
Дар мавсими гармо, пеш аз ҳама, истеъмоли мева ва сабзавоти тару тоза заруру муфид аст, зеро онҳо аз витамину минерал ва антиоксидантҳо бой буда, масуниятро тақвият медиҳанду организмро аз таъсири манфии муҳити зист эмин медоранд.
ХЎРОКИ БУҒПАЗРО АФЗАЛ ДОНЕД!
Мову шумо бояд дар мавсими гармо ба хӯроки сабук афзалият диҳем, зеро дар ҳавои гарм ҳазми хӯроки вазнин ва равғанӣ душвортар мебошад. Аз ин рӯ, на ғизои бирён, балки буғпазро афзал донед. Барои кори хуби меъда ва эҳсоси серӣ хӯроки гуногун аз ғалладона созгор аст. Ғалладонагиҳо, инчунин
витамини В, оҳан ва аминокислотаҳои муфид доранд. Бояд таъкид намоем, ки бо боло рафтани ҳарорати ҳаво шираворӣ ва машруботро то ҳадди имкон кам кунед.
Истифодаи гулу гиёҳро низ фаромӯш набояд кард. Шояд баъзеҳо надонанд, ки пудина, райҳон ва занҷабил як навъ яхдон буда, ҳарорати баданро муътадил нигоҳ медоранд ва ба рафъи гармӣ мусоидат менамоянд.
САФЕДАҲО БА ҶОИ КАРБОГИДРАТҲО
Агар коршиносон дар фасли сармо хӯроки аз карбогидратҳо бойро тавсия диҳанд, пас дар тобистон таркиби субҳонаро ба сафедаҳо иваз мекунанд. Яъне субҳ шавлаи дӯстдоштаро дигар канор гузошта, тухм, панир ва қаймоқ хӯрем. Нисфирӯзӣ пеш ё пас аз ғизо истеъмоли ҷурғоти хунук ҳам муфид аст, ҳам таъсири гармиро мешиканад.
Пеш аз хоб ба меъдаатон вазнинӣ наоред: хӯроки охирин бояд ҳадди ақал се соат қабл аз хобравӣ бошад! Дар ёд дошта бошед, ки пеш аз сар ба болин ниҳодан як истакон ҷурғот ё кефир нӯшидан аз ҳар гуна ҳабби хоб беҳтар аст.
ОБИ ХУНУК БЕҲ Ё ЧОЙИ КАБУД?
Маълум аст, ки ҳарорати баланди ҳаво ба арақи зиёд ва талафи об бадан меорад. Ҳангоме ки бадан намиро аз меъёр бештар гум мекунад, тавозуни об ва намакҳо вайрон мешавад ва аз он то сарзании бемориҳои гуногун як қадам.
Нимаи дуюми рӯз бо гармтар шудани ҳаво ташнагиро бо обу дигар нӯшокиҳои хунук мешиканем, аммо дар ёд дошта бошед, ки оби хунукро организм сусттар меҷаббад. Барои рафъи ташнагӣ, беҳтараш, чойи кабуд нўшед. Дар гармо нӯшидани то ду литр оби тоза, яъне бидуни газу ҳар гуна иловаҳо хеле муҳим аст. Ин миқдор тавозуни намиро дар бадан нигоҳ медорад.
ПОМИДОРУ САБЗӢ ХУНРО ҒАФС МЕКУНАНД?
Дигар масъалаи муҳим. Агар бемории дилу рагҳо дошта бошед, дар мавсими гармӣ аз зиёд хӯрдани пиёз, сирпиёз ва шалғамча худдорӣ кунед. Дар сурати мавҷудияти фишорбаландӣ нӯшокӣ аз буттамеваҳоро кам кардан даркор. Ин, махсусан, ба калонсолн дахл дорад, зеро буттамеваҳо бо вуҷуди фоиданокӣ хусусияти ғафс кардани хунро дошта, боиси лахташавии хун мегарданд, ки хеле хатарнок аст.
Помидор, сабзӣ, ҷуворимакка ва исфаноҷ низ чунин хосиятро доранд. Агар моеи баданро ба осонӣ нигоҳ дошта тавонед, истеъмоли тарбуз ва ангурро кам кунед. Ҳангоми илтиҳоби меъда ва туршии зиёди он зиёд хӯрдани меваю сабзавот салоҳ нест. Мабодо гирифтори диабети қанд дошта бошед, махсусан дар гармо аз “меню”-и худ сабзавоту буттамева ва меваҳои қанднокияшон баландро хориҷ созед. Боқӣ саломат бошед!
Таҳияи
Мадина САЙИДАЛИЗОДА



