• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Роҳи осони ҳифзи саломатӣ-нӯшидани об

от user
в Пешгирии бемориҳо
0

Об сарчашмаи ҳаёт ва яке аз муҳимтарин омилҳои нигоҳ доштани саломатии инсон мебошад. Бадани инсон тақрибан аз 60 — 70 фоиз об иборат буда, тамоми узвҳо ва системаҳои организм барои фаъолияти дуруст ба он ниёз доранд. Дар фасли тобистон, ки ҳарорати ҳаво баланд мешавад, организм барои нигоҳ доштани ҳарорати муътадили худ тавассути арақкунӣ миқдори зиёди моеъро аз даст медиҳад. Агар ин талафот ҷуброн карда нашавад, организм ба беобшавӣ дучор мегардад. Аз ҳамин сабаб, нӯшидани оби кофӣ дар рӯзҳои гарм барои инсон аҳамияти калон дорад. Ҳангоми кам шудани миқдори об тамоми равандҳои ҳаётӣ суст мешаванд.

–Яке аз муҳимтарин фоидаҳои об пешгирии беобшавии организм мебошад. Беобшавӣ метавонад боиси ташнагии шадид ва хушк шудани даҳон гардад.

Дар рӯзҳои гарми тобистон нӯшидани об на танҳо ташнагиро мешиканад, инчунин фаъолияти дурусти дил, мағзи сар, гурдаҳо, узвҳои ҳозима ва тамоми организмро таъмин намуда, неруманд, фаъол ва солим нигоҳ медорад. Беобии бадан сабаби хушк шудани даҳон, чарх задани сар, хастагӣ, сустшавии қобилияти корӣ ва ҳатто беҳушӣ гардад. Нӯшидани об ин ҳолатҳоро пешгирӣ намуда, фаъолияти дурусти тамоми узвҳои баданро таъмиин мекунад.

Об инчунин ҳарорати баданро танзим мекунад. Дар ҳавои гарм организм тавассути арақкунӣ худро аз гармии зиёдатӣ муҳофизат мекунад. Агар дар бадан об кофӣ бошад, ин раванд ба таври муқаррарӣ мегузарад ва хатари гармозадагӣ камтар мешавад.

Нӯшидани об барои кори дил ва гардиши хун низ бисёр муҳим аст. Ҳангоми кам шудани моеъ хун ғафстар шуда, кори дил вазнин мегардад.

Ҳангоми машқҳои ҷисмонӣ ё кори вазнин организм оби зиёдро аз даст медиҳад, қувва кам мегардад ва хатари кашишхӯрии мушакҳо зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз, варзишгарон ва шахсоне, ки дар ҳавои кушод фаъолият мекунанд, бояд мунтазам об бинӯшанд.

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки нӯшокиҳои газнок, ширин ё энергетикӣ метавонанд организмро бо об пурра созанд, аммо дар асл чунин нест. Агар ба ҷойи об нӯшокиҳои газнок истеъмол карда шавад, эҳтиёҷи организм ба об пурра қонеъ намегардад. Баъзе нӯшокиҳои газнок кофеин доранд, ки метавонад пешобронӣ ва талафоти моеъро зиёд кунад. Аз ин рӯ, истеъмоли зиёди он метавонад нишонаҳои беобшавӣ, аз ҷумла хастагӣ, чархзании сар, хушкшавии даҳон ва паст шудани қобилияти кориро ба вуҷуд оварад.

Барои шахсоне, ки гирифтори гастрит, захми меъда ё дигар бемориҳои узвҳои ҳозима мебошанд, истеъмоли нӯшокиҳои газнок мумкин нест.

Ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳои энергетикӣ инсон бақувват мегардад, вале ҳангоми паст шудани таъсири он дар организм қувваи инсон кам мегардад. Бояд аз нӯшидани чунин нӯшокиҳо худдорӣ кард. Ин гуна нӯшокиҳо ташнагиро пурра намешикананд ва дар натиҷа истеъмоли чунин нӯшокиҳо пайваста зиёд мешаванд. Аз ин рӯ беҳтар аст, ки оби тоза нӯшид. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки обро мунтазам ва бо ҷуръаҳои хурд бинӯшед.

Агар бисёр арақ кунед ё ба варзиш машғул бошед, миқдори истеъмоли обро зиёд намоед. Ҳангоми берун баромадан ҳамеша бо худ як шиша об дошта бошед.

Дар рӯзҳои гарми тобистон нӯшидани об на танҳо ташнагиро мешиканад, инчунин фаъолияти дурусти дил, мағзи сар, гурдаҳо, узвҳои ҳозима ва тамоми организмро таъмин намуда, инсонро неруманд, фаъол ва солим нигоҳ медорад.

Дар фасли тобистон бинобар риоя накардани истифодаи ҳавополо ва аз ҳад зиёд нӯшидани оби хунук гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш, хусусан дар байни кӯдакон ва наврасон бештар мегардад. Бемории илтиҳоби шуш мавсимӣ буда, дар ин фасли сол аз беэҳтиётии шахс хуруҷ мекунад.

Омили асосии гирифтор шудани шахс ба ин беморӣ ин гарму хунук шудани организм мебошад. Агар сари вақт ба табиб муроҷиат карда, онро пешгирӣ намоем, ин беморӣ хуруҷ намекунад. Омили гирифтор шудан ба бемории илтиҳоби шуш дар ин фасли сол истеъмоли зиёди нӯшокиҳои хунук, аз қабили об ва обҳои рангаи ташнагишикан, инчунин паст будани масунияти бадан мебошад

Инчунин кӯдакон ба нӯшидани обҳои рангаи ташнагишикан майли бештар доранд. Бояд волидайн реҷаи истеъмоли обҳои рангаи ташнагишиканро барои кӯдакон танзим намоянд. Набояд модарон ба ҳар хостаи фарзанди худ розӣ бошанд, зеро кӯдак зарар ва фоидаи истеъмоли ҳар гуна маҳсулотро намефаҳмад. Истеъмоли ҳама гуна обҳои рангаи ташнагишикан ба кӯдакон тавсия дода намешавад. Шахсони калонсол каме ҳам бошад эҳтиёт мекунанд, аммо кӯдакону наврасонро бояд волидайн назорат кунанд.

Талаботи организм ба об ва синну сол, вазн, фаъолияти ҷисмонӣ ва ҳарорати ҳаво вобаста аст. Ба ҳисоби миёна барои калонсолон дар як шабонарӯз аз 1,5 то 2,5 литр об нӯшидан тавсия дода мешавад. Дар рӯзҳои хеле гарм ё ҳангоми фаъолияти зиёд ин миқдор метавонад бештар бошад. Кӯшиш намоед, ки дар хона аз меваю сабзавот хӯришу обмева тайёр намоед, зеро ин беҳтарин нӯшокӣ дар гармост.

Саломатии инсон дар фасли тобистон, пеш аз ҳама, ба истеъмоли дурусти моеъ вобаста аст. Гарчанде ки нӯшокиҳои газнок сард ва болаззатанд, вале онҳо ташнагиро пурра рафъ намекунанд. Нӯшидани обҳои газноки хунуки зиёд метавонад ба меъда, дандонҳо, дилу рагҳо, гурдаҳо ва мубодилаи моддаҳо зарар расонад. Аз ин рӯ, барои нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирии беобшавии организм интихоби беҳтарин ҳамеша оби тозаи нӯшокӣ мебошад.

Мақолаи гузашта

Боз як ҷарроҳии нодир дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Роҳи осони ҳифзи саломатӣ-нӯшидани об

Роҳи осони ҳифзи саломатӣ-нӯшидани об

20.07.2026
Боз як ҷарроҳии нодир дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт

Боз як ҷарроҳии нодир дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт

19.07.2026
Гармии шадид: тавсияҳои муҳим барои ҳифзи саломатӣ

Гармии шадид: тавсияҳои муҳим барои ҳифзи саломатӣ

18.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ