• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Дар рўзҳои гарм дилро чӣ гуна муҳофизат кунем?

от user
в Пешгирии бемориҳо
0

Тобистон бо гармии шадидаш на танҳо ҳисси нороҳатӣ меорад, балки барои фаъолияти дилу рагҳои хунгард низ озмоиши ҷиддӣ мебошад. Хусусан, шахсоне, ки аз фишорбаландӣ ё фишорпастӣ, норасоии дил, аритмия ё бемориҳои музмини дил азият мекашанд ва инчунин нафароне, ки сактаи дилро паси сар кардаанд, бояд дар рӯзҳои гарм эҳтиёткор бошанд.

Ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво организм бештар арақ мекунад. Дар натиҷа миқдори зиёди моеъ ва намакҳои минералӣ аз бадан хориҷ шуда, хун ғафстар мегардад ва фишори артериявӣ метавонад паст шавад. Ин ҳолат хавфи сактаи дил, сактаи мағзи сар ва дигар мушкилоти дилу рагҳоро зиёд мекунад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки паст шудани фишори хун дар ҳавои гарм барои  бисёр одамон як ҳолати табиӣ аст. Аммо агар баръакс, фишор ногаҳон баланд шуда, бо ҳисси тарсу изтироби шадид ҳамроҳӣ кунад, сабаб метавонад на танҳо гармӣ, балки фишори равонӣ низбошад. Дар чунин ҳолатҳо худмуолиҷа натиҷаи дилхоҳ намедиҳад ва беҳтар аст бо духтур машварат карда шавад.

Баъзе нишонаҳо вуҷуд доранд, ки ҳангоми пайдо шудани онҳо бояд фавран ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кард. Аз ҷумла, нафастангии шадид, ҳатто дар ҳолати оромӣ, эҳсоси норасоии ҳаво, дард, фишор ё сӯзиш дар қафаси сина, беҳушшавӣ, чарх задани сар ва сустии сахт метавонанд аз мушкилоти ҷиддии дил шаҳодат диҳанд.

Барои кам кардани таъсири манфии гармӣ ба дил риояи чанд қоидаи оддӣ хеле муҳим аст. Дар соатҳои аз ҳама гарм (одатан аз соати 11:00 то 16:00) аз зери нури мустақими офтоб дурӣ ҷӯед. Кӯшиш кунед бештар дар ҷойҳои салқин, сояафкан ё ҳуҷраҳои дорои ҳавокашӣ қароргиред. Дар давоми рӯз ба миқдори кофӣ об нӯшед, то талафоти моеъи организм ҷуброн гардад.

Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед, зеро онҳо метавонанд хавфи беобшавии организмро зиёд кунанд. Шахсоне, ки аз бемориҳои музмин ранҷ мебаранд, бояд доруҳои таъйинкардаи духтурро мунтазам истеъмол намоянд. Агар дар натиҷаи гармӣ фишори хун тағйир ёбад ва зарурати иваз кардани вояи доруҳо ба миён ояд, ин корро танҳо баъд аз машварати духтур анҷом диҳед.

Дар хотир бояд дошт, ки нигоҳубини саломатӣ дар рӯзҳои гарм аз амалҳои оддӣ оғоз меёбад. Риояи тавсияҳои мутахассисон, нӯшидани оби кофӣ, дурӣ аз гармии аз ҳад зиёд ва таваҷҷуҳ ба нишонаҳои огоҳкунанда метавонад аз пайдоиши мушкилоти дилу рагҳо пешгирӣ намуда, барои ҳифзи саломатӣ мусоидат намояд.

Фароҳамсоз С.Аминиён

Мақолаи гузашта

Спасите мужское сердце!

Мақолаи навбатӣ

Сатрҳои гўёи солномаи маркази омосшиносии вилояти Хатлон

user

user

Мақолаи навбатӣ
Сатрҳои гўёи солномаи маркази омосшиносии вилояти Хатлон

Сатрҳои гўёи солномаи маркази омосшиносии вилояти Хатлон

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Озмоишгоҳи миллӣ-беҳтарин роҳи рушди озмоишгоҳӣ

Озмоишгоҳи миллӣ-беҳтарин роҳи рушди озмоишгоҳӣ

28.08.2026
В Индии родился мальчик с четырьмя руками и ногами

В Индии родился мальчик с четырьмя руками и ногами

27.08.2026
Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон

26.08.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ