдулло Абдулло буд, ки он замон дар шўъбаи ҷарроҳии беморхонаи Қарияи боло фаъолият дошт. Имрўз мавсуф ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аст ва шогирдони ин ҷарроҳу олиму сарвари накуном дар ҳар гўшаи Тоҷикистон ва берун аз он муваффақона машғули табобатанд. Ба гуфтаи худи устод, баъди он сафар даъвати табибону олимони соҳати тибби тоҷик ба ин кишвар бештар шуд.
НАХУСТИН КОРБАСТИ 87 УСУЛИ НАВИ ТАБОБАТУ ҶАРРОҲӢ
Маҳз бо заҳмат ва табобати устодон ва кўмаки шогирдони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз соли 2016 то соли 2026 наздики 107 ҳазор мариз муоинаю муолиҷа карда шуд. Кормандони кафедраҳои клиникии донишгоҳ 87 усули табо-бат ва ҷарроҳиҳоро бори аввал дар ноҳияи Данғара ба роҳ монданд, ки дастоварди бузург аст. Аз ҷумла, ҷарроҳиҳои нуқсҳои мавзеи рўй ва сар, варикатселӣ, пайвандсозии гурда, гузоштани дастгоҳи Илизаров ва меҳвар ҳангоми шикасти кушода ва пўшидаи устухонҳо, эндопротези буғуми косу рон, ҷарроҳии носури устухонӣ, тармини устухон ҳангоми омосҳои хушзот, табобати функсионалӣ ҳангоми баромади модарзодии ронҳо,табобати консервативии каҷпоии модарзодӣ…
Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дуюмин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ буда, аз дастовардҳои соҳаи тандурустии даврони Истиқлол ба ҳисоб меравад ва соли равон ба таъсисёбии он 10 сол пур мешавад. Донишгоҳ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади қонеъ гардондани талаботи ҷомеа бо мутахассисони баландпояи тиббӣ таъсис ёфта, имрўзҳо дар марҳилаи рушд қарор дорад.
БА ҶОИ ТЕҲРОНУ БЕРЛИН Ё ДЕҲЛӢ
— Соли 2003 барои ивазсозии гурдаи амакам бо харҷи маблағи калон ба Эрон сафар карда, зиёда аз як моҳ он ҷо мондем. Боз донор ҳам кофтем. Ниҳоят гурдаи амакамро иваз карданду баъди шифо ёфанаш ба хона баргаштем.
Пеш мардуми бемордор ана ҳамин хел дар азоб буд. Ҳоло чӣ? Шукри Худованд ва соҳибистиқлолии кишвар, ки ҳоло дар хориҷа маблағи калон сарф карда, сарсону саргардон намешавӣ. Дар Ватанихудамон, аз ҷумла дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии Данғара бе ташвиши зиёд беморатро мехобонӣ ва духтурони худӣ хоҳӣ, гурда иваз мекунанд, хоҳӣ, ягон узвро пайванд месозанд ё ягон ҷарроҳии пластикӣ мекунанд. Мо беморамонро гурдаашро иваз кардем ва бе мушкилӣ сиҳат шуда баромад. Монанди бемори мо бисёранд шахсоне, ки аз ин даргоҳ шифо ёфта баромадаанд. Ба назарам, ин ҷо беҳтарин табибон ҷамъ омадаанд, ки дасташон дардро набинад, – бо сипосу ифтихор мегўяд бемордор Самандари Ҷамол.
Аксари табибони ин даргоҳ дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошанд. Дар донишгоҳ соли 2023 боз ду факултети нав: “Тиббӣ – профилактикӣ” ва “Фарматсия” таъсис ёфт. Боз чанд рақам меорам чун далели вусъати фаъолияти он. 5 кафедраи соли 2016 имрўз ба 21 кафедра расидааст. Теъдоди донишҷўён аз 353 нафари соли 2016 ба 2898 нафар, шумораи омўзгорону кормандони ДДТХ аз 97 нафари соли аввал ҳоло ба 432 на-фар расида. Аз соли 2021 инҷониб қабули донишҷўёни тибқи квотаи Президентӣ ба роҳ монда шуд ва онҳо имрўз 161 нафаранд.
Соли гузашта аввалин маротиба 36 донишҷўи хориҷӣ аз Ҳиндустон ба курси якум қабул гардид. Аз соли 2021 инҷониб дар донишгоҳ қабул ва таҳсили интернҳои клиникӣ ва ординаторони клиникӣ роҳандозӣ гашт.
ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД…
— Ташаккул додани тафаккури илмӣ, ба тадқиқоту озмоишҳо ҷалб кардани донишҷуён аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарият ва мудирону олимони кафедраҳои донишгоҳ мебошад. Мутахассисоне, ки тайёр мекунем, бояд диди фарохи илмӣ дошта, навҷӯ бошанд. Ва бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қадамҳои нахустинашон дар ҷодаи илм умедбахшанд. Соли 2021 аввалин лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2-и донишгоҳ дар мавзўи “Ҷанбаҳои муосири ташхиси молекулавӣ–генетикии алоими модарзодии омосибадзоти ғадуди ширӣ ва тухмдонҳо» аз озмуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузашта, соҳиби грант шуд.
Худи ҳамон сол пажӯҳиши олимони ҷавонамон дар мавзўи “Паҳншавии бемориҳои омосҳои хушзоти ғадудҳои ширӣ дар байни донишҷўдухтарони вилояти Хатлон” сурат гирифт. Соле пас онҳо дар доираи лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзўи “Эпидемиология, ташхис ва табобати синдроми апертураи болоии қафаси сина дар байни донишҷўдухтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” тадқиқот ба анҷом расонданд.
Соли 2023 бошад, лоиҳаи кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 дар мавзўи “Тадқиқоти морфологӣ ва бактериологии пеш аз ҷарроҳии шошадони бемории музмини гурда дараҷаи 5 ва дисфунксияи пайванди гурда” барои маблағгузорӣ тасдиқ гардид, – мухтасар ташреҳ дод сарвари донишгоҳ Қурбон Убайдулло.
АЗ ШОҲҶОИЗА ТО УНВОНУ МЕДАЛҲО
Ҳамчунин метавон афзуд, ки дастаи донишҷўёни ДДТХ дар Олимпиадаи 6 –уми умумирусиягӣ, ки дар Донишгоҳи давлати тиббии ба номи И.М. Сеченов баргузор шуда буд, дар байни 52 муассисаҳои олии тиббии Федератсияи Русия соҳиби диплом гардид. 8 донишҷў дар озмуни “Илм – фурўғи маърифат” иштирок карда, дар даври ниҳоӣ 2 нафар ҷойи 2-юмро соҳиб шуд, як олими ҷавони донишгоҳ дар номинаи ихтироъкории озмуни мазкур сазовори ҷойи сеюм гашт.
Соли 2023 олими ҷавони ДДТХ Ҷаҳонгир Додоҷонов барои ихтироъ- сохтани суфраи гӯш Шоҳҷоизаи озмуни “Илм – фурўғи маърифат”-ро ба даст овард. Дар панҷ соли охир дар Онлайн-олимпиадаи байналмиллалии муассисаҳои таълимии тиббӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Тошкант донишҷўёни ДДТХ ба 7 ҷойи якум, 14 ҷойи дуюм ва 20 ҷойи сеюм сазовор шуданд. Бешак, ин зикри нопурраи дастовардҳост.
Чуноне роҳбари муассиса профессор Қурбон Убайдулло бо ифтихор афзуд, дар давоми қариб даҳ сол 43 устоди донишгоҳ барои муваффақиятҳои илмию таълимӣ бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, медалҳои “Хизмати шоиста” ва “Шафқат”, нишонҳои “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз гашт.
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар масири тарбияи кадрҳои донишманду кордони тиббӣ устувору дилпур гом мениҳанд, то ки фардо шогирдонашон ворисони сазовори Пури Сино ва муҳофизони шоистаи солимии мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол гарданд. Даҳ соли гузашта шаҳодати рӯшан аст, ки дар ин ҷода ҳам онҳо муваффақанд, ҳам дастпарваронашон.
Билоли ШАМС,
ноҳияи Данғара



