
Зебоии зан таваҷҷўҳ ва ғамхории доимиро талаб мекунад. Аз ин рў, бо итминон метавон гуфт, ки занҳои зишт вуҷуд надоранд, танҳо танбалҳо ҳастанд. То бистсолагӣ зебоии моро табиат ва баъд аз он одатҳои ташаккулёфта таркиб медиҳанд. Онҳо кадоманд?
МАШҚҲОИ САҲАРӢ
Барои ҷисми солим доштан соати 5-и саҳар ҷониби варзишгоҳ давидан шарт нест. Вақте саҳар аз хоб бедор мешавед, як пиёла об бинӯшед ва чанде машқи бадан кунед. Дар натиҷа, ҳам организм фаъол шуда, тамоми рӯз бароятон неру мебахшад, ҳам хотиратон болида мегардад. Барои машқ 15-20 дақиқа ҷудо кардан кофист. Ҳадди ақал 21 рӯз машқ кунед. Дар натиҷа он бароятон одат мешавад.
ҲАЛОВАТИ САЙРУГАШТРО МЕДОНЕД?
Рӯзона дар ҳавои тоза 20 дақиқа сайругашт кардан саломатии шуморо беҳтар намуда, пӯсту баданатонро зебоӣ мебахшад. Нарасидани вақтро баҳона накунед. Ҳангоми сайругашт сӯҳбати телефонӣ бо дӯстон ё вуруд ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаловати дигар дорад. Танҳо як моҳ кофист, ки сайругашти рӯзона амали доимиятон гардад.
ДИҚҚАТИ МАХСУС БА ПЎСТИ ДАСТ
Пўстро намнок намудан ғамхорӣ ба дастон аст. Обдиҳии дуруст калиди пӯсти зебо ва солим аст. Як шиша намкунанда бояд шарики содиқи шумо гардад. Креми дастро ҳам фаромӯш накунед. Новобаста аз он ки зан ба рӯи худ чӣ қадар бодиққат ғамхорӣ мекунад, пӯсти дастонаш метавонанд синну соли ҳақиқии ўро ошкор созанд. Барои пешгирии ин ҳолат аз намӣ истифода баред, шабона креми серғизо ва пеш аз кӯча баромадан креми муҳофизатиро истифода баред.
ЗЕБОӢ ТОЗАГИРО ДЎСТ МЕДОРАД
Пеш аз хоб ороиши рӯятонро ҳатман тоза кунед. Новобаста аз он ки ороиш (косметика) – и шумо то чӣ андоза гаронбаҳо ва баландсифат аст, пӯсти шумо бояд то ҳадди имкон тоза нигоҳ дошта шавад. Бунёд ё хокаи тӯли шабонарӯз гузошташуда метавонад сӯрохиҳоро пӯшад, ки ин метавонад боиси илтиҳоб гардад. Рӯзе на камтар аз 2 литр обитоза бинӯшед. Зеро беобшавии организм ба бадшавии саломатӣ ва пиршавии бармаҳали пӯст меорад.
ОДАТҲОИ ЗЕБОӢ ВА САЛОМАТӢ
Ба парҳези худ бештар хӯрокҳои солим дохил кунед. Сабзавоти тару тоза, мева, чормағз, моҳӣ, равғани рустанӣ ва дигар маҳсулоти табииро, ки барои зебоии занон муфиданд, бихӯред. Аз анвои ғизо ҳасибҳо, шириниҳо, қаннодӣ, нӯшокиҳои газдори ширинро хориҷ кунед. Танҳо як ҳафтаи чунин «парҳез» ба ҳолати пӯст, саломатӣ ва чеҳраатон таъсири мусбат мерасонад. Сипас аз беҳтарин одат мешавад.
НАҲОРӢ НИЗ СИЛОҲИ ЗЕБОИСТ
Ҳеҷ гоҳ наҳориро тарк накунед, зеро он муҳимтарин хӯроки рӯз аст. Наҳории дуруст на танҳо рӯзи шумо, балки бадани шуморо низ зебо месозад. Мисли машқ аз наҳорӣ мо қувват мегирем, равандҳои мубодилаи моддаҳоро оғоз мекунем ва тамоми системаҳоро маҷбур мекунем, ки бо иқтидори пурра кор кунанд.
ЧАНД СОАТ ХОБ МЕРАВЕД?
Ҳамеша на камтар аз 8 соат хоб кунеду он бояд бароҳат бошад. Пеш аз хоб хонаро шамол диҳед. Бо шиками сер нахобед, шомгоҳон хӯроки вазнин ва носолим нахӯред. Агар ин талаботи оддиро риоя кардан одат шавад, баъди як моҳ ба чеҳраатон бо ҳавас менигаред, чунки хушруйтар мешавед.
МАСЛИҲАТҲОЕ, КИ БА НАФЪИ ШУМОЯНД
Агар хоб рафтан душвор бошад, ваннаи гарм гиред, чойи бобуна ё пудина бинӯшед ё китоби хуберо хонед. Ҳангоми тағйир додани афзалияти ғизоӣ якбора худро аз ҳама «хушнудӣ» маҳрум накунед. Аввал ҳасибро бо гӯшти камравған иваз намоед, сипас шириниҳоро бо себ, шакарро бо асал, нўшокии ширинро бо шарбати табиӣ иваз намоед.
Барои фаъолияти хубтари меъда маҳси саҳарӣ басо муфид аст. Дар ҳоле, ки ҳанӯз дар бистаред, меъдаатонро бо ҳаракати ақрабаки соат бо кафи даст маҳс кунед. Чеҳраи зебо онест, ки оромӣ, иродаи нек ва эътимодро таҷассум намояд. Ҳамеша табассум кунед, ба неруи худ бовар дошта бошед, худро дӯст доред. Дар ин ҷода одатҳои хуб, ки чандеро зикр намудем, ёвари беминнати шумо хоҳанд шуд, то ки худро ҳамеша зебою дилписанд эҳсос кунед.
Мадинаи ДАВЛАТ,
махсус барои “Даво”



