
Соҳаи омосшиносии вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, имрўз ба яке аз бахшҳои пешрафтаи соҳаи тандурустии вилоят табдил ёфтааст. Агар ба даҳсолаҳои гузашта назар афканем, гўё солномаеро варақ мезанем, ки саҳфаҳояш аз ранҷу умед, заҳмати шабонарўзии табибон ва ғамхории давлат нисбат ба саломатии мардум ҳикоят мекунанд.
ДИСПАНСЕР БО ЧОР ВАГОНИ КЎҲНА
Солҳое буданд, ки диспансери омосшиносии вилояти Хатлон дар чор вагони кӯҳна фаъолият мекард. Дар зимистон сардии сӯзон аз деворҳои тунуки вагонҳо гузашта, ба устухони табибону беморон мерасид. Дар тобистон бошад, гармии тоқатфарсо ҳавои танги утоқҳоро пур мекард. Аммо ҳатто дар чунин шароити душвор чароғи умед дар қалби табибон хомӯш намешуд. Онҳо бо дасти сабук, сухани таскинбахш ва иродаи қавӣ баҳри наҷоти беморон мубориза мебурданд.
Баъди пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи омосшиносӣ низ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Соли 2004 дар шаҳри Кӯлоб бинои нави Маркази омосшиносии вилояти Хатлон бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифт. Ин рӯйдод барои табибон танҳо ифтитоҳи як бино набуд — он оғози давраи нави умед, эътимод ва имконият ба шумор мерафт. Ду сол баъд, 26 июни соли 2006, дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ бинои нави Маркази омосшиносӣ ифтитоҳ ёфт. Аз ҳамон рӯзҳо соҳа нафаси тоза кашид.
Дар утоқҳои равшану муҷаҳҳази марказ дастгоҳҳои муосири тиббӣ насб шуданд. Садои дастгоҳҳои ташхисӣ, ҳаракати ороми табибони хилъатсафед ва нигоҳҳои пурумеди беморон муҳити наверо ба вуҷуд оварданд. Ҷарроҳиҳои мураккабе, ки замоне танҳо дар марказҳои бузурги хориҷӣ анҷом меёфтанд, акнун дар Хатлон низ имконпазир гаштанд.
БОРИ АВВАЛ: АЗ ВЕРТГЕЙМ ТО БРИКЕР
Соли 2022 нахустин бор ҷарроҳии мураккаби Вертгейм — экстерпатсияи васеи бачадон бо лимфодиссексия ба бемори саратони гарданаки бачадон гузаронида шуд. Барои ин гуна бемороне, ки то дирӯз худро маҳкуми марг медонистанд, ин ҷарроҳӣ мисли нур дар зиндагии тор шуда буд.
Соли 2023 табибони марказ боз як қуллаи навро фатҳ карданд. Амалиёти нодири эвиссератсияи узвҳои коси хурд ба беморе анҷом дода шуд, ки омоси бадзот аллакай ба чанд узв паҳн гардида буд. Соатҳои тӯлонӣ табибон дар утоқи ҷарроҳӣ барои ҳар нафаси бемор мубориза бурданд ва ниҳоят пирӯз шуданд.
Соли 2024 амалиёти думарҳилагии гемигепатэктомия ба беморони омоси ҷигар сурат гирифт.
Соли 2025 дар таърихи соҳа саҳифаи дигаре боз гардид. Амалиёти эзофагэктомияи трансдиафрагмалӣ — ҷарроҳии бисёр душвори омоси сурхрӯда бидуни кушодани қафаси сина анҷом дода шуд. Ҳамзамон, амалиёти резексияи панкреодуоденалӣ ба беморони гирифтори омоси ғадуди зери меъда ҳам бомуваффақият гузашт. Ин гуна ҷарроҳиҳо аз маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва таҷрибаи ғании мутахассисон шаҳодат медиҳанд.
Соли 2026 бошад, дар вилоят бори аввал амалиёти нодири сиспростатэктомияи тоталӣ бо барқарорсозии масона аз рӯдаи борик бо усули Брикер ба вуқуъ пайваст. Барои табибони ҷавон ин на танҳо таҷрибаи касбӣ, балки дарси ҷасорат ва масъулият буд.
ДАСТАИ МУВАФФАҚИ ИДИБЕК ҚАРАЕВ
Паси ҳамаи ин дастовардҳо чеҳраҳои фидокоре меистанд, ки зиндагии худро ба ҳифзи ҷони одам бахшидаанд. Идибек Қараев, директори Маркази омосшиносии вилояти Хатлон аз ҷумлаи чунин шахсиятҳост. Ӯ роҳи пурмашаққати илмро тай намуда, бо меҳнати шабонарӯзӣ ба дараҷаи номзади илмҳои тиб расид ва барои хизматҳои шоистааш бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид.
Юсуф Абдураҳмонов, номзади илмҳои тиб, ки таҷрибаи худро дар Санкт-Петербург такмил додааст, имрӯз яке аз ҷарроҳони соҳибтаҷрибаи марказ ба шумор меравад. Маҳмадалӣ Мирзоев бошад, намояндаи насли ҷавони табибонест, ки бо донишу малакаи нав вориди майдони тиб шудааст. Яъне ҳоло дар ин муассиса дастаи муттафиқу муваффақи табибоне ташаккул ёфтааст, ки бо донишу кордонӣ алайҳи дарди қаттол пайваста дар мубориза буда, дасти ҳаётро бар марг боломедоранд. Аз ин рӯ, ҳар боре нафаре шифо ёфта, ҷавоб шавад, ба онҳо бо меҳру сипос мегӯяд: “Духтурҷон, ман аз шумо як умр миннатдорам!”
ШУЪЛАИ УМЕД ҲАМЕША ФУРЎЗОН БОД!
Имрӯз Маркази омосшиносии вилояти Хатлон танҳо як муассисаи тиббӣ нест. Ин ҷо макони мубориза барои ҳаёт, мактаби умед ва рамзи ғамхории давлат нисбат ба саломатии ҳар шаҳрвандаш аст. Дар ҳар утоқи он қиссаҳои талху ширини зиндагӣ нуҳуфтаанд: модаре, ки баъд аз ҷарроҳӣ дубора фарзанд ба оғӯш мегирад; падаре, ки баъд аз шифоёбӣ боз сутуни хонадон мешавад, ҷавоне, ки пас аз рӯзҳои сахти беморӣ боз орзуҳои худро зинда месозад.
Ҳамин тавр, таърихи омосшиносии вилояти Хатлон таърихи мубориза, матонат ва пирӯзии табибон бар беморист. Ин роҳест, ки аз вагонҳои кӯҳна оғоз шуда, имрӯз ба толорҳои муосири ҷарроҳӣ расидааст — роҳе, ки дар ҳар қадами он меҳри инсон, заҳмати табиб ва ғамхории давлат эҳсос мегардад.
Сайраҳмон НАЗРИЕВ,
ш. Бохтар, “Даво”



