ХОСИЯТҲОИ СОЛИ НАҲАНГ
Мувофиқи тақвими шарқӣ соли 2024 соли Наҳанг мебошад. Дар солшумории мулҷар (мучал) Наҳанг ягона ҷонвари обӣ ба шумор меравад.
Рақамшиносон соли 2024 — ро соли бахосият мешуморанд, зеро ҷамъи рақамҳои ин сол ба 8 баробар мешавад. Рақами 8 нишонаи боигарӣ, сарват, комёбӣ ва эътидол миёни ғизои моддию маънавӣ маҳсуб меёбад.
Муҳаққиқон дар маҷмўъ соли Наҳангро соли дастоварду комёбиҳо, амалҳои хайр, ғалабаи хирад ва мулоҳизакорӣ мешуморанд. Миёни 12 ҷонвари мучал Наҳанг аз ҳама бузург буда, соли он бо серборониаш боиси афзоиши ҳосил ва сарсабзии табиат мегардад.
Аз рўи маълумоти маҷаллаи «Voice» соли 2024 соли кашфиёт, пешравӣ дар фаъолияти корӣ, беҳбудӣ дар ҳаёти шахсию сиёсии ҷомеа хоҳад шуд. Дар таърих чунин ҳодисаҳо дар соли Наҳанг зиёд буданд. Аз ҷумла, соли 1928 тавассути дирижабл (киштии ҳавоӣ) аз болои уқёнуси Атлас (Атлантика) парвоз сурат гирифта буд. Соли 1940 ҷанги СССР- Финландия ба поён расида, ҳудуди давлати шўравӣ садҳо километр ба самти шимол васеъ гардид. Ҳамон сол Литва, Латвия ва Эстония ба ҳайати СССР ҳамроҳ карда шуданд.
Соли 1964 Леонид Брежнев сарвари Иттиҳоди Шўравӣ гардид, ки давраи роҳбарии ўро калонсолон то ҳол ҳамчун «замони серию пурӣ» ёд мекунанд. Нахустин парвози киштии кайҳонии «Восход- 1», таъсиси радиои дар замони шўравӣ машҳури «Маяк» низ дар ҳамин сол рўй дода буд.
Соли 2000 Владимир Путин Президенти Федератсияи Россия интихоб шуда, ин кишварро аз парокандашавӣ наҷот дод.
Соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта шуд. Ҳамон сол нақби «Шаҳристон», охирин бахши шоҳроҳи «Душанбе- Чаноқ», Китобхонаи миллӣ ва як қатор иншоотҳои муҳими дигар низ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Мувофиқи солшумории хитоӣ ашхоси солашон Наҳанг соҳиби идеали баланд, ҷасорат ва ҳунар мебошанд. Онҳо вазъиятро идора карда метавонанд ва ба ашхоси дар атрофашонбуда баҳои дуруст медиҳанд. Наҳангҳо ба оянда хушбинанд. Ҳангоме ки одамони солашон ғайринаҳанг дуру дароз эҳсоси афсурдаҳолӣ мекунанд, Наҳангҳо бо осонӣ аз чунин вазъият берун мебароянд.
Хитоиҳо маслиҳат медиҳанд, ки сол худ аз худ барору комёбӣ намеорад. Аз ин рў, зимни бастани шартномаи тиҷоратӣ ҷониби муқобилро хуб омўзед, аз касоне, ки қаблан бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, маслиҳат бигиред ва умедвор бошед, ки «мева» — и ҳамкориро дарҳол намечинед. Бо сабру матонат интизор шудан лозим меояд.
Аз тарафи дигар сарвати худро ба намоиш нагузоред, то ки боиси рашку ҳасади дигарон нашавад. Ба ҷои ин барои рушду такомули худатон кўшиш намоед. Яъне, китоб хонед, забон омўзед, ба варзиш шуғл варзед ва ҳунареро ёд гиред.
Барои зодагони соли Ҳамдуна соли 2024 соли амалисозии имкониятҳо, пешравӣ дар мансаб ва хонадоршавии муносиб мебошад.
Мушҳо дар ин сол бештар пулдор шуда, муносибаташон бо атрофиён низ хуб мешавад.
Барои зодагони соли Мурғ низ соли 2024 пурфайз хоҳад гашт. Аз қарзҳо халос шуда, мушкилиҳои молиявиашон рафъ мегардад.
Ба Аспҳо дар ин сол аз атрофиён кумак хоҳад расид, ки ин натиҷаи дар дўстӣ содиқ будани худи Аспҳо мебошад. Меҳнатдўстии Аспҳо самараи нек дода, вазъи молиявиашон беҳтар мегардад.
Барои Мор низ соли 2024 соли дигаргуниҳост. Танҳо зарур аст, ки аз якравию гарданшахӣ даст кашида, гузашт намуданро ёд бигиранд. Дар давоми сол навоварӣ кардан амалисозии идеяҳои тозаи Мор боиси ба даст овардани даромади хуб мегардад.
Барои Палангҳо ин сол нисбатан ором аст. Агар онҳо ғазаби худро фурў бурда, робитаашонро бо атрофиён нарм созанд, ба бисёр комёбиҳо ноил мешаванд.
Наҳангро лозим меояд, ки дар соли 2024 бештар ба саломатӣ таваҷҷуҳ намуда, аз бадии ҳасудхўрон худро эҳтиёт кунад.
Барои зодагони соли Саг зарур аст, ки дар фаъолияти худ дигаргунӣ ворид намоянд. Касонеро, ки дўсти наздик мешуморанд, дурусттар бисанҷанд. Шояд баъзеҳо дўсти «нонӣ» бошанду дар ҳолати вазнинӣ худро дур бигиранд.
Зодагони соли Харгўш бояд аз исрофкорӣ худро нигоҳ доранд. Дар муносибат бо дигарон эҳтиёткор бошанд. Носанҷида ба касе бовар кардан оқибат пушаймонӣ меорад.
Касоне, ки дар соли Гов ба дунё омадаанд, бояд фикр кунанд, ки ғайр аз фикри онҳо фикру мулоҳизаҳои дигар ҳам вуҷуд дорад. Аз ин рў, якравӣ накарда, ба андешаи дигарон низ гўш карданашон лозим аст.
Гўсфандҳо набояд ба кор саҳлангорона рафтор намоянд. Кори дар назар оддӣ ҳам таваҷҷуҳ ва дақиқкорӣ талаб мекунад. Хароҷоти худро мувофиқи баромадатон ба роҳ монед.
Барои одамони соли Хук зарур аст, ки захираандўзиро ёд гиранд, то дар лаҳзаҳои мушкилӣ бенаво нашаванд. Аз хатоҳо омўхта, вазъи худро беҳтар намоянд. Шуғли манфиатнокро пеша гиранд, то мўҳтоҷи дигарон нашаванд.
Дар ҳама ҳолат умед ба ояндаи некро гум накунед ва аз Худованд осоиштагию фаровонӣ ва файзу баракат бихоҳед.



