
Бояд гуфт, ки дар ҳолати ҷой доштани чунин нишонаҳо гинеколог метавонад таҳлили гормонҳоро ба шумо тавсия диҳад. Инҳо:
- Номуззамии ҳайз ё набудани сикли ҳайзӣ дар синну соли репродуктивӣ
- Дарди шадид дар давраи ҳайз
- Безурриётӣ
- Собиқаи исқоти ҳамл ё ҳомилагии аз инкишоф бозмонда
- Пайдо шудани доначаҳо (акне) ва равғаннокии зиёди пӯст
- Афзоиши зиёди мӯй дар рӯй ё бадан
- Рехтани зиёди мӯй сар
- Бесабаб тағйир ёфтани вазн
- Хастагӣ, сустии умумии бадан
- Кам ё зиёд шудани майл ба алоқаи ҷинсӣ.
Супоридани таҳлили гормонҳо чӣ гуна бояд анҷом ёбад ва чаро омодагии дуруст муҳим аст?
Гормонҳо моддаҳои биологии фаъол мебошанд, ки сатҳи онҳо дар давоми шабонарӯз, вобаста ба давраи ҳайз ва зери таъсири омилҳои беруна тағйир меёбад. Стресс, камхобӣ, машқи ҷисмонӣ ё рӯзи нодурусти сикл метавонанд боиси натиҷаҳои қалбакӣ гарданд ва ташхису табобати нодурустро пеш оранд.
- Рўзи давраи ҳайз омили асосӣ аст. Барои занони синни репродуктивӣ рӯзҳои сикли ҳайз аҳамияти муҳим доранд.
Нақшаи дурусти супоридани хун барои таҳлили гормонҳо чунин аст:
Дар рӯзҳои 3-5-уми сикл
- ФСГ
- ЛГ
- Эстрадиол
- Пролактин
- Тестостерон
- ДГЭА-S
- АМГ (метавон дар ҳар рӯзи сикл супурд)
Дар рӯзҳои 21-23-юми сикл ё 7 рӯз пас аз овулятсия:
- Прогестерон
Ҳангоми номуназзамии сикл ё набудани ҳайз рӯзи супоридани таҳлилро табиб ба таври инфиродӣ муайян мекунад.
- Вақти муҳими супоридани таҳлил субҳ аст. Аксари гормонҳо ба ритми шабонарӯзӣ итоат мекунанд. Вақти беҳтарин барои супоридани таҳлил:
- Аз соати 8:00 то 11:00 субҳ
- Ба ҳолати гуруснагӣ (8-12 соат пас аз қабули ғизои охир)
Вақти муайян махсусан барои ин гормонҳо муҳим аст:
- Пролактин
- Кортизол
- Тестостерон
- АКТГ
Ҳатто оддитарин ҳолат — риоя накардани вақт таъсир расонида метавонад, ки нишондиҳандаҳо дигар шаванд.
- Стресс ва машқи ҷисмонӣ: таъсири пинҳонӣ
Стресс яке аз омилҳои камарзишшуда мебошад.
Пеш аз супоридани таҳлил:
- Машқи ҷисмонӣ на кам аз 24 соат қабл анҷом ёфта бошад
- Аз фишори эҳсосӣ бояд худдорӣ намуд
- Ба озмоишгоҳ, оромона бешитоб ҳозир шудан лозим
- Пеш аз гирифтани хун 10–15 дақиқа ором нишинед.
Стресс метавонад боиси баланд шудани сатҳи қалбакии пролактин ва кортизол гардад.
- Доруҳо ва маводҳои гормоналӣ
Бисёре аз ин доруҳо ба натиҷаи таҳлил таъсир мерасонанд:
- Контрасептивҳои гормоналӣ
- Терапияи гормоналӣ
- Доруҳо барои табобати ғадуди сипаршакл
- Антидепрессантҳо, нейролептикҳо.
Доруҳоро худсарона қатъ накунед.
Дар бораи ҳамаи доруҳои истифодашаванда ҳатман ба табиб ва корманди озмоишгоҳ хабар диҳед.
- Тавсияҳои иловагӣ
- Ҳадди ақал 1 соат пеш аз таҳлил тамоку накашед
- Алкоголро то 24–48 соат пеш аз супоридани хун истифода набаред
- Ҳангоми бемории шадид хун барои озмоиш насупоред.
ХУЛОСА
Ташхиси дуруст аз омодагии дуруст оғоз меёбад. Риояи қоидаҳо роҷеъ ба рӯзи сикл, вақти рӯз ва тарзи зиндагӣ ба табиб имкон медиҳад, ки ҳолати гормоналии беморро дуруст арзёбӣ намуда, табобати самаранок таъин намояд.
Агар савол ё шубҳа дошта бошед, пеш аз супоридани таҳлил бо табиб машварат кунед. Муносибати инфиродӣ гарави ташхис ва табобати самаранок аст.
Гулмира Ҷабборова,
гинекологи Бемористони байналмилалии Ибни Сино



