Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба беморе, ки аз кистаи баъди панкреанекрози сараки ғадуди зери меъда ранҷ мебурд, амалиёти мураккаби секвестрэктомия ва систодуоденостомияи эндоскопӣ бе буриши ҷисм, тавассути даҳон, бомуваффақият гузаронида шуд.
Ин ҷарроҳӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» аз ҷониби мудири шуъбаи ташхису табобат, номзади илмҳои тиб Мусоев Сорбон Шералиевич дар якҷоягӣ бо духтури ташхиси ултрасадо Амиров Ҷаҳонгир анҷом дода шуд.
Ба гуфтаи мутахассисон, ҳангоми ташхис дар бемори 43-сола кистаи баъди панкреанекрози сараки ғадуди зери меъда бо андозаи 11×9 сантиметр муайян гардид. Киста ба девори рудаи дувоздаҳангушта фишор оварда, боиси дард, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва душвор шудани гузариши ғизо мегардид.
Дар ҷараёни амалиёт табибон тавассути эндоскоп бофтаҳои мурдаро аз дохили киста хориҷ намуда, барои дренажи он стенти махсуси пластикӣ насб карданд. Амалиёт таҳти назорати эндоскоп, ултрасадо ва рентген иҷро шуд.
Пас аз 48 соати ҷарроҳӣ ташхиси назоратӣ нишон дод, ки андозаи киста аз 11×9 сантиметр то 4 сантиметр коҳиш ёфтааст. Бемор бо вазъи қаноатбахш ба хона рухсат дода шуд.
Қаблан чунин беморон танҳо бо роҳи ҷарроҳии кушода табобат мегардиданд, ки бо осеби бештар, давраи тӯлонии табобат ва барқароршавӣ ҳамроҳ буд. Истифодаи усули нави эндоскопӣ имкон медиҳад, ки беморон бе буриши ҷисм ва дар муддати кӯтоҳтар муолиҷа гардида, пас аз 24–48 соат аз беморхона рухсат шаванд.
Ин дастовард нишонаи рушди ҷарроҳии муосир дар Тоҷикистон буда, бори дигар собит месозад, ки табибони кишвар бо истифода аз технологияҳои нав метавонанд амалиётҳои мураккабро дар сатҳи баланд анҷом диҳанд.




